Академияи илмҳо: аз даврони шӯравӣ то замони истиқлолият. Ояндаи Тоҷикистон чӣ гуна аст?

Октябрь 30, 2015 03:48

Суҳбати хабарнигори АМИТ «Ховар» бо Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ.

АМИТ «Ховар»: Биёед суҳбатро аз мафҳуми илм оғоз кунем, ки илм чиро ифода мекунад, ба чӣ такя мекунад, аз кадом роҳу усулҳо кор мебарад, агар гуфтан мумкин бошад, илм чӣ истеҳcол мекунад, маҳсулоти ниҳоии он чӣ буда, ба кадом самт ва ба кадом ҳадафҳо равона шудааст. Тавре мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, вақтҳои охир баъзе кӯшишҳо барои камнур нишон додани нақши илм дар ҷомеа ба назар мерасанд.

Фарҳод Раҳимӣ: Таърифи ягонае, ки бояд ба худи илм дода шавад, таърифи ягонае, ки пурра бошад ва таърифе, ки тамоми ҷабҳаҳои омӯзиши илмро дар бар гирад, то ҳол вуҷуд надорад. Дар умум, мо гуфта метавонем, ки илм ин маҷмӯи донишҳои инсонӣ аст, ки барои омӯхтани асрори табиат бо мақсади ба ҳаёти инсонӣ сафарбар кардани онҳо ба вуҷуд омадааст.

Роҳи пурпечутоби илми ҷаҳонӣ

Илм таърихи дурудароз дорад. Аз замоне, ки инсон – одами бошуур пайдо шуд, ӯ ба ҳама ҳодисаҳои табиат бо як тарзи баҳодиҳии худаш машғул мешуд ва ба саволҳое ҷавоб меҷуст, ки чӣ гуна шаб мешавад, барои чӣ рӯз мешавад, офтоб аз куҷо мебарояд. Бориши барфу борон, омадани селу обхезиҳо саволҳое буданд, ки инсони нахустин дар пайи ҷустани ҷавоб ба онҳо буд. Хулоса, ҳамаи ин ҳодисаҳои табиат инсонро водор мекарданд, ки фикр кунад. Аввалин тадқиқоте, ки бисёр хурд буданд, ҳамчун назарияҳои илмӣ буданд, аз мушоҳида пайдо шуданд. Яъне, яке аз василаҳои илм мушоҳида мебошад. Одамон пештар ба ин ё он ҳодиса дар заминаи мушоҳидаҳо баҳо дода, ба вуқӯъ омадани ин ё он ҳодисаҳоро пешбинӣ мекарданд. Инҳо тасаввуроти оддитарин буданд ва маҷмӯи мушоҳидаҳо ба як шаклу қолаб даромада, дар заминаи онҳо хулосабарориҳои мантиқӣ пайдо мешуданд, ки аллакай дар худ як қонуниятро тасвир мекарданд. Масалан, мардум дар даврони қадим солшумориро аз рӯи дарёи Нил муайян мекарданд, ки ин дарё ба сокинони соҳили дарёи Нил чӣ гуна муносибат мекард. Ҳар гоҳе дарёи Нил боло мерафт, мегуфтанд, ки як сол сипарӣ шуд. Яъне, болошавии сатҳи оби дарё ва пастшавии он як сол ҳисоб мешуд. 

