Арҷгузорӣ ба омӯзгор ва забони давлатӣ

Октябрь 6, 2015 05:48

Душанбе, 06.10.2015. (АМИТ «Ховар»).- Бахшида ба таҷлили Рӯзи забон ва Иди муаллимон 5 октябр дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон таҳти унвони «Нақши забони давлатӣ дар таҳкими ҷомеаи миллӣ» конфронси илмию  адабӣ баргузор шуд. Тавре ки аз донишкадаи мазкур хабар доданд, ректори донишкада  Ашурбой  Солеҳзода  зикр намуд, ки забон дар ҳама давру замон  барои муаррифии миллат рукни муҳиму  муқаддас ба шумор меравад. Риояи меъёрҳои забони давлатӣ, бешак, масъулияти бевоситаи ҳар як омӯзгор ва зиёӣ буда, беолоиш нигоҳ доштани он вазифаи аввалиндараҷаи онҳо мебошад. Дар донишкада низ комиссияи доимӣ оид ба татбиқи  Қонуни ҶТ «Дар бораи  забони давлатӣ»  амал мекунад, ки корро ҷиҳати амалинамоии қонуни мазкур дуруст ба роҳ мондааст. Албатта, ҳар  нафари  дар ин ҷо нишаста муаллими аввалини худро дар хотир дорад ва маълум аст, ки инсон тӯли ҳаёт бе устод дониш гирифта наметавонад. Он донишҳое, ки дар зиндагӣ аз худ кардаем, бо заҳмату талоши муаллимон ба бор омадааст, гуфт дар охир ректор ва ба муаллимон, ки раҳнамову мураббӣ ҳастанд, дар кори пурмасъулияту бошарафашон барору комёбӣ хост.
Намояндагон аз  Кумитаи забон ва истилоҳоти назди  Ҳукумати ҶТ Мартаба Муъминова  ва бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Сино Лутфулло Алиев сухан гуфта, зикр  намуданд, ки хушбахтона, дар даврони соҳибистиқлолии ватанамон забони тоҷикӣ дар сохтори сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву иқтисодӣ мақому мартабаи зиёдтарро  соҳиб  гашт. Ҳамчунин забони давлатӣ омили муҳими иттиҳод ва ҳамбастагии миллат ва халқиятҳои сокини ҷумҳурӣ маҳсуб мешавад. 

 

Октябрь 6, 2015 05:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст