Гузориш аз роҳпаймоии идонаи ҷавонон дар кӯчаҳои пойтахт
«Парчами мо рамзи ҳаёти осоишта, ваҳдати ҷовидонаи миллӣ ва умед ба фардои ободи халқи Тоҷикистон аст».
Э.Раҳмон
Душанбе, 24. 11. 2015. (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз ба тирагии ҳаво нигоҳ накарда, пойтахти Тоҷикистон- шаҳри Душанбе симои идона дорад. Аз субҳ сокинони пойтахт, донишҷӯёну мактаббачагон дар кӯчаҳои пойтахт барои роҳпаймоии идона ҷамъ омадаанд. Ҳама дар бар либоси идона ва дар даст парчам доранд.
Бояд гуфт, ки нақлиёти ҷамъиятию шахсӣ ҳам дар ин рӯз намуди идона гирифта, бо парчаму пуфакҳо оро дода шудаанд. Кӯчаю хиёбонҳо ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон пур аз лавҳаву овезаҳоеанд, ки ин гувоҳи ҳисси ватанпарварӣ ва сулҳпарастии тоҷикон мебошад.
Ҳоло донишҷӯёни мактабҳои олию муассисаҳои таълимии пойтахт аз хиёбони Синои пойтахт то назди Боғи парчам ҷамъ шуда, барои гузашти идона тайёрӣ дида истодаанд.
Бино ба гуфтаи омӯзгори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Сафар Иброҳимов имрӯз як гурӯҳ донишҷӯёни соли якуми ин донишгоҳро ба вай вобаста кардаанд: «Маро мутасаддӣ кардаанд, ки субҳи имрӯз донишҷӯёнро ҷамъ намоям. То имрӯз мо ҳар рӯз дар донишгоҳ ва берун аз он бо ду ду гурӯҳи иборат аз 500 ва 1500 донишҷӯй барои таҷлили сазовори ин ид тамрин мекардем. Мо ҳамаи донишҷӯёнамонро бо парчамҳо таъмин намудем. Ҳамаи иштирокдорон бо парчаму лавҳаҳо ва бо ҳисси баланди ифтихор аз рамзҳои миллӣ аз хиёбонҳои пойтахт мегузаранд»,-гуфт Сафар Иброҳимов.
Донишҷӯи соли якуми Донишгоҳи технологӣ Азиз мегӯяд, ки парчами миллӣ- ин ифтихори ҳар шаҳрванди Тоҷикистон аст. «Бояд ҳар ҷавон ифтихори ин миллат бошад ва ба қадри арзишҳои муқаддаси давлатӣ расад»,-илова намуд Азиз.
Дар назди муҷассамаи Абуалӣ ибни Синои пойтахт инчунин донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон бо либосҳои сафеди таббӣ ҷамъ омадаанд. Духтарон дар сар бастаҳои сурҳ, сафед ва сабз доранд, ки рангҳои парчами Тоҷикистонро инъикос менамоянд.
Манижа, донишҷӯи Донишгоҳи тиббӣ бастаи сафед дар сар дорад. «Ин баста як ранги парчами давлатии мо мебошад, яъне ранги сафед- ин бахти сафед ва роҳи сафедро ифода мекунад»,-маънидод кард Манижа.
Бояд гуфт, ки имрӯз аз назди муҷассамаи Абӯалӣ ибни Сино то майдони «Дӯстӣ»- назди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ /Маҷмааи ваҳдат ва эҳёи Тоҷикистон/ роҳпаймоии ҷавонону донишҷӯён гузаронида мешавад.
Ҳамзамон шаҳрдории Душанбе шоми имрӯз ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Наврӯзгоҳи пойтахт бо ҳузури 8 ҳазор сокини пойтахт барномаи идонаи фарҳангиро тарҳрезӣ намудааст. Мавриди зикр аст, ки Парчами давлатӣ дар радифи Сарқонуни асосии кишвар, Нишон ва Суруди миллӣ аз рукнҳои муқаддаси миллӣ маҳсуб шуда, таҷассумгари соҳибистиқлолии кишвар ва ифтихори миллатамон аст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд






