Ҳамраъйии Русия ва Тоҷикистон дар мубориза бар зидди терроризм

Октябрь 16, 2015 02:40

Душанбе, 16.10.15. (АМИТ «Ховар»).  Проблемаи иштироки  шаҳрвандон  дар  сафҳои  дастаҳои ҷангиёни «Давлати исломӣ»  ба бисёр  давлатҳо дахл дошта бошад  ҳам,  вале  имрӯз аз ҷумлаи  кишварҳои  аъзои  ИДМ  ва  СААД маҳз  Русия  ва  Тоҷикистон  муборизони  фаъолтарини  зидди  терроризм  ба шумор  мераванд. Яке  аз  хавфу  хатарҳои асосӣ ба амнияти  минтақаҳо  ва  ҷаҳон  аз «Давлати  исломӣ» сар  мезанад. Ин созмони фарогири террористӣ ҳудудҳои  истилокардаашро хилофат эълон  намуда, кӯшиш  мекунад, ки заминҳои  тасарруфкардаашро  васеъ  намояд. Террористонро  ҳам   Русия  ва  ҳам Тоҷикистон  ба  худию  бегона  тақсим  намекунанд. Мақсад  аз  мубориза, аз ҷумла он  аст, ки  сарбозони  давлатҳои  мазкур, яъне 2400  нафар  русиягиҳо  ва  беш  аз 600 нафар  тоҷикистониён  ба  ҳайси истилогарони  мусаллаҳ  ва интиқолдиҳандагони ғояҳои  ифротгароӣ  ба  ватан  барнагарданд. Муборизаи зарбавии авиатсия, қувваҳои  кайҳонӣ ва  флоти  баҳрии  Русия бо «ДИ» дар  Сурия  барои  Маскав маънои  масъалаи  амнияти  миллиро  дорад.  Ин  барои Тоҷикистон  ҳам  маънои  масъалаи  амнияти  миллиро  дорад  муқовимат  ба  ҳар гуна   зуҳуроти террористӣ ҳангоми  сар  задани  хатар аз  дохил, чунонки  воқеаҳои ба  қарибӣ рухдода бо  кӯшиши табаддулоти  мусаллаҳонаи давлатӣ  аз ҷониби  исломгароёни  маҳаллӣ ва аз  қаламрави  Афғонистони  ҳамсоя. Дар  ин  ҷо,  дар  қаламрави  наздик ба  Русия, амалиёти  ҳарбӣ вусъат  ёфта, толибон  дар  вилояти Афғонистони  шимолӣ, дар  назди   сарҳади  Тоҷикистон ба ҳамлаи танзимшуда шурӯъ  карданд. Террористон  метавонанд  аз ин  такягоҳ ба Тоҷикистон  ворид  шаванд. Муборизаи  толибон   бо қувваҳои  ҳукуматӣ барои    ишғоли Қундуз ва  Файзобод  бо муваффақияти  дуҷониба сурат  мегирад. Вақтҳои охир аз  марказҳои қаламрави  Покистон беш  аз 1600  ҷангии  мусаллаҳ  ба  ин ҷо  фиристода шуданд. Дар  байни  онҳо, баробари толибони афғонистонию покистонӣ, табааҳои миллатҳояшон мухталифи  кишварҳои Осиёи  Марказӣ  ва  Русия  меҷанганд. Вазъияти  Афғонистон рӯз  аз  рӯз бад мешавад. Амалиёти  ҳарбӣ беш  аз 60  фоизи сарҳади ҳамҳудуд  бо  ҷониби  Тоҷикистонро  фаро  гирифтааст. 
Президенти  Тоҷикистон  Эмомалӣ  Раҳмон  дар  ҷараёни сафари  кориаш  ба  Сочи зимни  мулоқот  бо Президенти  Русия  Владимир  Путин  масоили  марбут ба вазъи минтақа  ва  густариши  ҳамкории Тоҷикистону  Русияро  муҳокима  намуд. Сарвари  Тоҷикистон  қайд  намуд, ки  вазъияти  босуръат тағйирёбандаи   ҷаҳон  дар  минтақа  ҳам ҳамкории  судмандро тақозо  мекунад. Ҷонибҳо  ҳамчунин  масоили давом  додани ҳамкории ҳарбию  техникӣ ва  таҳкими   сарҳади  Тоҷикистону  Афғонистонро, ки  амнияти  он  дар радифи  масъулияти  СААД  қарор  дорад, муҳокима  намуданд. 
