Садое аз мусулмонони Фарғона

Октябрь 1, 2015 08:54

Душанбе, 01.10.2015. (АМИТ «Ховар»). — Мардуми шарифи Тоҷикистон, Шумо ҳамчун мусулмон ба пешвоёни ҲНИТ, бахусус ба Кабирӣ бовар кардаву аз онҳо пайравӣ менамудед.
Ман, Абдураҳим  Абдужалилов, миллатам ӯзбек, сокини шаҳри Марғелони вилояти Фарғона, солҳои 1991 ва 1992 бо Муҳиддин Кабирӣ дар Донишгоҳи исломии Яман таҳсили динӣ гирифта будем. Миёни донишҷӯён Кабирӣ доимо  ёдовар мешуд, ки ӯ бо тавсия ва роҳнамоии устодаш С. Нурӣ ба ин донишгоҳ омадааст. Дар таҳсил ва умуман миёни муҳассилин он қадар фаъол ва шуҳратманд набуд.
Пас аз хатми Донишгоҳ мо умуман ҳамдигарро надидаем. Баъди раиси ҳизб интихоб шудани Кабирӣ, ман чандин маротиба  кӯшиш кардам, ки бо ӯ вохӯрӣ намоям, вале ин кӯшишҳои ман амалӣ нагардид. 
Рӯзҳои наздик вақте ман дар ВАО хабар ёфтам, ки Кабирӣ ва ҳизби ӯ кушиши табаддулоти давлатӣ кардаанд, беихтиёр қалам ба даст гирифтаму ба мардуми мусалмони тоҷик муроҷиат намудам.    
Дӯстони тоҷики ман, ба ин тоифаи мусулмонҳо, руҳониён ва ҳомиёни ислом ба монанди Муҳиддин Кабирӣ- раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ҳеҷ гоҳ бовар накунед ва аз паси онҳо наравед. Дониста бошед, ки онҳо исломро танҳо ба хотири манфиатҳои шахсию ҳизбии худ истифода мекунанд. Ислом бояд бо сиёсат омехта набошад, сиёсисозии ислом фақат ва фақат барои манфиатҷӯӣ аст. 
Ман як нуктаи муҳимро гуфтанӣ ҳастам, ки Суди Олии Тоҷикистон барои мусулмонон ва халқи тоҷик хизмати бузургеро анҷом дод. Баъди таҳлилҳои холисона ва баррасии амиқ, фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро дар тамоми қаламрави кишвар мамнуъ эълон намуда, роҳбарону пайравони онро ҳамчун террорист ба мардум собит намуд. 
Дар ҳақиқат ҳамаи он рафтору кирдорҳои ғайримусулмонии аъзои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро мушоҳида намуда, ҳамаи мову шумо ҳақиқати ҳолро дарк кардем. Бо имони комил метавон гуфт, ки аз шунидани қарори додгоҳ вобаста ба қатъ кардани фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон тамоми мусулмонони ҳақиқӣ хушнуд гардиданд. Бубинед,  дар дигар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ – Ӯзбекистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Қазоқистон, ки аҳолиашон анқариб пурра мусулмонанд, ҳизби исломӣ вуҷуд надорад, бе ҳизб ҳам мардум эътиқоди динии худро амалӣ месозад ва барои шинохти парвадигор мавҷудияти ҳеҷ ягон ҳизб зарур нест. Бинобар он, қатъ намудани фаъолияти ҲНИТ ва ҳамчун ташкилоти экстремистӣ эътироф намудани он амри воқеӣ ва саривақтӣ мебошад. Ба мусалмонони Тоҷикистон гуфтаниам, ки дурустӣ ва зарур будани ин ташаббусро вақт ва таърих исбот менамояд.   

Бо арзи эҳтиром ва сипоси бепоён ба мардуми мусулмони Тоҷикистон аз номи бандаи камтарини Худо — Абдураҳим  Абдужалилов, сокини шаҳри Марғелони вилояти Фарғона.

Октябрь 1, 2015 08:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд