Ахбори Прокуратураи генералӣ вобаста ба ташкилоти террористӣ-экстремистӣ эътироф шудани ҲНИТ ва қатъ гардидани фаъолияти он

Октябрь 6, 2015 03:44

Душанбе, 06.10.2015 (АМИТ «Ховар»).-Қувват гирифтани ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ, ки аз номи дини Ислом амал карда, номи ин дини мубинро чун воситаи расидан ба мақсадҳои нопоки худ истифода мебаранд, бешак, барои тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ хатари ҷиддӣ эҷод намудааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таъкид намудани ин раванди пурхатар чунин изҳор намуд: «Воқеан дини мубини Ислом сарчашмаи адаб, махзани бузурги панду насиҳат ва тарғиби некиву накўкорист. Бинобар ин, ҳар яки мо бояд бо арҷ гузоштан ба ин арзишҳо бо илму фарҳанг, ҷавонмардиву саховатмандӣ ва ахлоқи ҳамидаи худ намунаи ибрат бошем. Ва барои эъмори як ҷомеаи пешрафтаи солим саъю талош намоем. Хусусан дар шароити торафт тезутунд гардидани раванди ҷаҳонишавӣ, ки баъзе қувваҳои носолим дини мубини Исломро ҳамчун воситаи ангезишҳои сиёсӣ ва барои амалӣ намудани манфиатҳои гурўҳӣ истифода мебаранд, моро зарур аст, ки зиракиву ҳушёриро аз даст надиҳем». 
Мутобиқи моддаҳои 8 ва 28-и Конститутсияи (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ дар доираи Конститутсия ва қонунҳо таъсис меёбанд ва амал мекунанд.  Таъсис ва  фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсие,  ки нажодпарастӣ,  миллатгароӣ,  хусумат,  бадбинии иҷтимоӣ ва  мазҳабиро тарғиб   мекунанд ва  ё  барои  бо  зўрӣ сарнагун  кардани  сохтори конститутсионӣ ва ташкили гурўҳҳои  мусаллаҳ даъват  менамоянд,  манъ аст.
Яке аз ҳизбҳо, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4-уми декабри соли 1991 ташкил шуда, фаъолият менамуд, Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт.
Танҳо дар 5 соли охир 45 нафар аъзои ин ҳизб ҷиноятҳои гуногуни вазнин ва махсусан вазнин содир намуда, нисбат ба 34 нафари онҳо қарорҳои ниҳоии судӣ қабул гардидаанд. 23 нафар аъзои Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, аз ҷумла аъзои Раёсати Олии он бинобар даст доштан дар содир намудани ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд.  
Маҳз пешбурди чунин фаъолият нуфузи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистонро дар назди аъзои он низ коста гардонид ва шумораи зиёди аъзои он сафи ҳизбро тарк намуданд ва дар аксари минтақаҳои  ҷумҳурӣ ячейкаҳои ибтидоии онҳо, бинобар надоштани аъзо, барҳам хўрданд. 
Бо содир намудани ин амалҳои нангин Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон на танҳо ҳуқуқи мавҷудияти худро аз даст дод, балки инчунин бо фаъолияти террористӣ-экстремистии худ барои мардум ва ҷомеа сарчашмаи хатар ва ихтилоф низ гардид. 
Баҳри бартараф намудани қонуншиканиҳое, ки дар фаъолияти Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ҷой доштанд,  дар давоми солҳои 2014 ва 2015 ба унвони ҳизб аз ҷониби Вазорати адлияи ҷумҳурӣ чандин маротиба огоҳиномаҳо ирсол шуданд, вале роҳбарияти ҳизб ин огоҳиномаҳоро сарфи назар карда, фаъолияти ғайриқонунии худро идома доданд. Бар замми ин, аъзои худро, ки ба содир намудани ҷиноятҳо ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо даст доштанд, на танҳо аз ҳизб хориҷ нанамуд, балки  дар маҷлисҳои ҳизбӣ низ муҳокима накарда, сазовори ҷазои интизомӣ низ наҳисобид, ки ин ифодаи дастгирӣ кардани онҳо аз тарафи роҳбарияти ҳизб буд. 
Аз ин рў, аз ҷониби Прокуратураи генералии мамлакат ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси ташкилоти террористӣ-экстремистӣ эътироф кардани Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, қатъ кардани фаъолияти ин ҳизб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун шахси ҳуқуқӣ барҳам додани он, қатъ кардани нашри рўзномаи Наҷот, ки нашрияи ин ҳизб буд, бастани вебсайтҳои интернетии он, манъ кардани воридот, паҳн намудани аудио ва видеосабтҳо, рўзномаю адабиёт ва варақаҳои ин ҳизб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ариза пешниҳод карда шуд ва он аз ҷониби Суди Олӣ баррасӣ гардид. 
Бо Ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми сентябри соли ҷорӣ аризаи Прокурори генералӣ қонеъ карда шуда,  Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ташкилоти террористӣ-экстремистӣ эътироф гардид ва фаъолияташ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъ карда шуда, он ҳамчун шахси ҳуқуқӣ барҳам дода шуд. Нашри рўзномаи Наҷот қатъ ва вебсайтҳои интернетии он баста шуд, ҳамчунин воридот, паҳн намудани аудио ва видеосабтҳо, рўзномаю адабиёт ва варақаҳои ин ҳизб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шуд.
Қобили зикр аст, ки оид ба амалҳои ғайриқонунии роҳбарият ва аъзои Раёсати Олии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, инчунин Абдуҳалим Назарзода ва дигар аъзои гурўҳи муташаккили ў дар Прокуратураи генералӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиши он идома дорад. Тафтишот муайян намудааст, ки роҳбарон ва аъзои Раёсати Олии ҳизб дар асоси маслиҳати пешакӣ бо собиқ муовини вазири мудофиаи ҷумҳурӣ Абдуҳалим Назарзода якчанд гурўҳҳои ҷинояткори аз 10 то 40 нафара созмон дода, мақсад доштаанд, ки ба объектҳои муҳими сиёсӣ ва давлатӣ ҳуҷумҳои мусаллаҳона анҷом дода, ҳокимияти давлатиро дар Тоҷикистон ғасб намоянд. Нақшаҳои тарҳрезишудаи ҳуҷуми ин гурўҳҳои ҷинояткор ҳангоми тафтиши парвандаи ҷиноятӣ аз утоқҳои кории муовинони раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон Умаралӣ Ҳисайнов ва Маҳмадалӣ Ҳаитов, воқеъ дар суроғаи шаҳри Душанбе, кўчаи Борбад хонаи №1 ёфта гирифта шуданд. Инчунин ҳангоми кофтукови утоқҳои кории бинои марказии ҳизб зиёда аз 30 варақаи ҳизб, ки хусусияти даъвати оммавиро барои ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ ва террористӣ доро мебошад, дарёфт шуд.  
Амалҳои ғайриқонунии ин гурўҳи муташаккили ҷинояткор боиси ҳалокати 14 корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва маҷрўҳ гардидани 12 нафари дигар шуданд.  
Айни ҳол 23 роҳбар ва аъзои Раёсати Олии ҳизб, ки дар содир намудани ҷиноятҳо даст доштанд ва шумораи муайяни аъзои гурўҳи муташаккили Абдуҳалим Назарзода ба ҳабс гирифта шуда, нисбат ба онҳо ва нафарони дигар, ки мақсади ғасб намудани ҳокимиятро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доштанд, бо моддаҳои 179-терроризм, 187 ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ), 189-барангехтани   кинаю  адовати  миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ, 306-бо зўроварӣ ғасб намудани ҳокимият ё бо зўроварӣ нигоҳ доштани ҳокимият, 307- даъвати оммавӣ барои бо роҳи зўроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии  Тоҷикистон, 313 -исёни мусаллаҳона ва дигар моддаҳои дахлдори Кодекси ҷиноятӣ парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиш идома дорад. Аз натиҷаи тафтиш қарори қонунӣ қабул карда мешавад.
Қобили қайд аст, ки мутобиқи моддаи 20 Конститутсияи (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 13-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон қонуне, ки баъд аз содир шудани рафтори ғайриқонунии шахс қабул шудааст ва он ҷазои шахсро вазнин мекунад, қувваи  бозгашт  надорад. 
Аз ин рў, террористӣ-экстремистӣ эътироф намудани ҳизб ва қатъ намудани фаъолияти он боиси ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани аъзои қатории ҳизб намешавад, агар онҳо ҷиноятҳои дигар содир накарда бошанд. Вале агар онҳо дар оянда низ фаъолияти ҳизбии худро идома дода, ақидаҳои Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистонро тарғибу ташвиқ кунанд ва дар фаъолияти ҳизби манъкардашуда ба ҳар навъе ки набошад, иштирок намоянд, мутобиқи қонун барои иштирок дар иттиҳоди экстремистӣ-террористӣ ва ташкили фаъолияти он бо моддаҳои дахлдори Кодекси ҷиноятӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд. 
Ҳанўз мутафаккири Рими қадим Сисерон гуфта буд: Агар хоҳӣ озод бошӣ, ғуломи қонун бош. 
Озодӣ он вақт бехатар ва манфиатбахш аст, ки дар ҷомеа ҳама Конститутсияи мамлакат ва қонунҳоро  риоя кунанд, арзишҳои миллиро пос доранд, дар ҳифзи манфиатҳои давлату миллат ҳушёру зирак бошанд ва ба ҳама гуна зуҳуроти носолими ҷомеа, аз ҷумла терроризм ва экстремизм оштинопазир бошанд.  

Прокуратураи генералии 
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 6, 2015 03:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Женева дастовардҳои Тоҷикистон дар соҳаи роҳу нақлиёт муаррифӣ шуд
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 14 феврал дар Вазорати молия, Кумитаи рушди сайёҳӣ, Прокуратураи генералӣ ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Симпозиуми байналмилалии авиатсияи гражданӣ дар Амороти Муттаҳидаи Араб
Дар соҳаҳои кишоварзӣ, сохтмон, саноат ва савдои шаҳри Ҳисор беш аз 5,4 ҳазор ҷойи нави кор таъсис ёфтааст
Онлайн-хизматрасонӣ: чӣ тавр метавон масъалаи мобилиро дар якуним дақиқа ҳал намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати адлия, Кумитаи андоз ва Суди Олӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
13 феврал дар Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати адлия, Кумитаи андоз ва Суди Олӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Агентии омор, Бонки миллӣ, Палатаи ҳисоб ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Кишоварзони Ҳисор беш аз 11,3 ҳазор тонна мева ва хушкмева содирот намуданд
Дар ҳавзаи интихоботии якмандатаи Шоҳмансур №3 ташвиқоти пешазинтихоботии номзадҳо доир гардид