Асъори миллӣ- 15 сол дар муомилот, «Дарди диловарони дилафгор», «Лабрез шуд зи ҷӯши гадо кӯчаҳои шаҳр…» «Ҳелловин ва терроризм», «Ҳиммати тоҷикона» — ва дигар гузоришу мақолаҳое, ки дар матбуоти даврӣ нашр шудаанд
Душанбе, 05.11.2015 (АМИТ «Ховар»). – «Ҷумҳурият»- нашрияи расмии мамлакат, ки дар як ҳафта панҷ маротиба ба нашр мерасад, дар шумораҳои навбатии худ ҳаёти сиёсӣ, мушкилоти иқтисодӣ, навидҳои варзишиву фарҳангиро инъикос кардааст. Шумораи 219-уми «Ҷумҳурият» аз 3-юми ноябри соли равон дар қатори хабару гузоришҳо, мақолаи муфассали Абдулло Ҳабибулло – ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлобро бо номи «Инояти хусравонӣ ва сипоси комронӣ» пешкаши хонандагон кардааст. Муаллиф дар мақолаи мазкур аз тантанаҳои ҷашнӣ ба ифтихори 700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, 70-солагии таъсиси Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва Маркази фарҳангӣ дониста шудани шаҳри Кӯлоб дар миёни давлатҳои ИДМ ёдоварӣ карда, сипоси самимонаи мардуми Кӯлоби бостониро ба Сарвари давлат ва Ҳукумати мамлакат изҳор кардааст. Дар шумораи «Ҷумҳурият» аз 4-уми ноябри соли 2015 аз мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Ҷон Керри хабари муфассал чоп шудааст. «Тоҷикистон раводиди электронӣ ҷорӣ мекунад»- бо ҳамин сарлавҳа мусоҳибаи муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ Раҳмон Озода Эмомалӣ бо хабаргузории «Ховар» низ дар ҳамин шумораи рӯзномаи «Ҷумҳурият» бознашр шудааст. Дар шумораи рӯзи панҷшанбеи «Ҷумҳурият» аз 5-уми ноябри соли равон мақолаҳои таҳлилӣ дар мавзӯъҳои дастгирии соҳибкорон, набудани қарзҳои дарозмуддат бо фоизҳои паст, ҳадафҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ ва механизми иҷрои он пешкаши хонандагон гардидааст.
Нашрияи парлумонии «Садои мардум» аз 30-юми октябри соли равон мақолаи ҷолибро бо номи «Меъмори рамзҳои давлатдорӣ» чоп кардааст, ки он ба муносибати 15 сол дар муомилот будани асъори миллӣ навишта шудааст. Дар мақолаи мазкур Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон – ташаббускор, пешниҳодкунанда ва муаллифи таҳияи асъори миллӣ – сомонӣ, Муродалӣ Алимардон – собиқ раиси Бонки миллӣ, Шариф Раҳимзода – собиқ муовини аввали раиси Бонки миллӣ ва Сайф Раҳимзоди Афардӣ – собиқ раиси Кумитаи телевизион ва радио – хаммуаллифон, омодасозон ва ноширони «Сомонӣ» номида шуданд. Ҳамчунин дар ин шумора идомаи «Тафсири кодекси оила» нашр шуда, аз ҷараёни ҷаласаи навбатии Иҷлосияи дуюми МН гузориши муфассали матбуотӣ пешкаши интихобкунандагон гардидааст. Дар шумораи рақами 148, аз 3-юми ноябри соли равон «Садои мардум» мақолаи Диловари Мирзоро оид ба ҳаёт ва фаъолияти ходими давлатӣ, депутати Шӯрои Олии ҷумҳурӣ дар даъватҳои 5-8 Ҳикмат Рафеъзода бо сарлавҳаи «Зиндаву ҷовид монд» чоп намудааст.
Ҳафтаномаи «Омӯзгор» дар шумораи навбатии худ аз ҷаласаи сайёри Вазорати маориф ва илми мамлакат доир ба вазъи таълиму тарбия, сатҳи дониши хонандагон ва татбиқи барномаҳои давлатӣ дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилояти Бадахшон ҳисобот нашр кардааст. Ҳамчунин дар ин шумораи нашрияи Вазорати маориф ва илм мақолаҳои муаллифон дар бораи қабул шудани Сарқонуни мамлакат таҳти рубрикаи «Бахтномаи миллат» пешкаши хонандагон шудааст.
«Адабиёт ва санъат» — минбари эҷодкорони Тоҷикистон эссеи нависандаи халқӣ Саттор Турсунро бо номи «Дарди диловарони дилафгор» ба нашр расонидааст, ки дар он сухан дар бобати ҳунари нависандагии Фазлиддин Муҳаммадиев (дар мисоли романи «Палатаи кунҷакӣ») ва маҳорати Нодар Думбадзе (дар мисоли романи «Қонуни абадият») меравад. Дар саҳифаи назми ҳафтанома ашъори Муҳтарам Ҳотам ва дар саҳифаи насри он ҳикояи воқеии Атахон Сайфуллоев «Дӯстонро гум макун» пешкаши хонандагон шудаанд. Бахшида ба Рӯзи театри тоҷик, ки 7-уми ноябр ҷашн гирифта мешавад «Адабиёт ва санъат» мусоҳибаи Ортиқ Қодирро бо Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Саодат Азизова ба чоп расонидааст.
Нашрияи ҳизбии «Минбари халқ» аз мулоқоти Президенти мамлакат бо сарони ҳукуматҳои кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди давлатҳои мустақил гузориш нашр кардааст. «Хати наҳсе, ки сабабгори фоҷеа шуд» — мақолаи таърихии Азамат Дӯстов низ дар ин шумораи «Минбари халқ» чоп шуда, аз таърихи кашмакашҳои Афғонистон бо кишварҳои ҳамсоя нақл мекунад.
Рӯзномаи «ИмрӯзNews» дар шумораи навбатии худ аз 30-юми октябри соли равон мақолаи сиёсатшинос Абдуллоҳи Раҳнаморо бо номи «Дини мубини исломро кӣ бадном мекунад?» нашр кардааст. Муаллиф аз ҷумла навиштааст: «Омӯзиш ва таҳлили ҷаҳонбинӣ ва таълимоти онҳо нишон медиҳанд, ки ифротгароёни динӣ на меъёрҳои бузургу инсонпарваронаи дини ислом, балки фаҳмиши тангу торики худро дар бораи ислом ҷорӣ мекунанд». Ба хулосаи муаллиф «Ҳар шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба ин гурӯҳҳои ифротӣ ҳамроҳ мешавад, дар мақсадҳои шум ва фаъолиятҳои зиддидавлатӣ ва зиддимиллии онҳо шарик аст». Дар шумораи рӯзи чоршанбеи «ИмрӯзNews» аз 4-уми октябри соли равон андешаҳои таҳлилгар Фаршед Каримов бо сарлавҳаи «Омилҳои бесуботӣ кадомҳоянд?» чоп шудааст.
Ҳафтаномаи ҷамъиятӣ-иттилоотии «Чархи гардун» мақолаи таҳлилии Лолаи Саидакбарро бо номи «Фоҳишагӣ аз камбағалист?!» нашр карда, ҳамчунин дигар хабару гузориш ва мақолаҳоро пешкаши хонадагон кардааст.
Ҳафтаномаи «Фараж» дар саҳифаи дуввуми худ бо сарлавҳаи «Лабрез шуд зи ҷӯши гадо кӯчаҳои шаҳр…» аз зиёд шудани гадоёну талбандагон, ки кӯчаву хиёбонҳои пойтахтро ба макони пулкоркунӣ қарор додаанд, фоторепортаж чоп кардааст. Мақолаи Саиди Ҳайдар бо номи «Красноярск: Номбардорони миллат» аз кору зиндагии муҳоҷирони корӣ дар Федератсияи Русия нақл мекунад.
Ҳафтаномаи «СССР» оид ба ҳаёт ва зиндагонии генерал Сӯҳроб Қосимов ва полковник Қурбоналӣ Чолов, ки дар қайди ҳаёт нестанд, ёднома нашр кардааст.
«Нигоҳ» — нашрияи созмони ҷамъиятии «Индем» мақолаи Умари Тоҳирро бо номи «Ҳелловин» ва терроризм» ба нашр расонидааст, ки дар он, аз ҷумла омадааст: «Густариши сол ба соли «Ҳелловин» дар Тоҷикистон як амри тасодуфӣ нест, балки аз барномаҳои хоси хадамоти хориҷӣ аст. Ҳелловин бозиҳое дорад, ки одамкушӣ, нӯшидани хун, мурда ва мӯмиёӣ шуданро тамрин медиҳад». Мақолаи «Дипломатияи занонаи Гулбиддини Ҳикматёр» дар таҳияи Фирӯзи Муҳаммад аз сарнавишт ва ояндаи эҳтимолии ин шахси дар Афғонистон маъруф нақл мекунад.
Ҳафтаномаи «Тоҷикистон» бо номи «Ҳиммати тоҷикона» мусоҳибаи худро бо муҳоҷири кории тоҷик Забеҳулло Шафеъзода, ки ҳамёни гумшудаи шаҳрванди Русияро ба соҳибаш расонидааст, пешкаши хонандагон кардааст.