Тоҷикистону  Русияро  он  чиз  ба  ҳам  наздик  мекунад, ки  ин  кишварҳо   дар  вазъияти  имрӯза  ҳамкорӣ намуда,  иштироки  худро  дар  мубориза бо   терроризми байналмилалӣ, ки ба  манофеи   давлатиашон  мустақиман  таҳдид  менамояд,  густариш  дода,  ба вазъияту   амнияти  минтақа  ҳар чи  бештар  таъсири  мусбат  мерасонанд.
Ҳамраъйии  Русия  ва  Тоҷикистон  дар  он  аст, ки  роҳбарони онҳо   аз  минбари олии Маҷмааи Умумии  СММ   ҷомеаи  ҷаҳонро бори  дигар даъват  намуда, омодагии  худро  ба  иштироки  фаъолона  дар  мубориза бар зидди терроризм  иброз  доштанд. Қувваи  Маскаву  Душанбе  дар  он  аст, ки  онҳо хилофи фикру  эътирозҳои  қувваҳои  тахрибовар, ки  кӯшиш  мекунанд  фаъолияти  қонунии  онҳоро  маҳдуд  созанду интиқод  кунанд,  ба  нафъи  амният  ва фикри  солим  амал  мекунанд. Масалан,  баъди  оғози амалиёти  қувваҳои  ҳарбии кайҳонии  ФР  дар  Сурия ВАО-и ҷаҳон маъракаи шадиди зидди  Русияро  оғоз  намуд. Ҳукуматдорони  Тоҷикистон, ки амалиёти  махсусро  барои аз  байн  бурдани  гурӯҳҳои террористие, ки  роҳбарашон   созмони ифротталабу  террористии  ҲНИТ буд,    муваффақона  анҷом  дода, чунин  вазъиятро  ҳис  карданд. Он гоҳ  васоити ахбори омма  ва намояндагони   созмонҳои  алоҳидаи байналмилалӣ   низ маъракаи  иттилоотиро  дар  бораи  ба ном  рафтори ғайриқонунӣ  нисбат ба исломгароёни  маҳаллӣ оғоз  намуданд. Ҳол он  ки ҳам  Русия  ва  ҳам  Тоҷикистон  дар  ҳарду  маврид  бо риояи  пурраи  ҳамаи  меёрҳои  аз тарафи  умум  қабулшудаи  қонунгузорӣ ва низоми  сиёсию  дипломатӣ амал  мекунанд. 
Дар  Шарқ  фақат барӯмандию  мустақилиро эҳтиром  доранд. Имрӯз  Русия  ва  Тоҷикистон дар  мубориза бар  зидди  терроризми  ҷаҳон бо  ҳам ва  ҳар  кадом  алоҳида худро  маҳз  ҳамин  хел  нишон  медиҳанд.
 
                                                                                Юрий  Макеев

 

Октябрь 16, 2015 02:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҷҳизоти нави озмоишӣ дастрас карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Филми ҳунарии «Моҳӣ дар шаст» дар кинофестивали байналмилалии «Шилингел» дар Олмон намоиш дода шуд
Тоҷикистон мизбони ҷаласаи Шурои сарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
«КИТОБХОНА — КОХИ МАЪРИФАТ». Дар шаҳри Кӯлоб ҳамоиши дӯстдорони китоб доир шуд
Дар шаҳри Панҷакент пойгоҳҳои обкашӣ барқарор карда мешаванд
Доир ба нақши забони давлатӣ дар таҳкими худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ ҳамоиш баргузор гардид
Рӯзи забони давлатӣ дар Суди Олии иқтисодӣ ботантана таҷлил карда шуд
Кишоварзони шаҳри Конибодом беш аз 12 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ менамоянд
Имрӯз дар водиҳо ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Бахшида ба рӯзи таъсиси «Телевизиони Тоҷикистон» ҳамоиши илмӣ баргузор шуд