Илм+ истеҳсолот= рушди ҷомеаи инсонӣ

Албатта, илми имрӯза аз илми давраи қадим фарқи калон дорад. Илм имрӯз шохаҳои зиёдро касб карда, ба ҳаёти ҳар як шахс ворид шудааст. Илм имрӯз шуури ҷамъиятӣ, як қисме аз фарҳанги маънавии инсонҳост. Илм имрӯз қувваи истеҳсолкунанда, воситаву василаи такмил ва такон додани ҳаёти инсонҳо аст. Воситаи таъмин кардан ва зинда мондани инсонҳо дар асри 21 илм аст.
Воқеан ҳам имрӯз дар ҷомеаи мо мафҳуми илм, ҷаҳонбинии илмӣ, назарияҳои илмӣ то андозае аз маркази диққат дур шудаанд.  Бояд гуфт, худи инқилобҳои илмӣ, тавре ки таърих шоҳид аст, ба сахтиву ба мушкилиҳо дар ҳаёт татбиқ шудаанд, аз ҷумла дар замони Юнони қадим. Баъдан он сарнавиште, ки ба сари тамаддунҳои Чину Ҳинду дигарон омаданд, далели ин гуфтаҳост. Танҳо пас аз он, ки дар охири асри 18 – ибтидои асри 19 заводу фабрикаҳои истеҳсолӣ пайдо шуданд, ба илм таваҷҷуҳ бештару беҳтар гардид, асри 20-умро асри илму техника номиданд, асри 21-умро асри технологияҳои абарқудрат ва абарҷузъӣ ном мебаранд. Яъне, бо пайдо шудани мошинҳои электронии ҳисоббарор, компютерҳо, технологияҳои абарқудрат пайдо шуданд, ки метавонанд зиндагии инсонҳоро садҳо, ҳазорон маротиба сабук карда, вазифаҳоеро иҷро кунанд, ки инсон ба иҷрои он қодир нест. Гарчанде илм маҳсули инсонӣ аст, аммо он хеле пеш рафтааст. Ягон соҳаи ҳаёти инсонро бе дастоварди илм тасаввур кардан намешавад.

Аз 1 млрд то 6,5 млрд зиёд шудани аҳолӣ

АМИТ «Ховар»: Яъне, гуфтан мумкин аст, ки илм мақоми худро ҳамчун созандаи тафаккуру ҷаҳонбинӣ нигоҳ доштааст?  

Фарҳод Раҳимӣ: Имрӯз дар кураи замин теъдоди аҳолӣ зиёд шудааст. То асри 18 тарзи ҳаёти инсонӣ якранг буд, бо юғу омоч ва ё коркарди дастӣ мардум шикам сер мекарданд, либос мепӯшиданд, рафтуомаду муносибату тиҷорат мекарданд. Дар давоми ду садсолаи охир ҳаёти инсонӣ ба куллӣ тағйир ёфт. Илми тиб пеш рафт, технология инкишоф ёфт, техника пайдо шуда, масофа аз байн рафт.  Имрӯз тавассути моҳвора масофа дигар дар байн нест, инсон метавонад дар муддати кӯтоҳ аз як гӯшаи сайёра ба дигар гӯшаи он худро расонад ва ё ба таври мустақим аз як гӯшаи сайёра бо гӯшаи дигари он алоқаву робита дошта бошад. Ин ҳама дастовардҳои илмӣ-техникӣ ба он оварда расонид, ки синни умри инсонҳо дароз шуд, ҳамчунин миқдори аҳолӣ низ зиёд гардид. Дар ду садсолаи охир теъдоди инсоният аз 1 млрд. ба 6,5 млрд. зиёд шуд ва мувофиқи ҳисобҳои пешакӣ, то охири асри 21 теъдоди аҳолӣ ба 10 млрд. мерасад. Ҳар қадаре, ки аҳолии курраи замин зиёд шавад, ҳамон қадар мушкилот дар назди мардуми сайёра зиёд мешавад. Ин мушкилот – мушкилоти ҷангу сулҳ аст, мушкилоти экологӣ аст, мушкилоти партовҳои химиявӣ ба атмосфераи замин, мушкилоти тағйирёбии иқлими курраи замин, кам шудани маводи хӯрокворӣ ва м.и. мебошанд. Дар чунин маврид назди илм вазифаҳои дучанду сечанд мураккабу мушкил гузошта мешавад. 

Илм аз коинот ба галактика қадам мегузорад

АМИТ «Ховар»: Бигӯед, ки илм пешқадам аст ё дин?

Фарҳод Раҳимӣ: Илм ҳамеша пешқадам буд, ҳаст ва мемонад.  Аммо бо он маблағгузорие, ки сад-дусад сол пеш, ҳатто чанд сол пеш дар соҳаи илм карда мешуд, бо он маблағгузорӣ ба муваффақиятҳо ноил шудан ғайриимкон аст, чунки имрӯз илм аллакай ба умқи зарра ворид шуд, пештар агар сухан дар бораи ҳодисаҳои атомӣ, молекулавӣ мерафт, ҳоло сухан дар бораи ҳодисаҳои дохилиядроӣ ё ин ки нанасохтор меравад. Илм аллакай ба нанасохтори модда ворид шуд. Пештар сухан танҳо дар бораи омӯзиши ҷирмҳои наздизаминӣ, офтобу дигар сайёраҳо мерафт, имрӯз илм аз системаи сайёравӣ берун рафта истодааст. Имкон дорад аз системаи офтобӣ берун, галактикаи дигарро мушоҳида кунад. Ҳамаи ин, албатта, талаб мекунад, ки дастгоҳҳои боз ҳам муҷаҳҳазтару боиқтидортар сохта шаванд ва дар ин роҳ кӯшишҳо ҳастанд. Бо ҳамин бори дигар таъкид мекунам, ки илм ҳамеша барои инсонҳо ва барои осон кардани зиндагии инсонҳо, барои кушодани асрори табиат равона шудааст, ки онҳоро омӯзад ва барои манфиати инсонҳо истифода барад. Вазифаи илм ҳамин аст.

Олимӣ касб набуд

Чун дар бораи илм гуфтем, бояд зикр кунам, ки мафҳуми пайвандгари илм – олим аст. Олимӣ то 200 сол пеш касб набуд. Олимӣ ҳамчун касб танҳо дар асри 20 — 21 шакл гирифт. Шахсони алоҳида дар баъзе донишгоҳҳо ба кори илмӣ машғул мешуданд, аммо аз рӯи кори олимӣ маош намегирифтанд. Олим ягон кашфиёте ё дастоварде мекард, аммо он касб шинохта намешуд. Имрӯз дар ҷаҳон миллионҳо нафар одамон аз олимӣ ҳамчун аз рӯи касби алоҳида маош мегиранд ва рӯзи худро мегузаронанд. Ин нафарони касби олимиро интихобкарда, ба ҳалли масъалаҳои мушаххас машғуланд. 
 
АМИТ «Ховар»: Дар идомаи мавзӯи илму олим чанд сухан дар бораи Академия, Академияи илмҳо ва таърихи Академияи илмҳои Тоҷикистон бигӯед…

Фарҳод Раҳимӣ: Академияи илмҳо дар шаклҳои гуногун дар ҳама давру замонҳо будааст. Дар замони Сомониён ҳам олимонро дар як муассисаи махсус тарҳрезишуда ҷамъ мекарданд. Аммо ба шакли расмӣ мавҷудияти Академия ҳамчун муассисае, ки дар он ҳам таълим, ҳам тарбияи кадр ва ҳам пешбурди корҳои илмӣ-тадқиқотӣ бошад, таҷрибаи Олмон аст. Олмон бо таъсис додани донишгоҳҳо нахустин шуда, Академияро созмон додааст. Соли 1701 ин таҷриба аз Олмон ба Русия ворид мешавад: бо ташаббуси Пётри кабир нахустин Академия дар Русия таъсис дода мешавад. Он замон, 300 сол пеш, Академияи илмҳои Русияи подшоҳӣ аз муассисаи томактабӣ, муассисаи таълимоти умумӣ ва Донишгоҳ иборат буд. Яъне, он нафаронеро, ки ба илм ҷалб мешуданд, аз кӯдакӣ тарбия дода, дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ онҳоро тайёр мекарданд, сипас дар донишгоҳҳо дарс мехононданд. Ин тартиб то замони шӯравӣ идома ёфт. Солҳои 30-юм дар Иттиҳоди Шӯравӣ маъракаи саноаткунонӣ оғоз ёфт ва бо тақозои замон, ба сохтори Академия низ тағйирот ворид шуд. 

Даврони шӯравии Академияи илмҳои Тоҷикистон

Роҳбарияти шӯравӣ Академияро аз донишгоҳҳо ва донишкадаҳои таълимӣ ҷудо карда, ба кормандони он супориш доданд, ки танҳо ба кори пажуҳишӣ ва илмӣ-тадқиқотӣ машғул шаванд. Дигар дар Академия муассисаҳои таълимӣ набуданд, балки олимонро ҷамъ карда, супориш доданд, ки танҳо ба корҳои илмӣ дар соҳаҳое, ки ба саноатикунонӣ зарур буданд, машғул шаванд. 

Аз соли 1932 филиали баъзе аз институтҳои илмӣ-тадқиқотии Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон ба фаъолият шурӯъ карданд. Аз сабаби он ки Тоҷикистон дар минтақаи кӯҳӣ қарор дошт ва ҳамчунин ҷумҳурӣ дорои сарватҳои табиии зиёд мебошад, тадқиқоти нахустин зери назорати Академияи илмҳои шӯравӣ дар соҳаи геодезия, геология, сейсмология шурӯъ шуданд. Баъдан хулосагирӣ шуд, ки дар ҳар як ҷумҳурии шӯравӣ-сотсиалистӣ Академияи илмҳо таъсис дода шавад ва ҳамин тавр дар Тоҷикистон Академияи илмҳо таъсис дода шуд. 

Имрӯз Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 шуъба иборат аст: шуъбаи илмҳои физика, математика, химия, техникӣ, шуъбаи илмҳои биологӣ, тиб ва шуъбаи илмҳои ҷомеашиносӣ, яъне дар се самти асосӣ тадқиқот анҷом дода мешаванд. Дар ин се самт 24 муассисаи илмии Академия фаъолият мебаранд. Ҳар яке аз ин муассисаҳо масъалаҳои мушаххасро, ки пеши онҳо гузошта шудаанд, ҳал мекунанд. Дар Академияи илмҳо зиёда аз ду ҳазор олимон ба пажӯҳиш машғул буда, дар тамоми гӯшаҳои Тоҷикистон пойгоҳҳои илмии Академия фаъолият мекунанд. Чунончӣ, марказҳои илмӣ дар шаҳрҳои Хуҷанд, Кӯлоб, Хоруғ, ҳамчунин дар Помири шарқӣ ва кӯҳҳои Варзоб мавҷуданд. Академияи илмҳо ба тадқиқи масъалаҳои бунёдӣ машғул мебошад ва бевосита ба Ҳукумати мамлакат ҳисобот медиҳад.

Иштибоҳи бузург

АМИТ «Ховар»: Вақте шуморо хамчун президенти Академияи илмҳо таъйин намуданд, назди шумо кадом супоришҳои мушаххас гузошта шуданд?

Фарҳод Раҳимӣ: Пеш аз ҷавоб гуфтан ба ин савол мехоҳам як ҳолатро таъкид намоям. Новобаста аз мушкилоти молиявӣ-пулӣ, идома ёфтани ҷанги шаҳрвандӣ дар давоми солҳои 1992-1997, маҳз бо шарофати сиёсати дурандешонаи Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохтори Академияи илмҳо дар Тоҷикистон нигоҳ дошта шуд. Барои чӣ ин нуктаро таъкид кардам? Чунки баъзе аз ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ бо даст ёфтан ба истиқлолият ё аз рӯи нофаҳмӣ ё дигар сабабҳо аз Академияи илмҳо даст кашида, фаъолияти онро маҳдуд ва дар баъзе кишварҳо қатъ карданд. Танҳо бо гузашти 2 даҳсола дарк карда шуд, ки бастани Академияи илмҳо иштибоҳи бузург будааст. 

Чаро Чин пешқадам аст?

Дар мисоли кишварҳои пешрафта нафъовар будани Академияро метавон дар мисоли Чин ва Фаронса исбот кард. Тамоми дастовардҳои иқтисодӣ-молиявии ин кишварҳо маҳз аз фаъолияти Академияи илмҳо сарчашма мегирад. Дар кишвари Чин ду Академия фаъолият мекунад: Академияи илмҳои табиатшиносӣ ва Академияи илмҳои гуманитарӣ. Тамоми он дастовардҳое, ки имрӯз дар Чин аст, аз коркарди олимони Академияи илмҳо шурӯъ шудаанд.

Академияи илмҳои табиатшиносии Чин дорои зиёда аз 150 пажӯҳишгоҳи илмӣ ва зиёда аз 500 ҳазор коргар мебошад. Дар Академияи мазкур зиёда аз 500 корхонаи хурди илмӣ-истеҳсолӣ мавҷуд мебошад, ки танҳо соли 2014 дар бозори ҷаҳонӣ дар фурӯши айфонҳо ҷойи чорумро ишғол карда, миллиардҳо доллар танҳо фоидаи софи яксолаи академия мебошад. Яъне, пайванди илм бо истеҳсолот дар ин ҷо хуб ба роҳ монда шудааст. Айнан ҳамин ҳолат дар Академияи илмҳои Фаронса мавҷуд аст, ки дар ҳамаи соҳаҳо: сиёсат, иҷтимоиёт ва иқтисодиёти мамлакаташон саҳми бевосита мегузорад.

«Академияи илмҳо даркор нест»

Бо шарофати сиёсати Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои вазнин Академияи илмҳо нигоҳ дошта шуд. Ҳол он ки дар ҳамон шабу рӯз ақидаҳое ҳам буданд, ки Академияи илмҳо баста шавад ва ё он ба сохторҳои донишгоҳҳо дода шавад. Шукр, ки ин ақидаҳо қабул нагардиданд ва Академияи илмҳо боқӣ монд. Зиёда аз ин, бо дастгирии Сарвари давлат имрӯз Академияи илмҳои мамлакат рӯ ба инкишоф овардааст. Ҳангоме ки маро Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон таъйин карданд, пеши мо вазифа гузошта шуд, ки мартабаи илм бо дастовардҳову кашфиёти нав ба нав боло бурда шавад ва дар рушди ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии Ватани маҳбуб саҳмгузор бошад.

АМИТ «Ховар»: Ҷавобан ба ин Академияи илмҳо чӣ дастоварду кашфиётро метавонад барои мамлакат пешниҳод кунад?

Фарҳод Раҳимӣ: Саволи хуб. Академияи илмҳои ҷумҳурӣ вазифадор аст, ки тамоми он масъалаҳоеро, ки пеши олимон гузошта шудааст, ҳам дар соҳаи сиёсат, ҳам иқтисодиёту иҷтимоиёт босифат ва дар муддати кӯтоҳ иҷро намояд. 

Иқлим олами набоботи Тоҷикистонро мекӯчонад

Бояд гуфт, ки сол то сол маблағгузорӣ ба соҳаи илм зиёд шуда истодааст. Имрӯз Академияи илмҳо имконияти харидории таҷҳизот, реагенту химикатҳо ва дигар дастгоҳҳои ҷавобгӯ ба талаботи ҷаҳониро дорад. Чанд озмоишгоҳҳои дохилӣ – институтҳои пажуҳишӣ таъсис дода истодаем. Шабакаи ягонаи сейсмологӣ дар ҷумҳурӣ таъсис дода шуд, ки ба таври мустақим (on-lain) 24 соат дар шабонарӯз кор мекунад ва аз ҳамаи ҳодисаҳои вобаста ба заминларза воқиф ҳастем. Ғайр аз ин олимони соҳаи физикаи АИ дар ҳалли 15 мавзӯъ ва масъалаҳои физикӣ тадқиқотро пеш бурда, ба коркарди технологияҳои нав машғул ҳастанд. Олимони химики АИ бо коркарди ашёи маҳаллӣ бо роҳи синтези маҳсулоти гуногун барои ба даст овардани маҳсулоти нав тадқиқот бурда истодаанд. Олимони математик дар роҳи моделсозӣ, ҳалли масъалаҳои математикӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ дастовардҳо доранд ва дар симпозиуму конфронсҳои байналмилалӣ фаъолона ва бо дастовардҳо иштирок мекунанд. Ҳамчунин бо ташаббуси АИ баргузор кардани симпозиуму конфронсҳои байналмилалӣ дар ҷумҳурӣ боиси болоравии обрӯву нуфуз ва эътирофи фаъолияти созандаи Академияи илмҳои мамлакат мебошад.
Дар 6 моҳи соли 2015 аз тарафи олимони Академия 100 номгӯй китоби илмӣ ба чоп расида, зиёда аз 2 ҳазор мақола дар ВАО ва нашрияҳои илмӣ-оммавӣ дарҷ шудаанд. Ин натиҷаи кори олим аст, ки тадқиқоти худро ба шакли монография, мақола ва китоб барои ҷомеа пешниҳод мекунад. Академияи илмҳо дар соли равон ба гирифтани 10 патент-шаҳодатнома дар бораи ихтирооти нав муваффақ гашт. Ҳамаи ин ихтироот дар соҳаҳои саноат ва кишоварзӣ ба кор бурда мешаванд. Олимони ботаник ва набототшинос имрӯз дар коркарди навъҳои нави пахта ва махсусан картошкаи ватанӣ дастовардҳои хуб доранд. Навъи нави картошкаи «Тоҷикистон» ва «Академия» дар ноҳияҳои минтақаи Рашт коркард мешаванд. Ин картошкаҳо навъи беҳтарин буда, ба вирус ва иқлими баландтар аз 1,5 ҳазор метр аз сатҳи баҳр тобовар мебошанд, нашъунамои хуб мегиранд ва ҳосили бисёр медиҳанд. Инчунин олимони АИ ҳалли масъалаи чӣ тавр аз як замин гирифтани ду-се ҳосили фаровонро коркард карда истодаанд.

АМИТ «Ховар»: Чун мо худро ворисони Сино медонем, дар бахши тиб чӣ муваффақиятҳо доред?

Фарҳод Раҳимӣ: Дар бахши тиб, дар соҳаи истеҳсоли доруворӣ аз гиёҳҳои шифобахши ватанӣ коркардҳо ҳастанд. Сарвари давлат дар Форуми байналмилалии соҳибкорӣ, ки чанде пеш дар пойтахти мамлакат баргузор гардид, таъкид кард, ки дар мавзеъҳои Тоҷикистон тамоми гиёҳҳои шифобахши доруворӣ мерӯянд. Аммо, мутаассифона, технологияи пешқадами коркарди ин гиёҳҳои шифобахш ва барои омма пешниҳод кардани он ҳамчун маҳсулоти ниҳоӣ мавҷуд нест. Новобаста ба ин, дар назди Академияи илмҳо Маркази махсуси инноватсионӣ таъсис дода шудааст, ки дар он омӯзиши таркиби химиявии гиёҳҳои доруворӣ, таъсири биологии онҳо ва роҳҳои тайёр кардани дорувориҳо аз гиёҳҳои шифобахши ватанӣ роҳандозӣ шудааст. Як нуктаро гуфтанӣ ҳастам, ки таркиби биологӣ ва химиявии гиёҳҳо солҳои охир тағйир ёфтаанд, ки ин ҳолат аз тағйир ёфтани иқлими курраи замин сар задааст. Махсусан дар шароити Тоҷикистон мушоҳида карда истодаем, ки тағйирёбии иқлим чӣ пайомадҳои манфӣ метавонад барои олами набототу ҳайвонот дошта бошад. Чунончӣ, мушоҳидаҳо нишон медиҳанд олами набототи Тоҷикистон аллакай, сол то сол ба минтақаҳои баландкӯҳ кӯчида истодааст, ки ин таъсири гармо мебошад. Бо ин ҷойивазкунӣ ба минтақаҳои нисбатан баландтар, таркиби химиявӣ ва биологии наботот низ дигар мешавад, зарурияти аз нав омӯхтани таркиби ин наботот ва таъсири он ба организми зинда пеш меояд. Ба ин хотир, дар Институти физикаи техникӣ ба номи Султон Умаров ва Маркази инноватсионии биологияи тиб ин ҷараёнҳо омӯхта шуда истодаанд, ки то чӣ андоза тағйирёбии иқлим ба хосиятҳои физикӣ, химиявӣ ва биологии гиёҳҳо таъсир мерасонанд ва он дар навбати худ ба организми инсон чӣ фоида ва ё зарар оварда метавонад. Мо олимон набояд аз ин ҷараён қафо монем.

Тоҷикон мардуми омада нестанд

АМИТ «Ховар»: Дар институтҳои ҷомеашиносии Академия кадом мавзӯъҳо муҳим шуморида мешаванд?

Фарҳод Раҳимӣ: Омӯзиши равандҳои муосир дар ҷомеаи имрӯзаи инсонӣ, пешгӯӣ кардани натиҷаи ин равандҳо, таъсири он ба давлату миллати мо, роҳҳои бартараф кардани хатарҳои ҷаҳонӣ аз мавзӯъҳои асосии соҳаи ҷомеашиносӣ мебошанд. Дигар мавзӯи муҳим омӯзиши таърихи халқи тоҷик мебошад. Имрӯз дар 7 минтақаи Тоҷикистон: Саразм, Панҷакенти қадим, Ҳисораки Мастчоҳ, Балҷувон, Кангуртути Темурмалик, Золи Зари Фархор экспедитсияҳои бостоншиносӣ фаъолият доранд, ки аллакай дар ин соҳа дастовардҳоро ноил шудаанд. Ин дастовардҳо аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки мо мардуми бумӣ ҳастем, аз дигар ҷо наомадаем, дорои тамаддун ва фарҳанги қадимаи шаҳрнишинӣ ҳастем, ки исботи ин суханон ҳамон шаҳрҳои бостони пайдошуда мебошанд.
Ҷаҳонбинии ташаккулёфтаи сокинон — омили нигаҳдории давлат
Олимони самти ҷомеашиносӣ бо нашр кардани мақолаҳо ва монографияҳои илмӣ дар инъикоси моҳияту ҳадафҳои сиёсати дохиливу хориҷии мамлакат ва ташаккули мафкураву ҷаҳонбинии илмии ташаккулёфтаи сокинони мамлакат саҳми арзанда ва созанда мегузоранд. Ин ҷаҳонбинии илмии ташаккулёфта бояд ба тафаккур ва донишҳои техникӣ асос гирифта бошад, зеро дар асри 21- асри техника ва технологияҳои нав он кишварҳое пешрафта мешаванд ва аз хатари нобудшавию барҳамхурӣ эмин мемонанд, ки сокинонашон бо ҷаҳонбинии илмӣ мусаллаҳ бошанд, аз техника ва технологияҳои муосир бохабар ва онро дар зиндагии худ босамар ва боақлона истифода бурда тавонанд. Яъне, илм имрӯз дар баробари таъсир расонидан ба истеҳсолот ҳамчунин барои пешбурди сиёсат низ масъул аст.

АМИТ «Ховар»: Вобаста ба ин, оид ба зиндагии иҷтимоӣ, аҳволи сиёсӣ ва вазъи иқтисодии сокинони кишварҳои минтақаи Осиё чанд сухан бигӯед.

Фарҳод Раҳимӣ: Вазъи ҷаҳони имрӯза бисёр зудтағйирёбанда аст. Мутаассифона, асри 21 асре шуд, ки ҷаҳонро бӯҳронҳои бисёр шадиду амиқи аввалан молиявӣ, баъдан сиёсӣ, фарҳангӣ ва ахлоқӣ фаро гирифт. Имрӯз, мутаассифона, баъзе кишварҳои минтақаи Осиё пурра ба ҷангҳо кашида шуданд. Ин ҳолат натиҷаи он аст, ки абарқудратҳо ба азнавтақсимкунии ҳавзаҳои сиёсӣ сар кардаанд. Мақсади асосӣ аз ин амал ба даст овардани сарватҳои табиии қораи Осиё мебошад. Меваи талхи ин кашмакашҳои абарқудратонро мардум мечашанд. Ҳоло дар кишварҳои исломӣ ҷангҳои шадид дар пояи мазҳабӣ авҷ дода шудаанд. 
Пӯшида нест, дар он кишварҳое, ки ҷангҳои шаҳрвандӣ идома доранд, бо истифода аз дину эътиқоди динӣ мардумро ба ҳам шӯронданд. Қонунияти ҷанг ҳамин аст, ки дар он аз илм, фаросат, ақл не, балки аз зӯроварию дигар ҷанбаҳои манфии ҷомеа истифода бурда мешавад. Дар кишварҳои исломӣ, азбаски ҷаҳонбинии илмӣ камтар аст, соҳаи маориф  рушди комил наёфтааст, дар пояи мазҳаб ихтилофҳои мусаллаҳона ҷорӣ шудаанд. Аз ин ҳолат абарқудратҳо барои худ фоидаҳои сиёсиву иқтисодӣ мегиранд. Сабаби он ки Афғонистон 37 сол боз дар ҳолати ҷанг қарор дорад, ин аст, ки аксарияти мардум аз мактабу саводомӯзӣ дар канор мондаанд, сокинони ин кишвар дастрасӣ ба таҳсилро надоранд. Ҳолати наздик ба ҳамин дар Ҷумҳурии исломии Покистон аст: аз 200 миллион аҳолии ин кишвар танҳо 20 фоизи он имкони дастрасӣ ба таҳсилро доранд.

