Пешниҳоди сарвазири Ироқ

Октябрь 2, 2015 04:14

Душанбе, 02.10.15. (АМИТ «Ховар»). – Сарвазири  Ироқ Ҳайдар  ал – Абадӣ пешниҳод  намуд, ки  қувваҳои  эътилоф  бо  иштироки  Русия  ва  Эрон  дар  муборизаи  зидди  гурӯҳи террористии «Давлати  исломӣ» дар  қаламрави  Ироқ  ҳам истифода  шаванд. Суханони  ин  сиёсатмадор  дар  аккаунт (сабти қайдҳо) —  и  журналисти  шабакаи   телевизионии  France 24 Марк  Перелман  оварда шудаанд.
«Мо  аз  дастгирии  пурраи  ҳарбии  ИМА ҷиҳати  мубориза бо  ДИ бархӯрдор  нестем, барои  мо  эътилофи  васеъ  бо  иштироки  Русия  ва  Эрон  зарур  аст», — гуфт  Ҳайдар  ал – Абадӣ. 
Ба  гуфтаи  сарвазири  Ироқ, президенти  Русия Владимир  Путин  ба  ӯ  гуфтааст, ки  Русия  дар  Сурия зидди  террористон  мубориза  мебарад. «Ман ба ӯ бовар  дорам», — қайд  намуд роҳбари  ҳукумат. Сиёсатмадор изҳор  дошт, ки ба  иштироки  авиатсияи  Русия  дар набарди  ҳавоӣ  дар қаламрави  кишвараш  зидди  ДИ  омодааст. 
Дар ВКХ  Русия ҷавобан  ба  ин  хабар  доданд, ки Маскав дар  сурати расидани дархости  дахлдор  хоҳиши Бағдодро  дар  бораи  ёрии  ҳарбӣ  арзёбӣ  мекунад. 
«Мо  бояд муроҷиати  дахлдори  ҳукумати  Ироқ ё қатъномаи Шӯрои Амниятро, ки қабули он  ба  андозаи   зиёд   вобаста ба  хоҳишу   ризоияти ҳукумати  Ироқ  аст,  дошта  бошем. Матлубияти  ҳам  сиёсию  ҳам  ҳарбӣ вобаста ба мавҷудияти  чунин  асосҳои кифоткунанда  аст», —  гуфт намояндаи  ВКХ Иля Рогачёв,  хабар  медиҳад РИА Новости.

 

Октябрь 2, 2015 04:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон ҳамоиши идона доир шуд