Дар Тоҷикистон реактори ҳастаии «Аргус» фаъол мегардад

Ноябрь 2, 2015 05:28

Душанбе, 02.11.2015 (АМИТ «Ховар»). — Дар ҷаласаи навбатии Ҳукумати мамлакат қарор дар бораи иҷрои «Барномаи давлатии барқарорсозӣ ва истифодаи минбаъдаи реактори таҳқиқотӣ-ҳастаии «Аргус — ФТИ» барои солҳои  2016-2020»  қабул гардид. Мақсади асосии барномаи мазкур барқарор  ва минбаъд бо мақсадҳои осоишта ба манфиати рушди иқтисодиёти Тоҷикистон истифода намудани реактори маҳлулии ҳастаии «Аргус — ФТИ» мебошад.
Хотиррасон бояд кард, ки ҳанӯз соли 1982 бо мақсади иҷрои вазифаҳои муҳиме, ки дар назди иқтисодиёти Тоҷикистони шӯравӣ меистод, қарор қабул гардид, ки дар ҷумҳурӣ маркази таҳлилӣ-ядроӣ таъсис дода шавад. Маркази мазкур мебоист корҳои зиёди таҳлилиро, ки барои соҳаҳои гуногуни илм ва хоҷагии халқи кишвар пешбинӣ гардида буданд, ба анҷом мерасонид. Рушди иқтисодиёти кишвар тақозо менамуд, ки барои пешбурди истеҳсолоти ватанӣ корҳои таҳлилӣ дар самти истеҳсоли моддаҳои тоза, фавқуттоза ва нав, геология, саноати кӯҳӣ, экология ва кишоварзӣ таҳқиқоти таҳлилӣ-ядроӣ ба роҳ монда шаванд.
Рушди минбаъдаи иқтисодиёти Тоҷикистон  дар даврони соҳибистиқлолӣ ба истифодаи технологияҳои муосир сахт алоқаманд мебошад. Вобаста ба ин, ба зиммаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи ба зудӣ барқарор кардан  ва минбаъд бо мақсадҳои осоишта ба манфиати рушди иқтисодиёти Тоҷикистон истифода намудани реактори маҳлулии ҳастаии «Аргус — ФТИ», ки охири солҳои 80-уми асри XX насб гардида, вале корандозӣ нашуда буд, гузошта шудааст.
Зарурати таъмини иқтисодиёт ба чунин навъи корҳои таҳлилӣ боис гардид, ки дар кишвар чунин маркази таҳлилӣ-ядроӣ дар асоси манбаи афканишоти пурқуввати муосир сохта шавад. Ҳамин тавр дар Институти физикаю техникаи ба номи С.У. Умарови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои масоҳати лозимӣ ва иқтидори  кадрии мувофиқ буд, реактори маҳлулии «Аргус», ки метавонад дастаи дорои зичии зиёди нейтрониро истеҳсол намояд, васл шуд. Реактори «Аргус» дастгоҳи сода ва хеле дақиқ буда, аз ҷиҳати экологӣ безарар ва барои аз як ҷой ба ҷойи дигар кӯчонидан имконпазир аст.
Реактори мазкур метавонад таҳлили фаъолнокии то 400 ҳазор унсурро дар тӯли сол дақиқ таъмин намояд. Таҳлили фаъолнокӣ асосан барои соҳаҳои геология, саноати кӯҳкорӣ, кишоварзӣ, ҳифзи муҳити зист, тиб, биология ва саноати химиявӣ зарур аст. Инчунин бо истифода аз реактори «Аргус», ки нурафканиши нейтронӣ дорад, наноплёнкаҳоро низ ҳосил намудан мумкин аст, ки онҳо дар соҳаҳои нанотехнология, тиб, микробиология ва бахшҳои дигар талаботи зиёд доранд.
Солҳои охир маълум гардид, ки истифодаи реактори мазкур махсусан дар соҳаи тиб хеле фоидаовар аст. Ҳоло бо истифода аз ин реактор усули истеҳсоли радионуклид-изотопҳои молибден-99 ва стронсий-99, ки даври нимкоҳишашон якчанд шабонарӯз мебошад, коркард гардидааст ва инрадионуклидҳо барои ташхиси  барвақ¬тии касалиҳои онкологӣ хеле муфиданд ва дар бозори ҷаҳонӣ харидори зиёд доранд. 
Реактори «Аргус» зери назорати МАГАТЭ қарор дорад. Чунин реактор дар ҷаҳон фақат ду то мебошад, ки яке аз он дар Институти  илмӣ-тадқиқотии ба номи Курчатови шаҳри Маскав фаъолият мекунад.
Соли 2014 вазъи техникии реактор мавриди омӯзиш қарор гирифт ва маъл ум гардид, ки барқарорсозии он аз ҷиҳати техникӣ имконпазир аст.
Ҳоло санади зарурӣ доир ба барқароркунии реактори «Аргус» омода гардид ва корҳо дар самти омода намудани асосноккуниҳои дигари техникӣ идома доранд.
Ин реактор метавонад барои рушди илми ватанӣ ва иқтисоди миллӣ саҳмгузорӣ кунад ва қабул гардидани барномаи мазкур метавонад ба барқароркунии реактор мусоидат намояд.
Маблағи зарурӣ барои барқароркунии реактор бо ҷалби маблағҳои сармоягузорӣ пешбинӣ мешавад.
Фаъолияти ин реактор аз ҷиҳати экологӣ комилан безарар аст, зеро намунаи дуюми он дар маркази шаҳри Маскав даҳсолаҳо боз фаъолият дорад ва то ҳол ҳеҷ зараре ба муҳити зисти ин шаҳри бузург наовардааст.

 

Ноябрь 2, 2015 05:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