Истихроҷи ангишти ватанӣ ба зиёда аз 912 ҳазор тонна расонида шуд

Ноябрь 10, 2015 09:54

Душанбе, 10.11.2015. (АМИТ «Ховар).- Соҳаи саноати ангишт бо дигар соҳаҳои иқтисодиёти ҷумҳурӣ алоқамандии зич дошта, дар рушди хоҷагии халқи ҷумҳурӣ нақши муҳим мебозад ва дар маҷмўъ иқтидори иқтисодии ҷумҳурӣ аз рушди устувори он вобастагӣ дорад. Аз ин рў, дар нақшаи стратегии рушди ҷумҳурӣ ба соҳаи саноати ангишт аҳамияти муҳим дода шудааст.
Мавҷудияти ашёи хом ва захираҳои бойи кашфгардидаи ангишт барои истифодаи васеи ангишт дар соҳаҳои саноат ва энергетика шароит фароҳам овард. Имрўз 208 корхонаи соҳаҳои саноат ва энергетика ангиштро ҳамчун сўзишвории алтернативии технологии ивазкунандаи гази табиӣ истифода мебаранд. Ин тадбир вобастагии иқтисодиёти ҷумҳуриро аз воридоти гази табиӣ ва маҳсулоти нафтӣ  кам намуд. 
Истихроҷи ангишт аз аввали сол то 10 ноябри соли ҷорӣ ба зиёда аз 912 ҳазор тонна расонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида 197 ҳазор тонна зиёд мебошад. Фурӯши ангишт  дар ин давра 835 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.
Мувофиқи маълумоти фаврии вазорату идораҳои дахлдор  муассисаҳои буҷавӣ дар даҳ моҳи соли ҷорӣ  бо назардошти бақияи соли сипаригардида ба миқдори 51 ҳазору 288 тонна ангишт  захира намудаанд, ки 101,8 фоизи талаботи онҳоро ташкил медиҳад.
Захираи ангишт бо назардошти бақияи ангишти соли сипаригардида дар анбор ва нуқтаҳои фурӯши корхонаҳои соҳаи ангишт то 10 ноябр 170 ҳазор  тоннаро ташкил медиҳад. 
Истихроҷи шабонарӯзии ангишт ба ҳисоби миёна 2500-4100 тоннаро ташкил медиҳад, ки муштариён метавонанд аз нуқтаҳои махсуси фурӯши ангишт ва анборҳои корхонаҳои соҳаи ангишт харид намоянд.

Ноябрь 10, 2015 09:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад