Иқдоми ҷадид дар рушди бозори коғазҳои қимматнок

Октябрь 13, 2015 07:13

Душанбе, 13.09.2015. (АМИТ «Ховар»).- Дар  арафаи баргузории Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе-2015   Биржаи фондии Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт. Бино ба гуфтаи директори иҷроияи ҶСК «Биржаи Фондии Осиёи Марказӣ» Алишер Шерназаров ин сана тасодуфӣ интихоб нашудааст. «Мо махсус дар арафаи Форуми байналмилалии соҳибкорон ҷамъияти худро ифтитоҳ намудем, то ба ҳамагон нишон диҳем, ки Тоҷикистон тайёр аст ба меъёрҳои ҷаҳонии сармоягузорӣ пурра  ҷавобгӯй бошад. Мақсади асосии Биржаи фондии Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон- ин ташаккули муҳити мусоид, шаффоф ва боэътимоди сармоягузорӣ барои сармоягузорони маҳаллӣ ва хориҷӣ,  фароҳам овардани имкониятҳо барои ҷалби сармояи иловагӣ барои ширкатҳо бо шароити муфид дар даври кӯтоҳмуддат ва дарозмуддат ва манзур намудани таҷҳизоти навтарини технологӣ барои иштирокчиёни касбии бозори фондӣ мебошад»,- мегӯяд  А.Шерназаров. 
Бо назардошти Супориши Сарвари давлат Эмомалӣ  Раҳмон, инчунин бо мақсади ташкил намудани платформаи ягона барои ҷалби лоиҳаҳои инвеститсионии мамлакат моҳи апрели соли 2015, аз ҷониби дастаи мутахассисони ҷавон, ки дар донишгоҳҳои бонуфузи Ҷопон, Англия ва Қазоқистон маълумоти олӣ гирифта, таҷрибаи калони корӣ дар соҳаи бозори фондӣ доранд, ҶСК «Биржаи Фондии Осиёи Марказӣ» таъсис дода шуд. 
«Аз ҷониби мутахассисони биржаи мазкур ҳамаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҷеъ ба соҳаи бозори қоғазҳои қиматнок, инчунин масъалаҳои инфрасохтории амали бозори қоғазҳои қиматнок ва рушди минбаъдаи он  омӯхта шуданд. Дар ҷараёни омӯзиш баъзе монеаҳо ва камбудиҳое, ки Сарвари давлат зикр карда буд  ва дар маҷмӯъ барои рушди бозори сармоя мусоидат намекунанд, ошкор гардиданд»,-гуфт кард директори иҷроияи Биржаи фондии Осиёи Марказӣ. 
Бино ба гуфтаи А.Шерназаров институти мазкур метавонист ҳам барои сармоягузорони маҳаллӣ ва ҳам барои сармоягузорони хориҷӣ ҷиҳати сармоягузорӣ ба бахши воқеии иқтисодиёт бо роҳи хариду фурӯши қоғазҳои қимматноки ширкатҳои маҳаллӣ заминаро  фароҳам орад.  
«Оғози бомуваффақияти фаъолияти Биржаи Фондии Осиёи Марказӣ  ба як гурӯҳ сармоягузорони институтсионалӣ, ба монанди фондҳои нафақавӣ ва сармоявӣ, ширкатҳои суғуртавӣ, бонкҳои давлатӣ ва тиҷоратӣ барои ба даст овардани воситаҳои молиявӣ, ки ҳамчун манбаи алтернативии даромад фоида меоранд, имконият фароҳам меорад. Ҳамчунин тавассути замина  ташкилоти давлатӣ ва хусусӣ метавонанд барои рушди фаъолияти худ бо роҳи барориши қоғазҳои қиматнок дар Биржаи Фондии Осиёи Марказӣ маблағгузоронро ҷалб намоянд»,-афзуд мусоҳиб. 
Бо назардошти суръати рушди институти молиявӣ  дар арсаи байналмилалӣ ва ба эътибор гирифтани суръати афзоиши мубодилаи қоғазҳои қиматнок дар биржаҳои фондии ҷаҳон, Биржаи Фондии Осиёи Марказӣ масъалаи тайёр намудани кадрҳои баландихтисосро дар муассисаҳои таълимии пешқадамтарини хориҷӣ ба нақша гирифтааст, ки ин барои фаъолияти минбаъдаи биржаи фондӣ аҳамияти калон дорад.
Биржаи фондии Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон бо харҷи 35 миллион сомонӣ таъсис дода шуда, дар он саҳмияҳои ширкатҳои ватанӣ ва ширкатҳои маъруфи хориҷӣ хариду фурӯш мешаванд. 
«Ҳукумати Тоҷикистон ба хотири рушди бозори коғазҳои қимматнок ва ҷалби ширкатҳои хориҷӣ хариду фурӯши саҳмияҳоро ба муддати панҷ сол аз пардохти андоз озод кард.  Акнун шаҳрвандони Тоҷикистон имкон пайдо намуданд, ки  ба воситаи ин биржа саҳмияҳои брендҳои ҷаҳонии «Газпром», «Сбербанк», «Катарпилар» ва «Барклайс»-ро харидорӣ кунанд»,-гуфт А.Шерназаров.  
 Ҳоло ширкатҳои маъруфи хориҷӣ барои номнавис шудан дар ин биржа машғул буда, пас аз анҷом ёфтани ин раванд, саҳмияҳои  ширкатҳои ватаниву хориҷӣ ба хариду фурӯш гузошта мешаванд. Бояд гуфт, ки ин иқдоми навбатии Ҳукумати мамлакат барои рушди бозори қоғазҳои қимматбаҳо қадами ҷиддӣ ва устувор мебошад.

 

Октябрь 13, 2015 07:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хуҷанд Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба ҷудо байни наврасон ҷамъбаст гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 рубли русӣ аз 0.1247 то 0.1240 сомонӣ муқаррар шудааст
Кишоварзони ноҳияи Восеъ дар гармхона бо усулҳои муосир маҳсулот парвариш мекунанд
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон вобаста ба ҳифзи ҳуқуқи соҳибкорон конфронси ҷумҳуриявӣ доир менамояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Имсол дар Тоҷикистон беш аз 37 ҳазор метр корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ гузаронида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Пешвои миллат: «Ҳамеша шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатӣ, сулҳу субот ва зиндагии орому осудаи худро ба ҷо оварем»
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Сергей Лебедев: «Қазоқистон аввалин мизбони Форуми волонтёрони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мегардад»
Сардори Хадамоти алоқа бо фаъолияти ширкати «МегаФон Тоҷикистон» шинос шуд