Ҳамоиши донишҷӯёни фаъоли Тоҷикистон
Душанбе, 28.10. 2015. (АМИТ «Ховар»). — Бо ташаббуси гурӯҳи ҷавонони фаъоли ҷумҳурӣ дар шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дирӯз, 27 октябр ҳамоиши донишҷӯёни донишгоҳҳои пойтахт баргузор гардид. Бино ба гуфтаи яке аз ташаббускорони ин ҳамоиш донишҷӯи соли чоруми факултаи муносибатҳои байналмилалӣ Аслиддин Хушвахтов, дар ин рӯз ҷавонон муроҷиатномаҳо қабул карда, онро дар назди ҳозирин қироат намуданд.
«Ҳадаф аз ҳамоиш- ин ба ҷомеаи ҷаҳонӣ нишон додани он, ки ҷавонони Тоҷикистон хостори сулҳу субот дар кишвар буда, намехоҳанд душманону хоинони миллат дар хориҷа номи тоҷикон ва Тоҷикистонро сиёҳ кунанд, зеро дар минбари яке аз донишгоҳҳои бонуфузи Олмон — Донишгоҳи Ҳейделберг собиқ раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон М.Кабирӣ бо дурӯғу сафсатаҳо нисбат ба Тоҷикистон баромад кардааст ва имкон аст, ки мардуми Аврупо ин сафсатаҳоро ҳамчун ҳақиқат пиндоранд. М.Кабирӣ мехоҳад бо дурӯғу бӯҳтонҳои худ ва тарғиботи ғаразнок ҳамаро гумроҳ намояд. Мо ба Ҳукумати Олмон, Амрико ва Парлумони Аврупо муроҷиат карда гуфтанием, ки онҳо набояд нафареро, ки ҳамчун террористу эстремист эълон гаштаасту қасди барҳам задани суботу оромии як кишвари демократиро дошт, дар кишварҳои Аврупо ҷой диҳанд»,-иброз дошт мусоҳиб.
Дар ҳамоиш зиёда аз 300 донишҷӯй иштирок намуданд. Инчунин донишҷӯёни фаъол вобаста ба воқеаҳои 3-4 сентябр рухдода сухан гуфтанд. Бино ба гуфтаи иштирокдорони ҳамоиш ҷавонон набояд дар чунин мавридҳо бетараф бошанд, зеро ояндаи миллат ва сулҳу субот аз ҷавонони бонангу номус вобаста аст.
«Имрӯз мо ҳамаи муроҷиатномаҳои ҷавононро бо беш аз 200 имзо ба ҷойҳои зарурӣ ирсол хоҳем кард. Мо интизори ҷавоб мешавем ва агар ягон посух нагирем, омода ҳастем боз дар оянда муроҷиат кунем»,-изҳор дошт А.Хушвахтов.








«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






