Гузоштани гулчанбар дар назди лавҳаи ёдгории Карин Манн дар Душанбе
Душанбе, 30.11.2015 (АМИТ «Ховар»).- 30 ноябри соли 2015 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ дар чорабиние, ки Сафорати Фаронса дар шаҳри Душанбе бахшида ба ёдбуди Карин Манн баргузор намуд, ширкат варзида, дар назди лавҳаи ёдгории ӯ (дар кӯчаи Карин Манни шаҳри Душанбе) гулчанбар гузошт.
Шаҳрванди Фаронса Карин Манн, собиқ масъули ташкилоти ғайриҳукуматии «Духтурон бидуни марз» аз ҷониби гурӯҳи мусаллаҳи ҷиноятпеша ба гарав гирифта шуда, 30 ноябри соли 1997 дар шаҳри Душанбе кушта шуд.
Баъд аз марги Kaрин Манн марказе, ки моҳи июни соли 1997 дар назди Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе таъсис ёфт, «Маркази роҳнамоии касбии кӯдакон» ба номи Карин Манн номида шуд ва ин ташкилот зиёда аз 17 сол барои манфиати кӯдакони осебпазир фаъолият мекунад. Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз кӯчаҳои шаҳри Душанбе ба номи Карин Манн гузошта шудааст. Дар моҳи июни соли 2007 ба муносибати 10-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ Карин Манн бо ордени «Дӯстӣ»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардидааст.








Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






