Абдуғаффори Камол: «Саодати башар дар риояи қонунҳост»
Душанбе, 5. 11. 2015. (АМИТ «Ховар»).- Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсоз ва бахтномаи миллат дар роҳи эъмори давлатдории навини тоҷикон, пайвастани он бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ, таъмини сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон нақши барҷастаи таърихӣ дорад. Бахшида ба 21-умин солгарди қабули Сарқонуни ҶТ бо таҳлилгари масоили сиёсӣ Абдуғаффори Камол суҳбат кардем, ки фишурдаи онро пешкашатон мекунем.
«Ховар»: Мафҳуми ҳуқуқ ва озодии инсонро Шумо чӣ гуна дарк мекунед?
А. Камол: Ҳарчанд ман ҳуқуқшинос нестам, аммо хамчун як шаҳрванд ҳуқуқ ва озодиҳои инсонро чунин дарк мекунам, ки инсон ғайр аз қонун вобастаи касе ё чизе набояд бошад, ғайр аз қонун аз касе натарсад ва ғайр аз қонун ҳеҷ кас назари шахсӣ ва андешаи худро ба ӯ таҳмил карда натавонад. Сарқонун ошкоро овардааст, ки ҳуқуқ ва озодиҳои инсон олитарин арзиш мебошанд. Воқеан ҳамин ҳуқуқу озодиҳоро агар инсон надошта бошад, зиндагияш ягон маънӣ дошта наметавонад.
«Ховар»: Оё ҷавонони тоҷик имрӯз дониши ҳуқуқии кофӣ доранд?
А. Камол: Дониши ҳуқуқии ҷавонони имрӯза дар муқоиса бо солҳои пешин хеле хуб аст, вале ҳанӯз ҳам такмил мехоҳад. Яъне, мо бояд коре кунем, то ҷавонони имрӯза ба ду чиз эътиқод ва бовар пайдо кунанд. Аввал ба ояндаи хуби ин сарзамин ва мамлакат, сулҳу суботи он ва ояндаи дурахшон.
Дуввум, ҷавонон бояд бинонанд, ки имрӯз танҳо бар асоси дониш, таҷриба ва истеъдодҳои шахсӣ метавонанд ба ҷое расанд. Ҷавонон бояд дунболи омӯхтану таҷриба гирифтану сайқал додани худ бошанд, на дунболи дигар чизҳо. Ба андешаи ман аз замоне, ки дохил шудан ба донишгоҳҳо ба шакли тестӣ гузашт, дар Тоҷикистон бисёр қадами бузурге ба адолати иҷтимоӣ гузошта шуд ва мо таъсири онро ба ҷомеа ва ҷавонон мебинем. Агар мо дар ҳамаи самтҳо бо чунин шаффофият ва эътимоднокӣ қадам монем, ҳамин адолати иҷтимоӣ маҳсуб мешавад.
«Ховар»: Имрӯз Тоҷикистон дар риояи қонуну озодии инсон аз кадом давлатҳо метавонад ибрат бигирад?
А. Камол: Пас аз ба даст овардани мустақилият чунин саволҳо хеле зиёд буданд, вале имрӯз ин суол хеле кам ба миён меояд, зеро мо роҳи худро аллакай ёфтаем. Мо кишвари демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд сохтем. Баръакс, имрӯз давлатҳое ҳастанд, ки моро сармашқи худ бар улгуи ояндаи худ қарор медиҳанд. Мо дар ин 24 сол, дар давлатсозӣ чунон таҷриба гирифтем ва бо ин сиёсати дурандешона ва мудаббиронаи Роҳбари давлатамон имрӯз мо ниёзе барои пайравӣ кардан ба давлате надорем, танҳо бояд таҷриба омӯзем. Мо бо ҳамаи давлатҳо робита мекунем, аз таҷрибаи онҳо меомӯзем. Тоҷикистон аллакай роҳи худро ёфтааст, сиёсати миллии худ, ҳатто дипломатияи миллии худро сохтааст ва бигзор дигар давлатҳо аз мо ибрат бигиранд.
«Ховар»: Ба андешаи Шумо мавқеи Конститутсия дар ҷомеаи имрӯза чи гуна аст?
А. Камол: Конситутсия санади асосӣ ва боло бар ҳамаи қонунҳост. Агар он риоя нашавад, ҳеҷ давлате пеш намеравад ва ҳеҷ миллате ба саодат намерасад. Тамоми қонунҳои Тоҷикистон аз Сарқонун сарчашма мегиранд. Барои ҳамин Сарқонун асоси ҳамаи қонунҳо буда, бе Сарқонун давлат мисли нобинои бе асо мебошад. Аз ҳамин сабаб бояд нақши Сарқонун хеле боло бошад. Вақеан Сарқонун бояд ҳамчун як китоби муқаддас эътироф шавад, ҳама онро бидонанд ва риоя кунанд. Саодати башар дар риояи қонунҳост.
Мусоҳиб Лайло Тоирӣ








Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ






