Ҷанг зидди ДИИШ: шиор ё ҳақиқат?

Октябрь 5, 2015 06:34

Душанбе, 05.10.2015 (АМИТ «Ховар»).- Тўли чанд моҳи охир ва бахусус  ҳафтаи гузашта расонаҳои хориҷиву маҳаллӣ сарҷумлаи мақолаҳо ва таҳлилҳои худро «Вуруди қувваҳои ҳавоии Русия ба хоки Сурия» унвон карданд. Ва ҳар кадом аз ин рўзномаҳо мавзӯъро вобаста ба сиёсати пешгирифтаи худ ба шакли мухталиф таҳлилу баррасӣ менамоянд. Яке ин иқдоми Русияро таҷовуз ба ҳарими як кишвар, дигаре амри муҳим ва саривақтӣ ва севумӣ рақобати қудратҳои ҷаҳонӣ меноманд. Ва ба ақидаи бисёре аз сиёсатмадорон, бӯҳрони Сурия ва Ироқ ларзиши зилзилаеро мемонад, ки ба ҳангоми расидагӣ накардан ба қазияи он ва нагирифтани пеши роҳи ифротгароён ва бахусус, гурўҳи террористии мавсуф ба «Давлати исломӣ» мавҷи он на танҳо Сурия ва Ироқ, балки тамоми минтақаи Ховари Миёна ва моварои онро  фаро хоҳад гирифт. То кадом андоза вуруди қувваҳои Русия ба хоки Сурия таъсиргузор хоҳад буд, инро вақт нишон хоҳад дод, вале аз нигоҳи коршиносон ин амрест, ки бояд сурат мегирифт. 
Тибқи гузориши «Русия-ал-Явм» ба нақл аз як манбаи низомӣ: «Русия, Сурия, Ироқ ва Эрон тасмим гирифтаанд, ки  дар пойтахти Ироқ- шаҳри Бағдод як  маркази маълумотрасонӣ  барои мубориза бо ДИИШ бо иштироки намояндаҳои низомии ҳар чор кишвар бунёд намоянд .Ва ҳадафи ин марказ ҷамъоварии маълумот доир ба буду бош ва вазъи ифротгароён дар тамоми минтақаи Ховари миёна арзёбӣ мешавад. Ба гуфтаи коршиносон барои аз байн бурдани террор ва терроризм ҳамеша аз иттиҳод бояд кор гирифт, на аз парокандагӣ ва манфиатҷўӣ».
Доналд Тромп, номзади миллиардери Президенти Амрико аз Ҳизби ҷумҳурихоҳи Амрико муътақид аст, агар Вашингтон ва Маскав бо ҳамкории танготанг дар Сурия бо ДИИШ мубориза мекарданд, беҳтар буд. Ин номзади миллиардер изҳори тарафдорӣ аз иттиҳоди Русия ва Амрико намуда, сиёсати  Барак Обамаро ғалат унвон кард. Ба гуфтаи вай: «Президенти феълии Амрико сиёсати комилан ғалатеро дар робита бо Маскав интихоб кардааст, ки боиси муттаҳид шудани он бо Чин гаштааст». 
Вале тибқи таҳлили баъзе коршиносон, дигар фурсати муттаҳидҷўӣ гузаштааст, бояд ҳар чи бештар иқдом кард, то мардуми мазлуми ин минтақаро аз чанголи хуношомони ДИИШ раҳо созем.
Суханони иттиҳоду эътилоф ва ҳамоҳангӣ ин истилоҳоте ҳастанд, ки аллакай дар ин минтақаи оғуштаи хуни шаҳрвандони мазлум наметавонанд тарёки захми онҳо гарданд. Агар ин истилоҳот натиҷа медоданд, шояд тўли ин муддат хоки Сурия ва Ироқ аз чанголи ДИИШ пок мегардид. Вале ба чизи дигар ин ҷо  бояд ишора кард, ки оё дар ҳақиқат нафароне, ки худкори сенарияи ин оташи ҷанг дар дасти онҳост, хоҳиши нобудии ДИИШ-ро доранд?!
Пўшида нест, ки дар тўли таърих иддае кишварҳо барои расидан ба аҳдофи хеш аз ҳамаи воситаҳо истифода мекунанд, барои онҳо на миллат вуҷуд дорад, на ҳуқуқи модару кўдак ва на аслан башарият. Ва худ ин истилоҳи ҳифзи ҳуқуқ танҳо даруни нохунак ҷо дораду халос. 