АМИТ «Ховар»: Шароити иҷтимоии ин кишварҳоро чӣ гуна баҳогузорӣ метавон кард?

Фарҳод Раҳимӣ: Вақте бесаводӣ аст, шароити иҷтимоӣ беҳ буда наметавонад. Чӣ қадаре бесаводӣ зиёд бошад, ҳамон қадар вазъи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳам вазъи сиёсӣ бад мешаваду хуб не.
Дар муқоиса бо кишварҳои мусулмоннишини Осиё дар Тоҷикистон  дастрасӣ ба таҳсилоти умумӣ то 99 фоиз таъмин аст. Сарқонуни мамлакат гирифтани маълумоти умумиро ба таври ҳатмӣ кафолат додааст. Ҳамчунин ҳар як шахс ҳуқуқ ва имконият дорад, ки маълумоти олӣ аз худ карда, соҳибкасб шавад.
Шарти асосии пешрафти давлат ва миллат ин аст, ки ҷавонони мо босавод бошанд. Дар натиҷаи тадқиқоти Бонки ҷаҳонӣ, ки соли 2010 гузаронида буд, Тоҷикистон ба қатори кишварҳои пешрафта ворид гардид, ки дар он дастрасӣ ба таҳсилоти босифат дар ҷойи аввал гузошта шудааст. Воқеан ҳам дар мамлакати мо дар тӯли танҳо понздаҳ соли охир баъди пурра ба охир расидани ҷанги шаҳрвандӣ, аз тарафи ҳукумати ҷумҳурӣ зиёда аз ду ҳазор мактаби тарҳи замонавӣ ва муҷаҳҳаз бо тамоми таҷҳизоти муосиру асбобҳои хониш ба истифода дода шуданд. Ин рақамро вақте мо ба намояндагони илму маорифи кишварҳои осиёӣ, аз ҷумла, ба намояндагони собиқ ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ изҳор мекардем, онҳо бо ҳайрат онро қабул мекарданд.  
Миллату давлате, ки дар фикри таҳсили наврасону ҷавонон аст, ҳатман пешрафта мешавад. Имрӯз ҳамчунин ҳазорон ҷавонони тоҷик дар муассисаҳои таълимии бонуфузи ҷаҳонӣ таҳсили илм мекунанд. Албатта, ин ҳама аз он шаҳодат медиҳанд, ки Тоҷикистон дар роҳи дурусти рушду инкишоф қарор дорад.

Мусоҳиб Акрам Сангов

Октябрь 30, 2015 03:48

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2024 бо шарофати дастоварди варзишгарони Тоҷикистон 134 маротиба Суруди миллӣ дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ садо додааст
Дар Суғд барои дарёфти Ҷоизаи журналистони вилоят ба номи Ҳоҷӣ Содиқ озмун гузаронида мешавад
Пагоҳ дар вазоратҳои корҳои хориҷӣ, рушди иқтисод ва савдо, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, ҷамъиятҳои саҳомии кушодаи «Барқи Тоҷик», «Шабакаҳои интиқоли барқ» ва «Шабакаҳои тақсимоти барқ» нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ҲИСОББАРОБАРКУНИИ ҒАЙРИНАҚДӢ. 64 фоизи аҳолии калонсоли ноҳияи Шаҳринав дорандаи корти бонкӣ мебошанд
«Бисоз Life»: 2,5 маротиба бештар суҳбат намоед!
Имрӯз дар Тоҷикистон борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи кор бо занон ва оила, Мақомоти шаҳри Душанбе ва Комиссияи олии аттестатсионӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Вобаста ба таҳким бахшидани ҳамкории милитсия бо ҷомеа дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши маърифатӣ-ҳуқуқӣ доир гардид
Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ ҳамкориро бо Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ тақвият мебахшад
Пагоҳ дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи кор бо занон ва оила, Мақомоти шаҳри Душанбе ва Комиссияи олии аттестатсионӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар Боку таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Академияи дипломатии Озарбойҷон дар соҳаи маориф ва илм баррасӣ шуд