Куштор дар ҳолати мастӣ
Душанбе, 27.10.2015 (АМИТ «Ховар»).-Чанде пеш кормандони милитсияи шаҳри Панҷакент ҷасади мардеро дарёфт карданд, ки бо марги маҷбурӣ қатл гардидааст.
Бино ба иттилои ВКД 24-уми октябри соли равон аз дохили бинои чойхонаи деҳаи Панҷрӯди шаҳри Панҷакент ҷасади марди 53-солаи сокини ҳамин шаҳр бо аломатҳои марги маҷбурӣ дарёфт шуд. Зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия сокини 29-солаи шаҳри Панҷакент ҳамчун гумонбар дар ҷинояти куштор дастгир гардид. Муайян шуд, ки номбурда ҷиноятро дар ҳолати мастӣ ва муноқишаи ба миён омада содир намудааст.
Далели шайъӣ 1 корди ошхона гирифта шуда, аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид ва тафтиш идома дорад.








Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