Ҳоло ин кишварҳое, ки худ ДИИШ-ро ба сари қудрат овардаанд, дар як ботлоқе фурӯ рафтаанд, ки онро шояд дигар ба зудӣ ҷамъу ҷўр карда натавонанд.  Ҳамон тавре ки солҳои 80-уми асри гузашта «Толибон»-ро созмон доданд ва имрӯз ҳам худи онҳо ва ҳам дигарон намедонанд аз ин дарди сар чӣ гуна раҳоӣ ёбанд.
Пас, ҳоло ки Русия чунин тасмиме гирифтааст, ба фикри  ҷамъе аз коршиносон ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ коре аст, гарчанд ба таъхир, вале қобили қабул. Тибқи як назарсанҷӣ, ки «Маркази Левада» онро аз 8-ум то 21-уми сентябр дар миёни 46 минтақаи Русия гузаронидааст, ҳудуди 40 дар сад аз сиёсати Русия нисбат ба Сурия  истиқбол кардаанд, 11 дар сад ҷавоби манфӣ дода, 33 дарсад худро аз сиёсат ба канор нишон дода ва 17 дар сад дар ҷавоб ба ин суол ба дудилагӣ мувоҷеҳ гардидаанд.
 Тибқи ақидаи  коршиносони кишварҳои арабӣ, чунин сенарияҳо ҳосили заҳмати кашидаи чандсолаи  кишварҳои ғарбӣ  аврупоӣ унвон шуда, ҳадафашро заиф сохтани кишварҳои арабӣ меноманд, то дар оянда аз хатарҳое, ки шояд рўзе ин кишварҳо Паймони низомие ба монанди НАТО таъсис диҳанду манфиатҳои онҳоро зери суол баранд, эмин бимонанд.
Агар чунин нест, чаро бо харҷи ин қадар маблағҳои ҳангуфт то кунун барои ғарб ва ё худ эътилофи байналмилал муяссар нагардида аст, то ин вабои аср- ДИИШ-ро хунсо созанд. Вале мебинем, ки ҳоло  нуфузи онҳо то ҳадде ба баъзе манотиқи  Афғонистон низ расидааст. Тибқи оморе, ки «Costs of War»  бар он истинод дорад, дар  ҷанги 8-сола, ки қаблан Амрико анҷом дод, 2 триллион доллар харҷ кардаву натиҷа ба марги  4487 сарбоз ва 30 ҳазор шаҳрванди бегуноҳ анҷомид. Агар ҳадаф нобудии ДИИШ бошад, магар намешавад, ки ба ҳар як фармондеҳи ин зархаридони ифротӣ ду баробари он маблағ пардохт ва онҳоро бар зидди худи роҳбарияти ДИИШ ташвиқ кард?! 
Худи рӯзноманигорони ғарбӣ низ аз он изҳори тааҷҷуб мекунанд, ки чаро ғарб ба куллӣ ДИИШ-ро аз байн намебарад ва аз оморҳои парвози ҳавопаймоҳои ҷангӣ мисол оварда, онро тааҷҷубовар унвон мекунанд. Тибқи навиштаи сомонаи «Ди Сайт» Амрико дар як рўз дар ҷанги Ироқ 800 парвоз анҷом медод, бар зидди Қаззофӣ дар Ливия 50 парвоз, дар Афғонистон 85, вале барои ДИИШ, ки таърих шояд чунин ваҳшониятро надида бошад, ҳамагӣ 15 парвоз. Ва ин худ баёнгари он аст, ки зери коса нимкосае ҳаст ва саволест ҷавобаш дар назди сенаристон. Манбаъ  http://www.zeit.de/2015/23/islamischer-staat-irak-usa-zeitgeist
Хулосаи андешаҳои зидду нақизи шарқу ғарб ин аст, ки бояд роҳи наҷоте барои озод сохтани баъзе минтақаҳои ғасбгардидаи  ин кишварҳо аз ҷониби ДИИШ ёфта шавад, вале мушкилӣ дар чигунагии он аст, яке тарафдори ин ва дигаре тарафдори он яки дигар. Вале бояд коре анҷом дода шавад. Агар Русия чунин тавоне дошта бошад, пас ҳатман бояд анҷом ёбад, то мардуми мазлуми ин кишварҳо озод гарданд ва агар не, пас вазъи минтақаи Ховари миёна аз Афғонистон ба маротиб бадтар хоҳад шуд.

Октябрь 5, 2015 06:34

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд