Ахбори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 25, 2015 09:35

Оғози парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба мудири хоҷагии сарраёсати Агентии омори назди Президенти ҶТ дар вилояти Суғд
 
Душанбе, 25.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-Нисбат ба мудири хоҷагии Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Азаматов Бахтиёр Олимович парвандаи ҷиноятӣ оғоз  шуд.
Мудири хоҷагии Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Азаматов Бахтиёр Олимович аз моҳи июли соли 2015 то 20 августи соли 2015 бо роҳи фиреб ба бовари шаҳрванд «А» даромада, давра ба давра аз ӯ барои дар мавсими соли 2015 ба сафари ҳаҷ равон намудани модаркалонаш дар маҷмӯъ 2000 доллари амрикоӣ ва 13800 сомонӣ гирифта, модаркалони шаҳрванд “А”-ро ба сафари ҳаҷ равон накардааст. Азаматов Б.О. бо истифода аз мақоми хизматӣ бо роҳи қаллобӣ маблағҳои аз шаҳрванд “А” гирифтаашро тасарруф намуда, ба шаҳрванд “А” зарари калони моддӣ расонидааст. 6-уми октябри соли 2015 аз тарафи кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба Азаматов Б.О. бо банди “а” қисми 3 моддаи 247 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, Азаматов Б. О. боздошт гардид. Дар рафти тафтишоти пешакӣ зарари расонидашуда, 2000 доллари амрикоӣ ва 13800 сомонӣ аз ҷониби гумонбаршуда Азаматов Б.О. талофӣ карда шуд. Ҳоло  тафтишоти пешакӣ идома дорад.
Дар ин бора аз маркази матбуотии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Бо роҳи сохтакории хизматӣ аз они худ кардани зиёда аз  1 миллион дар вилояти Хатлон

Душанбе, 25.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-Одинаев Ҷумахон Сафарович дар вазифаи сармуҳосиб ва Асроров Сайдхуҷа Порсолович дар вазифаи хазинадори беморхонаи вилоятии шаҳри Кӯлоб ва Мирзокаримов Маҳмуд Пирҷонович дар вазифаи мутахассиси шуъбаи хазинадории Раёсати молияи вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб кор карда, ба тасарруфи молу мулки давлатӣ ва сохтакории хизматӣ даст задаанд. Аз ҷумла, Одинаев Ҷ. С., Асроров С. П. ва Мирзокаримов М. П. бо маслиҳати пешакӣ, барқасдона бо мақсади ғаразнок ва ба даст овардани даромади муфт дар давоми солҳои 2013-2015 аз ҳисоби даромади маблағҳои хизматрасонии пулакӣ ба воситаи сохтакорона тартиб додани расидҳои бонкӣ аз ҳисоби буҷет ба номи хазинаи Беморхонаи вилояти, №2 шаҳри Кӯлоб, дар 211 ҳолат маблағи 1 млн. 240 ҳазору .500 сомониро гирифта азони худ намуда, ба манфиати шахсияшон сарф намудаанд, ки дар натиҷаи бо ин амалҳояшон ба буҷаи давлат ба миқдори махсусан калон зарар расонидаанд. Дар натиҷа гузаронидани амалиёти фаврӣ-тафтишотӣ маблағи 1.240.500 сомонӣ аз гумонбаршудагон ҳамчун далели шайъӣ гирифта шуда, ба буҷет барқарор карда шуд. Нисбат ба Одинаев Ҷ.С., Асроров С. П. ва Мирзокаримов М. П. бо моддаҳои 245 қисми 4 банди “б” ва 323 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда,  ҳоло тафтишоти парвандаи ҷиноятии мазкур идома дорад ва  сабабу шароитҳои содир гаштани ҷинояти мазкур муайян  шуда истодааст.
Дар ин бора аз маркази матбуотии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Боздошти корманди шуъбаи маорифи шаҳри Ваҳдат аз ҷониби кормандони коррупсия

Душанбе, 25.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-Ба иттилои маркази матбуотии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни санҷиши аризаи шаҳрванд “Ғ” муайян карда шуд, ки методисти омодагии дифои ҳарбӣ дар шуъбаи маорифи шаҳри Ваҳдат Турдиев Тоҷиддин Ёрмаҳмадович барои иҷрои амали муайян ба манфиати порадиҳанда, яъне барои аз хизмати ҳарбӣ озод намудани бародараш аз шаҳрванд «Ғ» ба сифати пора маблағи 1000 доллари амрикои талаб кардааст. Санаи 5 ноябри соли 2015 зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷуӣ аз тарафи кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Турдиев Тоҷиддин Ёрмаҳмадович баъди ба сифати пора аз шаҳрванд “Ғ” гирифтани маблағи 1000 доллари амрикоӣ дар ҷои ҳодиса дастгир шуда, далелҳои шайъӣ- маблағи пулӣ дарёфт ва гирифта шуд. Нисбати Турдиев Тоҷиддин Ёрмаҳмадович бо қисми 1 моддаи 319 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтиши пешакӣ идома дорад.

 

Ноябрь 25, 2015 09:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Дарвоз истеҳсоли картошка 3 баробар, сабзавот 5 ва мева 9 баробар афзоиш ёфтааст
РАҚАМИКУНОНӢ. Маркази тамос барои хизматрасонӣ ба нафақагирон тавассути рақами кутоҳи 3900 фаъол гардид
ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Чӣ гуна худ ва атрофиёнро аз чангу ғубор муҳофизат намоем?
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои фоиданокӣ қаламфури булғориро бе коркард, дар шакли тару тоза истифода баред
Дар шаҳри Бӯстон сохтмони корхонаи муосири забҳи парранда идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Бо гузашти 28 сол аҳамияти Ваҳдати миллӣ дар рушди иқтисодии Тоҷикистон бештар эҳсос мешавад
Фаъолияти иҷтимоӣ ва фарҳангӣ яке аз воситаҳои муассири таҳкими ваҳдати миллӣ мебошад
Муовини Раиси ноҳияи Данғара Зуҳро Ҳакимзода: «Мардум ба Пешвои миллат боварӣ ва эътимод дорад»
Тоҷикистон дар партави ваҳдати миллӣ ба сӯи шукуфоии нав қадам мегузорад
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ — ПОЯИ ҲАСТИИ ДАВЛАТ ВА НЕРУИ СОЗАНДАИ МИЛЛАТ. Мулоҳизаҳои ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад