5- уми октябр- Рӯзи забони давлатӣ

Октябрь 2, 2015 04:18

Душанбе, 02.10.2015. (АМИТ «Ховар»).-   Рӯзи забон яке аз падидаҳои мубораки даврони истиқлолият буда, мисли дигар суннатҳои бостонии миллии мо ҳар сол 5- уми октябр дар саросари кишварамон мутантан  ҷашн гирифта мешавад ва барои  мардуми Тоҷикистон азизу мӯътабар аст. 
Барои гузаштагони мо ифтихор аз Ватан ва забон ҳамеша ангезандаи эҳсоси олӣ буда, дар ҳама давру замон аз ҷумлаи мафҳумҳои муқаддастарин арзёбӣ гардидаанд. Беҳуда нест, ки Яъқуби Лайс ба шоире, ки ба забони бегона ӯро васф карда буд, гуфт: «Чизе ки ман андар наёбам, чаро бояд гуфт?». Бо ташаббуси ин марди ватанпарвар шеър гуфтан ба забони модарии мо оғоз гардид ва қофиласолори адабиёти классикии тоҷику форс Абӯабдуллои Рӯдакӣ низ аз ин сарзамин бархост.
Забон ҳанӯз дар набардҳои таърих яке аз майдонҳои истиқлолхоҳиву ватанпарастӣ буда, дар қатори диловарони ин майдони озодихоҳӣ гурӯҳи нафарони огоҳ ва дурандеш, хонаводаи Сомониён иродаи матинро бо тадбиру хирад  омезиш дода, давлати неруманд ва мутамаркази миллиро аз андеша ба воқеият табдил доданд.

Октябрь 2, 2015 04:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон ҳамоиши идона доир шуд