Машварати корӣ дар ҳузури Сарвари давлат

Октябрь 6, 2015 05:21

Душанбе, 06.10.2015 (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки аъзои Ҳукумати ҷумҳурӣ,  Роҳбари дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  роҳбарони сохторҳои қудратию мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва идораву муассисаҳои назди Ҳукумат ва ҳамчунин дигар шахсони масъул машварати корӣ доир намуд.
Дар машварати корӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон   масоили вобаста ба омодагӣ ба тирамоҳу зимистони солҳои 2015-2016, назорати хароҷоти буҷа ва сарфаю сариштакорӣ дар истифодаи мошинҳои хизматӣ ва сӯзишворӣ, тезонидани суръати ҷамъоварии ҳосили заҳмати кишоварзон ва омодагӣ ба кишту кори тирамоҳӣ ва ба Форуми байналмилалии соҳибкорӣ, рафти даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва тақвияти корҳои тарғиботӣ бар зидди терроризму ифротгароиро таҳлилу баррасӣ намуда, дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузошт.
Зимни баррасии масоили омодагӣ ба зимистон ба масъалаи таъмини муназзами мардум ва корхонаю муассисаҳо бо неруи барқ таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид.
Дар робита ба ҷамъоварии ҳосил ва омодагӣ ба кишти тирамоҳӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ҳосили фаровони рӯёндаи деҳқонону боғпарварони кишвар ёдовар шуда, таъкид дошт, ки барои сари вақт ва беталаф ҷамъ овардани он ба аҳли деҳот ҳамаҷониба мусоидат бояд кард.
Ба роҳбарони сохторҳои қудартию мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот дастур дода шуд, ки дар ҳамкорӣ бо фаъолони ҷомеа корҳои тарғиботию ташвиқотиро барои пешгирӣ аз гароидани ҷавонони ноогоҳ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротию террористӣ ва барои даъвати онҳо ба ҳифзи оромию субот ва кору зиндагии осоиштаи мардум ва ҳамчунин ба арҷгузорӣ ба дастовардҳои истиқлоли давлатӣ ва арзишҳои волои миллию фарҳангӣ пурзӯр намоянд.   
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон  ҳамчунин ба масоили омодагӣ ба ҷамъбасти натиҷаҳои соли равон ва дигар масъалаҳои ҳалталаб таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.
Дар фароварди машварат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба рафти бартарафсозии оқибатҳои гармо ва селу обхезӣ дар вилояти Бадахшон ва дигар минтақаҳои кишвар мароқ зоҳир намуда, ба ҳамаи вазорату идораҳо, сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ, соҳибкорӣ ва шахсони алоҳида, ки дар кори барқарорсозии фаврии хонаҳои мардуми бесарпаноҳмонда ва дигар иншооти харобгардида саҳми намоён гузоштанд, арзи сипос кард. 

 

Октябрь 6, 2015 05:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон ҳамоиши идона доир шуд
Дар «Саноатсодиротбонк» бахшида ба Рӯзи Конститутсия ҳамоиши маърифатӣ баргузор гардид