Ошкор шудани қаллобии навбатӣ дар ҳаҷми 45 000 доллар
Душанбе, 02.09.2015. (АМИТ «Ховар»).- Ба мақомоти корҳои дохилӣ муроҷиати навбатӣ нисбат ба ҳаракатҳои ғайриқонунии адвокати Коллегияи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёров Бузургмеҳр Равшанович аз ҷониби шаҳрванд Ҳоҷизода Фирдавс, сокини шаҳри Хуҷанд ворид гардид.
Ёров Б.Р. санаи 24 апрели соли 2011 бо роҳи фиреб, бо сӯйистифода аз боварӣ бо ваъдаи он, ки аз ҷиҳати қонунӣ дар қатъ намудани парвандаи кофтуковии нисбат ба падараш Қодирқулов Насим Ҳоҷиевич оғозгардида мусоидат менамояд, аз шаҳрванд Ҳоҷизода Фирдавс маблағи пулӣ дар ҳаҷми 45 000 (чилу панҷ ҳазор) доллари амрикоӣ гирифта, ягон кумаки ҳуқуқӣ нарасонидааст.
Ёров Б. маблағҳои ба даст овардаро ба манфиати шахсии худ истифода бурда, бо ин ҳаракатҳои худ ба Ҳоҷизода Фирдавс зарари махсусан калони моддӣ ба маблағи 45 000 (чилу панҷ ҳазор) доллари амрикоӣ расонидааст.
Бояд зикр намуд, ки аз рӯи ҳодисаҳои қаллобии гумонбаршуда Ёров Бузургмеҳр Равшанович шаҳрвандон хоҳиш менамоянд, ки дар вақти мусодираи амволи ӯ зарари ба онҳо расонидашуда барқарор карда шавад.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиши пешакӣ идома дорад.
Аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки агар Б. Р. Ёров бо чунин роҳ ва кирдорҳои ғайриқонунии худ аз онҳо маблағ ситонида ё ба онҳо зарар расонида бошад, метавонанд ба телефони боварии ВКД ҶТ: 221-21-21 ва ё телефонҳои 221-01-49, 222-15-09 занг зананд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад






