Мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров бо Сергей Наришкин

Октябрь 6, 2015 09:41

Душанбе, 06.10.2015,АМИТ «Ховар»).- Имрўз, 6 октябр раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров дар доираи иштирок дар ҳамоиши байналмилалии «Дурнамои иқтисоди АвруОсиё» дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон бо раиси Думаи давлатии Федератсия Русия Сергей Наришкин мулоқот намуд.
Тибқи иттилои котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов аз шаҳри Остона, дар ҷараёни ин мулоқот масъалаҳои тақвияти ҳамкории дуҷонибаи парлумонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Раиси Маҷлиси намояндагон ба сатҳу сифати муносиботи байнипарлумонии ду кишвар баҳои мусбат дода, таъкид кард, ки тайи солҳои охир ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Думаи Давлатии Федератсияи Русия ба марҳилаи нав ворид шуда, рўз аз рўз густариш пайдо мекунанд.
Шукурҷон Зуҳуров таъкид кард, ки фаъол будани гурўҳҳои дўстӣ ва ҳамкорӣ дар парлумонҳои кишварҳои мо барои тақвияти равобити байнипарлумонии ҷумҳуриҳоямон мусоидат менамояд. «Мо ҳамеша талош менамоем ва алоқаманди он ҳастем, ки ҳамкории байнипарлумонии мамлакатҳои мо боз ҳам таҳким ёбанд»,-гуфт Шукурҷон Зуҳуров.
Раиси Маҷлиси намояндагон бо ишора ба шарики стратегӣ будани Тоҷикистону Русия хотирнишон кард, ки Душанбе Маскавро шарики стратегии худ медонад ва ҳамеша ва дар ҳама заминаҳо бо ин кишвар ҳамкорияшро густариш мебахшад. Ҷумҳуриҳои мо аъзои чандин созмонҳои минтақавию байналмилалианд, ки ин шаҳодати яксон будани мавқеъҳои кишварҳои мо дар бисёре аз масоили минтақавию ҷаҳонӣ мебошад. 
Шукурҷон Зуҳуров аз баргузории ҷаласаи сарони кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, ки ахиран дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ёдовар шуда, изҳор дошт, ки иштироки фаъолонаи Президенти Русия Владимир Путин дар ин чорабинӣ ва мулоқоти самимонаи вай бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бори дигар гувоҳи он аст, ки Русия ва Тоҷикистон ниёзманди ҳамкорӣ ва ҷонибдорӣ аз мавқеъҳои якдигар ҳастанд.
Раиси Думаи Давлатии Федератсия Русия Сергей Наришкин низ тақвияти ҳамкории дуҷонибаи байнипарлумонии Тоҷикистону Русияро  аз ҳадафҳои фаъолиятҳои Парлумони кишвараш маънидод кард. 
Номбурда таъкид намуд, ки Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо гузашти солҳои начандон тўлонӣ тавонист ба як парлумони қавӣ ва аз лиҳози касбият қиёснашаванда табдил гардад. Ҳамкории мо бояд танҳо дар сатҳи мулоқоти алоҳида маҳдуд нашаванд, балки мо бояд бештар ба кишварҳои якдигар сафар намоем ва аз  фаъолияти ҳамкасбони худ, чӣ дар Душанбе ва чӣ дар Маскав бештар огаҳӣ пайдо намоем ва табодули таҷрибаро ба роҳ монем.
Ҳар ду ҷониб барои густариши беш аз пеши равобити байнипарлумонӣ изҳори алоқамандӣ карданд.
Зимни мулоқот, ки дар фазои созанда ҷараён гирифт, ҳамчунин дар бораи ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷорату иқтисод ва кишоварзиву муҳоҷират изҳори назар карда шуд. Таъкид гардид, ки Русия ҳамоно шарики рақами аввали сармоягузори Тоҷикистон боқӣ мемонад, зеро сармояи мустақими аз ин кишвар воридшуда баробар ба 1,2 миллиард доллари амрикоӣ аст. Ин адад қариб ба нисфи ҳамаи сармоягузории мустақими хориҷӣ ба Тоҷикистон баробар мебошад. 
Соли 2014 гардиши молу маҳсулот миёни Тоҷикистону Русия дар муқоиса ба соли 2013 ба андозаи 38% афзудааст. 

Октябрь 6, 2015 09:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор бо шароити хизмати сарбозон шинос шуданд
Муштарии ZET-MOBILE миллионер шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
НИШОНИ ҶАВОНМАРДӢ. Дар ҳошияи асари сиёсатшинос, сиёсатмадор, олим ва адиби нуктасанҷ Саймумин Ятимов
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба татбиқи технологияҳои рақамӣ дар низоми логистикӣ машварат доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии ҳарбӣ- варзишии «Ватанпарвар» доир гардид
«Одамон. Идеяҳо. Ҳаракат». Дар Душанбе нахустин форуми таҷрибаҳои идоракунӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ТАЪСИРИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ БА РУҲИЯИ КӮДАКОН. Ва ё «оҳанро дар гармияш бояд кӯфт»
Соли 2025 шаҳрвандон ва соҳибкорон беш аз 6 миллион амалиёти ғайринақдиро анҷом доданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад