Бадахшон: Парчами миллӣ сари баланди тоҷикон аст!

Ноябрь 24, 2015 05:50

Хоруғ, 24.11.2015.(АМИТ   «Ховар»).-Дар  ҳамкорӣ бо ташкилоти «Созандагони Ватан»  дар Мактаби президентии  шаҳри Хоруғ  ва  Кохи ҷавонони вилояти Бадахшон  бахшида ба ҷашни Парчами миллӣ ҳамоиш доир гардид. Дар он толибилмони мактаб ва  ҷавонони шаҳри Хоруғ иштирок намуда,  дар васфи ин  дирафши  серангаи  миллат  ибрози сухан карданд. Шеъру маърӯзаҳо  перомуни  ин рамзҳои муқаддаси миллӣ   баён гардиданд. Арамбегим Маҳтобшоева, директори мактаби президентӣ гуфт, ки:  «Парчам бузургтарин нишони давлат  ва ифодакунандаи ҳастии он  мебошад ва метавон гуфт, ки парчам сари баланди ҳар як тоҷики рӯи замин аст».  
Ҳамчунин шоир  Ҷонибек Қозибеков дар Тоҷикистон   зимни  ибрози сухан гуфт, ки: «Парчами миллӣ  рамзи ғолибият, муаррификунанди  ҳастии  ҳар халқияту миллату давлат мебошад.  Парчам  талқинкунандаи андешаи миллист». 
Озмунҳое, ки вобаста ба Парчами миллӣ  дар вилояти Бадахшон пешакӣ эълон гардида буданд, ҷамъбаст шуда, ба ғолибон туҳфаҳо супорида шуданд. 

 

Ноябрь 24, 2015 05:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд