Шокир Собиров: «Аз имтиёзҳо ва шароитҳои хуб бархурдорем»

Октябрь 12, 2015 06:39

Душанбе, 12.10.2015. (АМИТ «Ховар»).-Раиси Ассотсиатсияи «Тоҷиктабакинтернейшнл» Шокир Собиров аз ҷумлаи соҳибкоронест, ки ҳам дар соҳаи кишоварзӣ-саноатӣ ва ҳам дар бахши сохтмони хонаҳои истиқоматӣ фаъолият мекунад. Хабарнигори АМИТ «Ховар» дар доираи таҷлили нахустин солгарди «Рӯзи соҳибкор» бо соҳибкори ватанӣ Ш.Собиров ҳамсуҳбат гардид.

АМИТ «Ховар»:  Ассотсиатсияи «Тоҷиктабакинтернейшнл» бо кадом мақсад таъсис дода шуда, чӣ муваффақиятҳоро ба даст овардааст?  

Шокир Собиров: Ҳукумати мамлакат оид ба рушди соҳаи тамокупарварӣ барои солҳои 2007-2015 аз соли 2006-ум қарори дахлдор қабул кард ва мо барои мусоидат кардан ва саҳми худро гузоштан дар иҷрои ин қарори Ҳукумат соли 2011 Ассотсиатсияи «Тоҷиктабакинтернейшнл»-ро таъсис додем. Бояд гӯям, ки ассотсиатсияи мо дар ҳудуди шаҳри Панҷакент фаъолият мекунад ва он якчанд хоҷагиҳои деҳқонӣ, ҳамчунин корхонаи коркарди тамокуи шаҳри Панҷакентро муттаҳид сохтааст. Солҳои 80-90-уми асри гузашта соҳаи тамокупарварӣ дар шаҳру ноҳияҳои Панҷакент ба авҷи аълои  тараққиёт расида буд. Бо барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва канда шудани риштаҳои иқтисодӣ миёни ҷумҳуриҳои собиқи шӯравӣ соҳаи тамокупарварӣ дар кишварамон рӯ ба таназзул ниҳод. Мо аз қарори роҳбарияти мамлакат барои эҳёи соҳаи тамокупарварӣ хурсанд шудем ва Ассотсиатсияи «Тоҷиктабакинтернейшнл»-ро таъсис додем, то ин ки сокинони диёри худро бо ҷойҳои корӣ таъмин намоем. Маълум аст, ки барои рушди соҳаи тамокупарварӣ шароити боду ҳавои Панҷакент мутобиқ аст, илова ба ин сокинон дар парвариш ва коркардаи тамоку ҳам замина ва ҳам таҷриба доранд. Солҳои шӯравӣ ба соҳаи тамокупарварӣ дар Панҷакент зиёда аз 35 ҳазор деҳқону коргар машғул буданд. Деҳқонон дар майдони 3-3,4 ҳазор гектар тамоку кишт карда, то 10-11 ҳазор тонна тамоку дар як сол истеҳсол мекарданд. Тамокуи парваришкардаи деҳқонони Панҷакент дар заводи тамокуи Панҷакент коркард мешуд. Дар заводи тамокуи Панҷакент қариб 800 нафар ба кор машғул буданд. Соҳаи мазкур, ки даромаднок буд, сатҳи зиндагии сокинон низ аз парвариш ва коркарди тамоку хуб буд. Маҳсулоти омода кардаи Панҷакент ба ҷумҳуриҳои Молдова, Украина ва Русия интиқол дода мешуд. 
Вақте Ассотсиатсияи «Тоҷиктабакинтернейшнл» таъсис дода шуд, дар Панҷакент ҳамагӣ дар 5-10 га. тамоку кишту парвариш мешуд. Дар давоми 3 соли охир, ки Ассотсиатсияи «Тоҷиктабакинтернейшнл» ба кишту парвариши тамоку машғул гардид, истеҳсоли он солона то 200-250 тонна афзуда шуд.  Майдони кишти тамоку то ба 100 гектар зиёд карда шуд. Дар ассотсиатсия ҳоло зиёда аз 30 нафар бо кори доимӣ фаро гирифта шудаанд. Баъд аз ҷамъоварии ҳосил тамокуро дар корхонаи Панҷакент коркард карда, ба корхонаҳои Русия, ки бо онҳо шартнома дорем, пешкаш мекунем. Бояд гӯям, ки дастгоҳ ва таҷҳизоти корхонаи коркарди тамоку ба шароити имрӯза ҷавобгӯ ва ба талабот мувофиқ нест. Бинобар ҳамин Ассотсиатсияи «Тоҷиктабакинтернейшнл» соли гузашта аз шаҳри Севастопол таҷҳизоти итолиёвиро дастрас намуда, ба корхонаи коркарди тамокуи Панҷакент овард. Ҳоло барои насби ин таҷҳизот ва омода кардани мутахассисон бо шарикони хориҷии худ гуфтушунидҳо дорем.

АМИТ «Ховар»:  Оид ба фаъолияти соҳибкории худ дар бахши сохтмони манзилҳои истиқоматӣ маълумот медодед.

Шокир Собиров: Ассотсиатсияи «Тоҷиктабакинтернейшнл» дар баробари фаъолияти босамар дар бахши тамокупарварӣ, ҳамчунин дар соҳаи сохтмон низ кор мебарад. Аз ҷумла, ширкати мо нахустин шуда  дар шаҳри Панҷакент ба сохтмони биноҳои баландошёна оғоз карда, дар ҳаҷми 150 ҳазор доллари амрикоӣ маблағгузорӣ намуд. Аммо бо сабабҳои гуногун, аз ҷумла, бӯҳрони молиявӣ, ки ба мо низ таъсири манфӣ расонидааст, ҳоло корҳои сохтмонӣ дар биноҳои шашқабатаи истиқоматӣ, ки бунёди онҳоро дар шаҳри Панҷакент оғоз бахшидаем, суст ҷараён доранд. Умед дорем, ки ниятҳои неки худро амалӣ карда, сохтмони биноҳоро ба анҷом расонида, барои сокинон пешкаш созем.

АМИТ «Ховар»:  Шумо рушди соҳаи соҳибкориро дар мамлакат чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

Шокир  Собиров:  Солҳои қаблӣ  соҳибкорон барои он ки ба ягон иқдом даст зананд, маҷбур буданд моҳҳои зиёд мунтазир шаванд, то иҷозати фаъолият бигиранд. Акнун дар давоми се рӯз соҳибкор метавонад ба фаъолияти худ оғоз кунад, ки ин хеле пешравӣ аст. Ҳамчунин имрӯз бо қарори Ҳукумати мамлакат корхонаҳои истеҳсолӣ ба муддати муайян аз пардохти андоз аз фоида озод мебошанд. Чандин имтиёзҳои дигар низ барои соҳибкорони ватанӣ ва хориҷӣ муҳайё шудаанд, ки ин аз таваҷҷуҳи хоси роҳбарияти мамлакат ба рушди соҳибкорӣ шаҳодат медиҳад.

АМИТ «Ховар»: Шояд дар фаъолияти соҳибкорӣ Шумо бо ягон мушкилӣ дучор омада бошед? 

Шокир  Собиров: Не. Хурсандиовар аст, ки соҳибкорони ватанӣ дар ҷавоб ба таваҷҷуҳи неки роҳбарияти мамлакат ба соҳибкорон саҳми арзандаи худро дар пур кардани буҷаи маҳал, рушди бомайлони саноату сохтмони миллӣ мегузоранд. Мо низ дар қатори дигар соҳибкорони маҳаллӣ кӯшиш мекунем, ки дар ободиву шукуфоии сарзамини худ саҳми арзанда дошта бошем. Бояд зикр кунам, ки дар ҷараёни фаъолият баъзе баҳсҳо бо шарикони тиҷоратӣ пайдо мешаванд. Ман ҳамчун соҳибкор ҳаминро мехоҳам гӯям, ки чунин баҳсҳо бояд аз тарафи мақомоти судии босалоҳияти мамлакат сари вақт ва дар муддати кӯтоҳ баррасӣ шуда, ҳалли худро ёбанд. Дигар бо шарофату ғамхории роҳбарияти мамлакат мо, соҳибкорон аз шароит ва имтиёзҳои хуб бархурдор ҳастем.

Октябрь 12, 2015 06:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Вобаста ба фаъолияти китобхонаҳо дар шароити ҷаҳонишавии технологияҳои муосир ҳамоиш баргузор шуд
«КИТОБ БАРОИ МУҲОФИЗОНИ ВАТАН». Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба сарбозон 1000 китоб тақдим намуд
Дар Парки инноватсионии саноатию технологии Дарвоз нӯшоба аз хуч ва чой бо таъми шафтолу истеҳсол мегардад
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони доимии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор мешавад
Африқои Ҷанубӣ бо бузургтарин қатъи неруи барқ дучор шудааст
«КАДБОНУИ БЕҲТАРИН». Дар Кӯлоб даври шаҳрии озмун ҷамъбаст гардид
Ёрии ҳамаҷонибаи дастаи мутахассисони Acıbadem ҳангоми бемориҳои гуногуни асаб
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар шаҳри Норак фестивали «Сад ранги чакан» ҷамъбаст гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Кӯлоб машқҳо ва амалиёти низомӣ доир шуданд
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар таҳкими Артиши миллии Тоҷикистон тавассути омодасозии мутахассисон саҳм мегузорад