Фалак мусиқии мардумии тоҷикон аст
Душанбе, 06.10.2015 (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз дар Пажӯхишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи фалак таҳти унвони «Ҷойгоҳи фалак дар мусиқии тоҷик» мизи мудаввар барпо гардид. Дар ҳамоиш иштирокдорон доир ба мавзӯъҳои «Фалак-мусиқии ҳирфаӣ ва мардумии тоҷик», «Фалак дар эҷодиёти Абдуфаттоҳ Одинаев», «Намудҳои лаҳнии фалак», «Фалак дар рақси занонаи халқии тоҷикон», «Фалак ва ороиши мусиқии асарҳои саҳнавии муосир», «Фалак дар эҷодиёти гурӯғлихонон» маърӯзаҳо намуда, зикр доштанд, ки жанри фалак ба миллати кӯҳистонии тоҷик хос аст.
Бино ба иттилои Абубакр Зубайдов, ҷонишини директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанг санъати фалак мусиқии касбии мардумии тоҷик аст ва решаҳои он хеле қадимиянд. Як решаи фалак ба сурудҳои мардумии то ба годҳову яздҳои «Авасто»- китоби муқаддаси Зардушт ва решаи дуюмаш ба давраи сулолаи Сосониён мерасад, ки дар ин давра санъати мусиқӣ хеле рушд ёфта буд.
Ба гуфтаи мавсуф, ташаккули фалак ба асрҳои 8 — 9 рост омада, дар асри 10 ба шакли имрӯзааш ташаккул ёфтааст. Мутаассифона, ҳазорсолаҳост ин санъати мусиқӣ арзи ҳастӣ дораду ба мо ягон дастхат ё баёзе аз он давраҳо омада нарасидааст. Вале фалак ҳамчун санъати асили мардумӣ аз ҳама буҳрону кашмакашҳои таърих гузашта, ба мо омада расидааст,-афзуд ӯ.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






