Толибон зидди «Давлати исломӣ» мубориза бурданианд

Октябрь 13, 2015 05:00

Душанбе, 13.10.15. (АМИТ «Ховар»).  Тибқи хабарҳои  нав, дар  ҳоли  ҳозир  ҷунбиши шӯришгарони «Толибон» барои  мубориза бо гурӯҳи  «Давлати  исломӣ»  дар  қисми  шарқии  кишвар воҳиди ҷангиро  ташкил  медиҳад.
Дастаҳои  ҷангиён дар  вилоятҳои  шарқии Кунар ва  Нуристон аз ҷумлаи ихтиёриёни  ҷавон, ки  бисёриашон аз хавфу  хатари  ДИ  раҳо ёфтанӣ  шуда  ба   сафҳои  толибон дохил  мешаванд,  таъсис  меёбанд. 
Худи  намояндагони «Толибон»  хабарҳоро  дар  бораи  мавҷудияти ҷузъу  томҳои нав  тасдиқ  намуда, онҳоро «Дастаҳои худмудофиа» унвон  мекунанд.
Вақтҳои охир фаъолияти  толибон  дар  шимоли  кишвар,  аз ҷумла, ҷинояткориҳои  сершумори  онҳо  зидди аҳолии  осоишта  обрӯи ин  ҷунбишро  паст  карда бошад  ҳам, «Толибон» кӯшиш  доранд, ки  обрӯи  худро  аз  ҳисоби  муқобилат  ба «Давлати исломӣ»  баланд бардоранд. 

 

Октябрь 13, 2015 05:00

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд