Дастгир гардидани нашъаҷаллобон

Октябрь 6, 2015 05:00

Душанбе, 06.10.2015 (АМИТ «Ховар»).-Чанде пеш зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия нафаронеро дастгир карданд, ки даст ба нашъаҷаллобӣ задаанд.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилии кишвар, зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия ду сокини шаҳри Душанберо, ки яке марди 26 ва дигаре 33-сола мебошанд, бо гумони даст доштан дар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дастгир кардаанд.  Дар вақти кофтуков аз онҳо 884 грамм маводи нашъадори афюн ва 205 дона ҳаби МДМА, ки вазни умумиашон 44 граммро ташкил медиҳанд. дарёфт ва мусодира шуд. 
Ҳамчунин аз ҷониби кормандони милитсия рӯзи 4-уми октябри соли равон сокини 51-солаи ноҳияи Ҷ.Расулов бо гумони нигоҳ доштани маводи нашъадор дастгир шуд. Дар вақти азназаргузаронии манзили истиқоматии гумонбаршуда 711 грамм маводи нашъадори бангдона дарёфт ва мусодира шуд. 
Гуфта мешавад, зимни чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ муайян шуд, ки марди 51-солаи сокини ноҳияи Ҷ.Расулов дар замини корами наздиҳавлигиаш ба миқдори 17 бех растании нашъадори навъи бангдонаро ғайриқонунӣ парвариш менамудааст. Вазни умумии растаниҳои дарёфтшуда 8 килою  900 граммро ташкил медиҳад. Нисбат ба ҳодисаҳои мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиш давом дорад.

Октябрь 6, 2015 05:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон ҳамоиши идона доир шуд
Дар «Саноатсодиротбонк» бахшида ба Рӯзи Конститутсия ҳамоиши маърифатӣ баргузор гардид