Рӯзномаи мисрӣ: қарори бастани Ҳизби наҳзати исломӣ 10 сол таъхир кард… ихвонулмуслимин дар ҳодисаҳо даст доранд

Октябрь 12, 2015 12:39

Душанбе, 12.10.2015 (АМИТ “Ховар”).- Як соҳибназари тоҷикистонӣ таъкид дошт, ки кишвараш низоми демократиро дар Сарқонуни кишвар навишта, ки  дар он низоми чандҳизбӣ таъкид шудааст. Ва Ҳукумати Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба ягон ҳизб зид ва ё тарафдор намебошад, вале ҳукми ҳизбҳои исломӣ аз дидгоҳи шариат ва ҳадисҳои паёмбар паҳлӯи дигар дорад.

Прокуратураи генералии Тоҷикистон баъд аз ҳукми Суди олӣ, ки дар он Ҳизби наҳзатро “гурӯҳи терористӣ” эълон намуд,  пешвоёни Ҳизби наҳзати исломиро ба тероризм ва шӯриши мусаллаҳона муттаҳам намуд.

Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарияти Ҳизби Наҳзати Исломиро бо терроризм ва шӯриши мусаллаҳона гунаҳгор донист. Ин қарор баъд аз содир шудани ҳукми Суди олии Тоҷикистон нисбати ин Ҳизб ҳамчун  “гурӯҳи терористӣ” қабул гашт. Прокуратураи генералӣ рӯзи 6 октябр барои 23 нафар роҳбарияти сиёсии Ҳизб бо иттиҳоми даст доштан дар шӯриши мусаллаҳона, ки бо сардории собиқ муовини вазири мудофиа Абдулҳалим Назарзода сурат гирифт, ҳукми ҳабс баровард.

Прокуратураи генералӣ мутобиқи моддаи террористӣ, ташкил намудани гурӯҳҳои ҷинояткор, инқилоб, бо роҳи зўроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шӯриши мусаллаҳона ва дигар бандҳои кодекси ҷиноӣ бар зидди боздоштшудагон парвандаи ҷиноӣ кушод.

Ҳизби Исломӣ.. маънои ҷанг бо Исломро дорад

Таҳлил гаримазкур дар суҳбат бо нашрияи “Шабоб-ун-Нил” иброз дошт, ки “Пӯшида нест, ки баъзе аз давлатҳои абарқудрат ва тарроҳони сиёсии онҳо дақиқан дарк кардаанд, ки бо баҳонаи озодӣ ва демократия дар кишварҳои му­салмоннишин, бо фишор ва таҳмил бар болои ин давлатҳо ва бо кумакҳои моддӣ, бо дасти зархаридони дохилӣ, ба хотири заъиф сохтан ва пароканда кардани мусул­монон, таъсис додани ҳизбу ҳаракатҳои сиёсии исломӣ айни муддаост.”

Ӯ гуфт: ”Ин як навъ террори расмӣ ва расидан ба аҳдоф аст. Дар ҳоле, ки онҳо ҳизбҳо ва гуруҳҳои исломиро бо даъвои баробарӣ ва озодӣ дар кишварҳои мусалмоннишин ташкил медиҳанд. Ин ҷо суоле матраҳ мешавад, ки оё давлати исломӣ ба гуруҳҳои исломӣ ниёзманд аст?! Бале, ин чизест, ки соҳибақл онро инкор мекунад”.

Прокуратураи генералии Тоҷикистон амалҳои Абдулҳалим Назарзода ва дигар масъулони амниятиро  хиёнати бузург ва амали терористӣ хонд. Тибқи иттилои расмии Ҳукумати Тоҷикистон бар асари ҳуҷуми мусаллаҳонаи генерал Назарзода ба шуъбаи милитсияи ноҳияи Ваҳдат ва бинои марказии Вазорати мудофиа, ки баъд аз он ба водии Ромит фирор карданд, 22 террорист ва 13 нафар аз қуваҳои  амниятӣ ҳалок гашта, 130 гумонбар дар ин ҳодиса боздошт шуданд. Худи ҳамон рӯз муовини вазири мудофиа аз мақомаш сабукдуш гардид.”

Ҳамсуҳбатамон илова кард:”Давлатҳои абарқудрат ташкил гардидани “ҳизбҳои исломӣ”-ро дар кишварҳои ғайри мусалмоннишин мамнуъ ва ғайриқонунӣ элон доштанд. Мо бо ин андеша розӣ ҳастем, зеро ташкили ҳизбҳои исломӣ дар Ислом асоси шаръӣ надорад. Ин амал на дар Қуръони Карим ва на дар ҳадисҳои паёмбари Худо ва на аз амалҳои салафи солеҳ исбот нагаштааст. Аммо мутаассифона роҳбарони ҳизбҳои исломӣ бо суханони дилкаши худ пайравонашонро дар олами хаёлӣ пай дар пай қарор медиҳанд.”

БИДЪАТИ ҲИЗБҲОИ ИСЛОМӢ

Ҳамсуҳбати мо гуфт: ”Мо таъсиси ҳизбҳои сиёсии исломиро бо далелҳои зайл бидъат ва амри номашруъ медонем.

“- Мабошед аз онҳое, ки дини худро по­ра-пора карда ва худ гурӯҳ-гурӯҳ шуданд ва ҳар гурӯҳе ба он чӣ назди ӯст, хушҳол аст”. Сураи Рум. Ояти 32.

Мутаассифона, ҳизбҳои сиёсии исломӣ ҳаммаслакони худро ба мусалмони комил ва пайравони ҳақиқии ислом ва дигарон­ро ба гумроҳон таъбир ва тақсим карда, дари фитна ва ошӯбро ба рӯи мардум боз ва онҳоро ба қасди ҷони ҳамдигар меан­дозанд. Мо суханро ба дарозо намекашем ва ба хонанда муроҷиат мекунем, ки ба ояти зайл ва ҳадисҳои зерин муроҷиат намо­яд:

Оли Имрон, 105. Анъом. 159. Саҳеҳ Албухорӣ 7054-2697, Саҳеҳ Муслим ҳадиси 1852-1718 “.

Ӯ дар идомаи суханаш гуфт: ”Бузургони асри аввали ислом дар байни мусалмонон аҳзоби исломӣ таъсис накар­данд ва онҳоро ду пора сохта, дар муқобили ҳамдигар нагузоштанд, зеро ҷудоиандозӣ ва тафриқасозӣ ҳаром аст. Ҳазрати Муо­вия 20 сол волии мулки Шом ва 20 сол ха­лифа, ҷамъ 40 сол зимомдори умури мам­лакат буд, аммо касе аз саҳобагон бар муқобили ӯ ҳизб ё созмон ташкил накард.

Ҳатто вақте Ҳаҷҷоҷ Сақафии золим ҳукм меронд, ки расули Худо дар ҳаққаш ҳеҷ як саҳоба дар муқобили ӯ гуруҳбозӣ ва аҳзобе ташкил накарданд, зеро ин кор мусулмононро аз ҳам ҷудо ва пароканда месохт.

Ва ин ҳамон Ҳаҷҷоҷест, ки пайғамбари Худо дар ҳаққаш гуфта буданд:

Бидуни шак дар Сақаф (номи шаҳр) каззоб ва мубире (қотил) бар хоҳад омад.

Мурод Ҳаҷҷоҷ аст, ки дар соли 74-и ҳиҷрӣ яксаду бист ҳазор мусулмонро ба қатл расонд ва Хонаи Худоро бо манҷаниқ хароб кард.”

ИМОМИ АЪЗАМ ҲИЗБ НАДОШТ…

Ӯ илова кард: ”Таълимоти Имоми Аъзам, асосгузо­ри мазҳаби ҳанафӣ, роҳу равиш ба таҳаммулгароӣ ва суботи сиёсӣ ва ҳамбастагии мардумро пеша месозад. Имоми мо ҳеҷ гоҳ дар муқобили халифаи давр Абу Ҷаъфари Мансур гурӯҳ ё ҳизб ташкил накард, то мардумро ба тафриқа наандозад. “

Ӯ гуфт: “Аслан ҳизбҳои сиёсии исломӣ, ки дар корхонаи фитнаистеҳсолкунӣ бо даст ва нақшаи душманони ислом ба вуҷуд меоянд, ҳадафи барҳам задани иттиҳоди мусулмононро дошта, тарҳрезӣ ва роҳандозӣ шуданд. Ис­лом ин амалро бидъат  медонад. Чунонки Имом Бухорӣ дар «Саҳеҳ»-и худ аз Расули Худо ривоят ме­кунад:

— Ҳар кӣ дар шариати мо чизе, ки ҷуз он нест, ворид ва изофа намояд, он чиз мардуд аст.

ПАЯМБАР (С) ЗИДДИ ҲИЗБ (ҶУДОИХОҲӢ) БУДАНД

Паямбари Худо ҳамеша бо мардум бу­данро ба умматони хеш таъкид менамуд. Ашхосеро, ки аз ҷомеа худро канор ги­рифта, андешаи тафриқаандозиро таҳрик мекунанд, аз доираи ислом хориҷ медо­над. Чунонки Имом Аҳмад ва Абу Довуд бо санади саҳеҳ аз Расули Худо ривоят карданд:

— Касе, ки як ваҷаб аз ҷамоат хориҷ ша­вад, ресмони исломро аз гардани худ боз карда, дур андохтааст“.

Нисбати ҳодисаҳои охирон гуфт: “Раёсати ҳизби Наҳзати исломи кишвар, ки ояти 103-и Сураи Оли Имронро дар парчам ва нашрияи ҳизби хеш «Наҷот» шиор қарор додааст, дар мафҳуми «ва ло тафаррақу» (ва пароканда маша­вед) андешаи комил накардаанд, ки бо ин шиор ба мардум худ парокандагӣ ме­оранд? Шарму ҳаё ҳам хуб аст!“

Ӯ илова кард:”Аъзои ҳизби наҳзати ислом бо ин хешро аз ди­гар мусулмонон ҷудо намуда, бо шиорҳои авомфиребона мардумро ба иттиҳод ва ҳамбастагӣ даъват мекунанд. Агар на­фаре, андешаи онҳоро напазирад ва зид барояд, бо ҷудоиандозӣ ва тафриқахоҳӣ муттаҳамаш мекунанд.“

Ӯ ба роҳбари Ҳизби наҳзати исломӣ Муҳиддин Кабирӣ суоле кард: “Хеле мехостем, аз раёсати ин ҳизб суол кунем, ки агар ҳизби сиёсии исломӣ зарурат ва машру­иёти динӣ дошта бошад, чаро хоҷагони шумо дар кишварҳои хеш иҷозаи фаъоли­яти аҳзоби исломӣ, хусусан аҳли суннатро намедиҳанд? Мо ба тамоми шаҳрвандони кишвар муроҷиат намуда, мегӯем, ки чаш­ми хирад боз кунанд ва аз ин фитнаву фитнасозон хешро канор гиранд. Таъли­моти мазҳаби ҳанафия ҳамеша таҳаммул ва хирадро дар ҷои аввал гузошта, мар­думро ба иттиҳоду ҳамбастагӣ даъват ме­кард. На ҳар касе ки аз номи Худо суҳбат мекунад, ба накуӣ даъват мекунад.»

Ҳизби Наҳзат давомдиҳандаи гурӯҳи Ихвониҳо дар Миср мебошад

Ӯ иброз дошт: “Ҳизби наҳзати исломӣ принсипҳои Ихвонулмуслиминро барои худ қонун қарор дода, аз таҷрибаи онҳо барои расидан ба курсии ҳукм истифода бурд. Аммо ниҳодҳои махсус баъд аз пайгирии тамос ва амалҳояшон даст доштани аъзои ин Ҳизбро дар ҳодисаҳои хунини охир кашф карданд. Аз ин рӯ, Суди Олӣ онҳоро “Ҳизби терористӣ-экстримистӣ” эълон намуда, ҳамаи фаъолиятҳои онро манъ кард. Бо вуҷуди он ки мебоист фаъолияти онҳоро 10 сол пештар қатъ менамуданд.”

Ва дар поёни суҳбат иброз дошт: “Ҳукми манъи фаъолияти Ҳизби наҳзати исломӣ бисёр саривақтӣ буда, барои пешгирии нарехтани хуни мардуми бегуноҳ восита гардида, аз такрори таҷрибаи талхи Ихвониҳо бо дасти Ҳизби наҳзат дар Тоҷикисон пешгирӣ намуд”.

Ӯ илова кард: “Прокуратураи генералӣ саривақт дар бораи мамнӯъ намудани ин ҳизб қарор қабул кард,  зеро баъд аз тафтишоти пай дар пай алоқамандии онҳо бо гуруҳи терористии ДИИШ ва ал-Қоида ошкор шуд”.

Рӯзноманигори “Шабоб-ун-Нил» (Миср) д-р. Маҳмуд Саид Диоб

8 октябри 2015

Октябрь 12, 2015 12:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Боку таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Академияи дипломатии Озарбойҷон дар соҳаи маориф ва илм баррасӣ шуд
10 феврал дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи кор бо занон ва оила, Мақомоти шаҳри Душанбе ва Комиссияи олии аттестатсионӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
8 феврал дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ва Консерваторияи миллии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Зимни ҳамоиши ҳизбӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ 200 нафар ятимон ва донишҷӯён бо корти нақлиётӣ таъмин гардиданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон 7 ихтисоси нав таъсис ёфт
Дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дастовардҳои Тоҷикистон дар таҳкими сулҳу амният матраҳ гардиданд
То 1 октябри соли 2025 Лоиҳаи «Барномаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2026-2030» таҳия мегардад
«МЕҲРИ МОДАР». Таҳти ин унвон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон иқдом баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво 12 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Агентии содирот, Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» ва Палатаи савдо ва саноат нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Пагоҳ дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Агентии содирот, Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» ва Палатаи савдо ва саноат нишасти матбуотӣ баргузор мегардад