Истифодаи нодурусти сарватҳои табиӣ ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст
Душанбе, 20.11.2015. (АМИТ Ховар).- «Тайи солҳои охир бо назардошти тараққиёти илму техника, рушди истеҳсолот ва ҷамъшавии партовҳо, инчунин дар натиҷаи зиёд шудани аҳолӣ, истифодаи нодурусту бесобиқаи сарватҳои табиӣ барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти рӯзгор ва мушкилоту муаммоҳои соҳаи ҳифзи муҳити зист таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ҷалб намудааст ва Ҷумҳурии Тоҷикистон чун ҷузъи ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ аз чунин хатарҳои ҷаҳонӣ дар канор буда наметавонад», -иброз дошт Гулрухсор Тиллоева, сардори маркази экологии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти кишвар зимни ироаи маърӯзаи худ дар мизи муддавари ин ниҳод.
Дар мизи мудаввар ҷараёни иҷрои «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор гирифт.
Иштирокдорон зикр намуданд, ки гарчанде ки аз қабули барнома муддати зиёд нагузашта бошад ҳам, кумита як зумра корҳоро роҳандозӣ намуд. Зимни иҷрои барномаи мазкур дар муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ва донишгоҳу донишкадаҳо фанни экология таъсис гардида, мутахассисони соҳавӣ омода мешаванд, ки ин тамоюл, албатта, натиҷаҳои дилхоҳ ба бор оварда истодааст.
Гулрухсор Тиллоева пешниҳод намуд, ки дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ, маориф, тандурустӣ, зиёиён, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба тамоми муваффақиятҳои шоён ноил хоҳем гашт.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






