Ҳифзи қабати озон вазифаи ҳар фард аст

Октябрь 7, 2015 11:26

Душанбе, 07.10.2015.(АМИТ «Ховар»).- «Олимони ҷаҳон зимни таҳқиқот ба хулосае омадаанд, ки яке аз сабабҳои асосии вайроншавии қабати озон дар сайёра ин таъсири антропогенӣ ё таъсири худи инсонҳо аст». Ин матлаб зимни нишасте, ки таҳти унвони «Инъикоси мавзӯи ҳифзи қабати озон  дар васоити ахбори омма» дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти  назди Ҳукумати ҷумҳурӣ бо иштироки олимону коршиносони экологӣ ва намояндагони  ВАО доир гардид, зикр шуд.
      Шамс Назаров-муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ гуфт, ки тӯли солҳои охир Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи ҳифзи муҳити зист, хусусан ҳифзи қабати озон   аҳамияти ҷиддӣ дода, барои  иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ, аз қабили Конвенсияи Вена, Протоколи Монреал  тадбирҳои мушахас меандешад.  Бояд тазаккур дод, ки Ҷумҳурии  Тоҷикистон моҳи ноябри соли 1995 ба Конвенсияи Вена дар бораи ҳифзи қабати озон  ва соли 1997 ба Протоколи Монреал  оид ба моддаҳои вайронкунандаи  қабати озон  ҳамроҳ гардид. Бо Фармони Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон соли 1998 оид ба таҳияи Барномаи Миллии мамлакат барои ҳифзи қабати озон аз ҳисоби олимону мутахассисони варзида ва намояндагони вазорату идораҳои марбутаи  кишвар гурӯҳи корӣ ташкил дода шуд. Гурӯҳи корӣ Барномаи миллиро таҳия намуд, ки он  дар охири соли 1999 аз ҷониби Шӯрои Фонди ҷаҳонии экологӣ  қабул гардид. Таъкид шуд, ки ҳадафи барномаи  мазкур раво надонистани  моддаҳои вайронкунандаи қабати озон  дар ҳудуди ҷумҳурӣ мебошад. Зикр шуд, ки дар кишвар Маркази миллии озон ташкил  шудааст. Абдукарим Қурбонов, ки маркази миллии мазкурро роҳбарӣ менамояд, ба намояндагони ВАО доир ба саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонии ҳифзи қабати озон, пайдоиши озон, оқибатҳои вайроншавии он ва тағйирёбии иқлим  гузориш дод. Мавсуф афзуд, ки тӯли солҳои охир қабати озон  аз таъсири фаъолияти инсон босуръат заиф мегардад. Сабаби асосии  тунук гардидани қабати озон- ин сар додани мушакҳои кайҳонӣ, ки қабати озонро сӯзонида сӯрох мекунанд, инчунин  хориҷшавии фреонҳо, яъне, гидрофторхлоркарбонҳо (ГХФК) ба  атмосфера аст. ГХФК  гурӯҳи моддаҳои  кимёвии  вайронкунандаи озон буда, дар таркиби аксари дастгоҳҳое, ки инсонҳо дар рӯзгор ба таври васеъ истифода мебаранд,  аз қабили яхдонҳо, таҷҳизоти сардкунанда ва бухоридиҳанда (кондитсионерҳо), реагентҳои бавуҷудоварандаи кафк, солвентҳо, сӯхторнишонҳо ва аэрозолҳо истифода мешавад. Ҳамзамон таъкид гардид, ки вайроншавии қабати озон  ба саломатии инсон  таъсири манфӣ расонида, яке аз омилҳои асосии ба вуҷуд омадани бемориҳои саратон, диққи нафас, бемориҳои чашм, тағйир ёфтани  сохт ва пигментатсияи пӯст мегардад.  Таъкид гардид, ки бобати ҳифзи қабати озон аз вайроншавӣ  тамоми кишварҳое, ки ба Конвенсияи Вена ва Протоколи Монреал ҳамроҳ гардидаанд, дар ҳамбастагӣ  ва ҳамкории судманд метавонанд дар ҳалли ин масъалаи ҷаҳонӣ- ҳифзи қабати озон тадбирҳои муассир ва саривақтӣ андешанд. 

Октябрь 7, 2015 11:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба солгарди таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор гардид
Дар Хадамоти алоқа ба муносибати Рӯзи ҳуқуқи инсон ҳамоиш доир шуд