Беҳтарин дастаи ҳунарии шаҳру ноҳияҳои Суғд кадом аст?

Ноябрь 11, 2015 09:26

Душанбе, 11.11.2015. (АМИТ «Ховар).- Бо мақсади дарёфти истеъдодҳои ҷавон шурӯъ аз моҳи апрели соли равон дар вилояти Суғд озмуни беҳтарин дастаи ҳунарии шаҳру ноҳияҳои вилоят ҷараён дорад.
То имрӯз дар Маҷмааи таърихиву фарҳангии Қалъаи Хуҷанд аз ҷониби ҳунармандони 17 шаҳру ноҳияи вилоят барномаҳои ҷолиби фарҳангӣ пешкаши тамошобинон гардонида шуданд. Ин навбат ҳунармандони шаҳри Хуҷанд дар Театри наврасон ва ҷавонони ба номи Одилҷон Назарови маркази вилоят барномаи омоданамудаи хешро намоиш доданд.
Барномаи дастаи ҳунарии шаҳри Хуҷанд низ тибқи шартҳои озмун аз навозиши умумӣ, намоиши либосҳои милии занона ва мардона, суруди якка ва суруди ҳаҷвӣ иборат буд. Ҳамзамон дар барнома аз ҷониби ровиён шеърҳо дар васфи Ватан ва сулҳу ваҳдат қироат шуданд. Баргузории чунин озмунҳо дар баробари дарёфти истеъдодҳои ҷавон ҳамчунин барои рушду нумӯи фарҳанг ва санъати миллӣ заминаи воқеӣ мегузорад.
Бояд гуфт, ки озмун бо дастури  роҳбарияти вилоят роҳандозӣ гардида, дар рӯзҳои наздик ҷамъбаст мегардад. Ба ғолибони озмун барои мақоми аввал 5 ҳазор сомонӣ, ҷои дуюм 3 ҳазор сомонӣ ва барои ҷои сеюм 2 ҳазор сомонӣ мукофот дода мешавад.

Ноябрь 11, 2015 09:26

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад