Оилаи солим маҳаки ҷомеаи солим аст

Октябрь 2, 2015 04:17

«Масъалаҳои маърифати оиладорӣ, баланд бардоштани масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд, омода кардани фарзандон ба ҳаёти мустақилона ва пойдории оила аз ҷумлаи мушкилоте мебошанд, ки диққати доимии тамоми мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таҳсилотӣ ва кулли аъзои ҷомеаро тақозо мекунанд».

                                            Эмомалӣ  Раҳмон

Душанбе, 02.10.2015 (АМИТ «Ховар»- Руқияи Боймамад). Оила падидаи иҷтимоӣ буда, онро ячейкаи пешбарандаи ҷомеа ном мебаранд. Падидаест, ки ҷомеа ва давлат аз он ғизои маънавӣ мегиранд, падидаест, ки ин ду сохтори муҳимро муаррифӣ менамояд. Оила асоси зиндагӣ ба шумор рафта, мактаби бузургест барои ташаккули маърифату инсони воқеӣ будани ҳар шахс. Дар муносибати оиладорӣ ва идораи оила ҳамон нафар муваффақ мегардад, ки аз мактаби бузурги маърифати оиладории волидайни худ  сабақи дуруст андӯхта бошад.  
Имрӯз дар ҷомеа оилаҳое ҳастанд, ки ба муваффақиятҳои назаррас ноил гаштаанд ва намуна барои оилаҳои ҷавонанд, ҳамзамон ин гуна оилаҳо дар ҷомеа соҳиби обрӯю эътибори хосса  ҳастанд, ки якеи аз онҳо оилаи Ҳасановҳо мебошад. 
София Ҳасанова, номзади фанҳои фалсафа, ки 61 соли умри бобарори худро ба тарбияи фарзандону наберагону аберагон бахшидааст,  дар суҳбат бо мо аз эълон гардидани соли оила бо хушнудӣ истиқбол карда, изҳор дошт, ки эълон гардидани соли оиларо бо кафкӯбиву хушҳолӣ қабул намудааст. Ӯ мегӯяд, барои эълон кардани соли оила  зарурияти калон буд, ҳамин заруриятро Президенти муҳтарами мо Эмомалӣ Раҳмон ҳис карданду ҳамин соли 2015-ро  «Соли оила» эълон карданд. Имрӯз бинед, ки дар ҳама ҷо сухан дар бобати оила меравад, чӣ дар мактабу донишгоҳҳо, чӣ дар радиову телевизион, ҳама барои соли оила барномаҳои мукаммалу тарбиявӣ омода карда истодаанд. Оила як қалъае аст, ки атрофаш бо  девори баланд иҳота карда шудааст. Мустаҳкам кардани ана ҳамин қалъа бар зиммаи  зану шавҳару падару модар мебошад. Оила чӣ тарзе бошад, ҷомеа низ ҳамон гуна пеш мераваду инкишоф меёбад. 
Инак суҳбати моро бо ин зани хушрӯзгор бишнавед:

«Ховар»: — Имрӯз сабаби асосии ҷудошавии оилаҳои ҷавонро дар чӣ мебинед? 

— Ҳама медонанд, ки оила сутуни ҷамъият аст, вале афсӯс, ки инро на ҳар кас дарк карда метавонад. Оилаҳои ҷавон имрӯз якҷо шуда,  зуд ҷудо мешаванд, ки ин бадбахтии ҷомеаи имрӯза аст. Бадбахтӣ ин аст, ки ҷавондухтарону ҷавонписароне ҳастанд, ки бе сабаб ҷудо мешаванд. Онҳо барои барпо кардани оила омода нестанд. Азизтарин неъмати дунё ин фарзанд аст, навхонадорони имрӯза ҳатто пеш аз ҷудошавӣ фикри тифлакони худро накарда, онҳоро аз меҳри падариву  модарии худ маҳрум месозанд. Алалхусус духтарони имрӯза хеле нозук шудаанд, ба гапи хушдоманҳо гӯш намекунанд, гӯё ки хушдоман  як шахси бегона бошад. Хушдоман ҳам модар аст, тарбиятгар аст, роҳ нишон медиҳад, меомӯзонад,  ки дар зиндагии хонаводагӣ мабодо ҷавонон ба ягон хатогӣ роҳ надиҳанд.  Барои ҷавонони имрӯза ҳама чиз муҳайё аст, вале ин ҳамаро партофта, сарсону саргардон  мегарданд.

«Ховар»: — Дар тарбияи фарзандон нақши кӣ зиёд аст- аз мард ё аз зан? 

— Таҷрибаи чандинасраи оиладорӣ дар фарҳанги тоҷикон нишон медиҳад, ки нақши волидон, махсусан модарон дар тарбияи фарзанд беназир аст. Яъне, он тарбия ва меҳру муҳаббатеро, ки модар ба фарзанди худ медиҳад, онро ягон мураббию омўзгор дода наметавонад. Зан тарбиятгар аст, роҳи зиндагиро ба фарзандон меомӯзонад. Меҳри модар дигар асту меҳри падар дигар аст. Фарзандҳо аз сиёсати падарон метарсанду сирру савдои худро ба модар мегӯянд. Падар ҳам дар оила нақши муҳимро мебозад. Беҳуда нагуфтаанд, ки падар ин паёмбар дар оила аст, сиёсатмадор аст, корҳои вазнини рӯзгорро пеш мебарад. Дар замони имрӯза бархе аз ҷавонони мо суханҳои падаронашоро намегиранд, дағалӣ мекунанд, ки ин кори хато аст. Ҷавонон бояд бештар такя ба суханҳои волидонашон кунанд. 

«Ховар»: — Муаллимаи муҳтарам, чуноне ки мо медонем, Шумо асарҳои илмии зиёд навиштаед, алахусус дар бораи симои маънавии занон дар «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ кори илмӣ омода кардаед. Нақши «Шоҳнома»-и безавол дар худшиносии зани имрӯзаи тоҷик аз чӣ иборат аст? 

— Ман аз наврасӣ ошиқи «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосими Фирдавсӣ будам. Абулқосими Фирдавсӣ ҳамон солҳо мушкилоти гендериро дар китобаш дарҷ карда буд. Пас аз ин бармеояд, ки ҳамон вақтҳо ҳам мушкилӣ дар оила дида мешуд. Барои фаҳмидани фикри шоир дар бораи мавқеи зан  дар «Шоҳнома» ҳар ҷавондухтару ҷавонписар бояд ин асари  безаволро хонда барояд. Абулқосими Фирдавсӣ мақому манзалати занро чӣ қадар боло бардоштааст, ки дар он замон занон ҷасур, одилу оқил буданд. Новобаста ба шароити вазнини ҳамон солҳо, занон  бисёр қаҳрамон буданд, барои озодӣ муборизаи зиёд мебурданд. Имрӯз мебинем, ки ҳамаи  шароит муҳайё шудааст, вале занон  як оилаи кучаки худро саришта карда наметавонанд, аз рӯзгори пурфайзу баракати худ хуб истифода набурда,  зуд-зуд ҷудо мешаванд. Масалан, вақте ки кас «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ, «Гулистон»-и Саъдии Шерозӣ, «Қобуснома»-и Унсурулмаолии Кайковус, «Оила»-и Абдурауфи  Фитрат ва «Таҳсиб-ус-сибён»-и Устод Айнӣ барин шахсиятҳои бузургро мутолиа  мекунад, бешубҳа, дар зиндагии оилавӣ саодатманд мегардад.

«Ховар»: — Чаро ҷавондухтарону ҷавонписарон ба фарҳанги бегона тақлид мекунанд? 

— Таассуфовар ин аст, ки  имрӯзҳо майл кардани ҷавонону наврасон ба фарҳанги бегона ҳар нафари бонангу орро бетараф гузошта наметавонад.
Ҷавондухтарони мо имрӯз, мутаассифона,  рӯймолҳои сиёҳро ба сар мекунанд, ки ин хоси фарҳанги мо нест ва хосияти хуб надорад. Тақлиди кӯр-кӯронаи ин ҷавонон маъно надорад. Худашон намедонанд, ки ҳамон либоси сиёҳ ба танашон зебанда ҳаст ё нест ва боз онро гирифта,  ҳар намуд мепечонанд. Бибиҳои мо, модарони мо ин гуна набуданд. Солҳои пеш модарон тоқӣ ба сар мекарданд, кокулони зебо мебофтанд, либосҳои пахтагину атласу адрас ба бар мекарданд. Имрӯз мебинем баъзеи ҷавонон мӯйҳои дарози худро дар китф сар медиҳанд, ки ин ҳам хоси фарҳанги мо нест. Ҳатто ҳамин печонданҳо ба тану ҷисми нозуки духтарҳо зарар  дорад. Хушбахтона, имрӯз дар телевизионҳо баъзе намоишу барномаҳо, сирф барои духтарону тарроҳон аст, ки ин гуна барномаҳо бояд зиёд ташвиқу тарғиб карда шаванд. Ҳар чӣ зиёдтар тарроҳонро ҷалб кунанд, ҳар чӣ зиёдтар  атласу адраси худамонро тарғиб кунанд,  ҳамон қадар ҷавонон бо  фарҳанги бойи миллатамон ошно мегарданд. 

«Ховар»: — Шумо дар зиндагии оилавӣ худро хушбахт меҳисобед? 

-Ман дотсенти кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносии  ДСРТ мебошам. Аз соли 1996 то имрӯз ҳамчун омӯзгор ба донишҷӯён дарс меомӯзонам. Ман худро зани хушбахттарин меҳисобам, чун дар тӯли 81 соли умрам соҳиби 3 писар, 6 набера, 10 абера шудаам. Фарзандони хуб дорам. Тӯли ин солҳо ману ҳамсарам кӯшиш ба харҷ додем, то фарзандонро соҳибмаълумот кунем, хонадор намудем, роҳ нишон додем, то тавонанд дар ҳаёту дар оиладорӣ муваффақ бошанд. Набераҳою абераҳои дӯстрӯяк дорам, ки имрӯз ба тарбияи онҳо машғулам. Оилаи хушбахт ошёни осоишу бехатарӣ мебошад. Агар хато накунам, оилаи мо як оилаи намунавист, чун дар оилаи мо муҳаббат, самимият, меҳр, шафқату рафоқат, амну амонӣ ҳукмфармост. То даме ки тавоноии ману ҳамсарам ҳаст, талош мекунем, ки аз худ ба насли имрӯза чизе гузорем.  Ҷавонони имрӯза зиёд китоб мутолеа намоянд, илм омӯзанд, ахлоқи ҳамида дошта бошанд, калонсолонро эҳтиром кунанд. Ман дар ҳар дарсам ба донишҷӯйҳоям каме ҳам бошад дарси ахлоқ меомӯзонам. 

«Ховар»: —  Таманниёти Шумо ба бонувони кишвар

— Зиндагӣ бе пастиву баландӣ намешавад, бояд зан-модар ба ҳамаи мушкилиҳои зиндагӣ тоб оварда, насли солимро ба дунё овараду дар пайи тарбияи фарзандон шавад. Ба занҳои меҳрубон пирӯзӣ, хонаободӣ, сарбаландиву сарфарозӣ орзумандам. Бигзор баҳри оилаи худ, баҳри фарзандони худ, баҳри шавҳарони худ меҳрубону вафодору содиқ бошанд ва ба ояндаи наздик бо чашми меҳр нигаранд. 

София Ҳасанова соли 1956 ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон дохил шуда, дари илму дониш ба рӯяш боз шуд. Пас аз хатми донишгоҳ зина ба зина боло мерафт, худро меёфт, худро дар дунёи илм медид. Ҳамсараш Каримҷон Ҳасанов шахси меҳрубон ва донишманд мебошад. Онҳо бо ҳамдигар ёру мададгор буданд. Ҳамин меҳрубонӣ ва ишқ дар оила буд, ки онҳо соҳиби 3 фарзанд-Раҳимҷон, Ғафурҷон ва Рустамҷон шуданд. Ӯ ҳамчун модари ғамхор, муаллимаи сахтгиру дилсӯз ва бонуи соҳибилм шинохта мешуд. Заҳмати зиёд ӯро ба вазифаҳои масъул ва баланд мебурд. Олимаи закитабъ 14 сол вазифаи мудири кафедраи Донишкадаи  санъат ба номи Мирзо Турсунзода, 5 сол декани факултети такмили ихтисоси директорони мактабҳои ҳамагонии Вазорати маорифи ҶТ, 27 сол вазифаи дотсентиро дар кафедраи фалсафаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ ва ДСРТ ба уҳда дошт. Аҷиб, ки ҳама вақт дар кору дарсдиҳӣ кушодачеҳраву соҳибмақом буд , зуд ба дили омӯзгорону донишҷӯён роҳ меёфт. Дарс гуфтан ҳам санъат аст. 
Олимаи пуркору пурзавқ ба «Шоҳнома» рӯ оварда, дар шоҳномашиносии тоҷик саҳми арзандаи худро гузошт. Асарҳои илмии зиёд эҷод кардааст. Ҳамин илму дониш буд, ки ӯ ба давлатҳои Русия, Украина, Муғулистон, Латвия сафар карда, маърӯзаҳои илмӣ кард ва ҳамчун намояндаи илми фалсафа ва маданияти тоҷик  худ ва Тоҷикистонро муаррифӣ намуд. Хизматҳои София Ҳасанова бо ордени Шараф, дараҷаи-2, нишони Аълочии маорифи Тоҷикистон, Ифтихорномаи  маорифи ҶТ сарфароз гардонида шудаанд.

Октябрь 2, 2015 04:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаи ташкили ковишҳои бостоншиносӣ дар мавзеи «Дараи Алмосӣ» баррасӣ гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир гардид
Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ заминаи боэътимоди рушди босуботи ҷомеа мебошад
Истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ заминаи хуби фаровонҳосилӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво ба 38 дараҷа мерасад
ИСТИФОДАИ БОСАМАРИ ЗАМИН. Сокини деҳаи Гулистони ноҳияи Кӯшониён аз замини наздиҳавлигӣ ду-се ҳосил ба даст меорад
Дар шаҳри Гулистон сохтмони корхонаҳо ва васлу насби дастгоҳу таҷҳизоти муосир идома дорад
Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон оид ба китобу китобхона ташаббусҳои ҳизбӣ доир мегарданд
Ҳамкории Литсейи касбии техникии нақлиёти роҳи оҳани Душанбе ва Донишгоҳи давлатии Кубан тақвият меёбад
Дар намоишгоҳи «Сӯзании Панҷакент» намунаи маҳсули ҳунармандони чирадаст ба намоиш гузошта мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Мураббои анҷир кори дил ва рагҳои хунгардро муътадил мегардонад