Дар тирпарронии Орлеани нав 16 нафар ҷароҳат бардошт
Душанбе, 23.11.2015 (АМИТ «Ховар»).-Дар натиҷаи тирпарронӣ дар Орлеани нави (New Orlean) ИМА 16 нафар дар беморхона бистарӣ шуданд. Дар ин бора телевизиони маҳаллии WWL иттилоъ медиҳад.
Тирпарронӣ дар майдоне сурат гирифт, ки он ҷо қариб 500 нафар видеои мусиқавӣ сабт мекарданд. Каме пештар аз ин, дар ин ҷо баромади кӯчагии оркестри мазҳабӣ доир гардид. Шоҳидони ҳодиса нақл кардаанд, ки миёни анбӯҳи одамон ду силоҳбадаст тирпарронӣ мекарданд.
Сардори полиси маҳаллӣ Майкл Харрисон гуфт, ки намояндагони полис дар беморхона бо ҷароҳатбардоштагон суҳбат доранд.
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бар онанд, ки дар ин ҷо муноқишае рух дода, боиси тирпарронӣ шудааст.
Дар бораи фавти ягон нафар дар ин ҳодиса иттилоъ дода намешавад.








Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






