Изҳороти Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия
Душанбе, 21.11.2015. (АМИТ «Ховар») — Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия аз он изҳори нигаронии ҷиддӣ менамояд, ки вактҳои охир ҳодисаҳои ҳалокати дастҷамъонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи садамаҳои нақлиётӣ дар шоҳроҳҳои мошингарди вилоятҳои Маскав ва Калуга, ки ба сарҳадоти давлатии Русия бо кишварҳои ҳамҷавори он мепайванданд, зиёд рух медиҳанд. Масалан, дар тӯли ду ҳафтаи охир аллакай бо ҳамин шева 7 шаҳрванди мо ба ҳалокат расиданд.
19 ноябри соли ҷорӣ 4 шаҳрванди Тоҷикистон Расулов Ёрҷон Бойсанович, соли тавалудаш 1985; Тоҳиров Ҳикматулло Мирзоҳаётович, соли таваллудаш 1985; Собиров Абдуманон Ҷумъахонович, соли таваллудаш 1987 ва Қурбонов Давлат Вакилович, соли таваллудаш 1974 дар шоҳроҳи шаҳри Домодедовои вилояти Маскав бар асари як садамаи нақлиётӣ ҷон бохтанд. Соати 23-и шаб мошини тамғаи «Опел»-и ин афрод ба мошини боркаши «Scania» бархӯрда, ҳамагон дар маҳалли ҳодиса фавтиданд.
Аз ин пештар, 16 ноябри соли равон дар як садамаи нақлиётӣ дар вилояти Калуга се шаҳрванди Тоҷикистон ҷон бохтанд. Дар ин ҳодиса
панҷ нафар ба ҳалокат расида буд, ки чор нафараш шаҳрванди Тоҷикистон- Ҷамшед Абдураҳмонов аз ш. Хуҷанд (1980), Абдуаҳад Фаёзов аз н. Бобоҷон Ғафуров (1988) ва Наргиза Маҳмадшоева аз н. Шаҳритус (1975) буданд.
Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия яке аз сабабҳои вуқӯи чунин ҳодисаҳоро дар он мебинад, ки аксарияти ин шаҳрвандон бинобар ба поён расидани муҳлати қайди семоҳаи будубош дар қаламрави Федератсияи Русия бо мақсади убури сарҳад гурӯҳ-гурӯҳ ҷамъ омада, бо
ин мақсад ба сафар мебароянд. Дар бисёр ҳолатҳо ин гуна хизматрасониро ба онҳо дигар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки мошинҳои шахсӣ доранд ва роҳро хуб медонанд, пешкаш менамоянд. Аммо, мушкили асосӣ дар он аст, ки аксарияти ин мошинҳои хизматрасон ва ё бо ибораи худи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик «услуги по пересечению границ» кӯҳнаву фарсуда ва дар ҳолати бади техникӣ қарор доранд. Роҳҳо низ дар ин фасли сарди тирамоҳ-зимистон душворгузару лағжон мебошанд. Гузашта аз ин, ронандагони чунин мошинҳои хизматгузор бинобар дуриву гаронии роҳ аксаран сахт монда шаванд ҳам, ба хотири ҳарчӣ зудтар рафтуомад намудан истироҳат намекунанд. Эҳтимолияти дар сари чанбараки мошин гирифтори хоби ғафлат шудани ронандаҳо низ зиёд аст, ки ин боиси садамаи автомобилӣ ва ҳалокати мусофирон мегардад.
Бинобар ин, Сафорати Ҷумхурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ба шаҳрвандонамон, ки бо ин ният озими гузаргоҳҳои сарҳадӣ мешаванд, муроҷиат намуда, хоҳишманд аст, ки ҳаматарафа худ ва ҳамсафарони хешро эҳтиёт намоянд. Пеш аз сафар ба масъалаҳое, ки дар боло ишораашон намудем, аҳамияти ҷиддӣ диҳанд. Хуб мешуд, дар мавриди озими сафар шуданашон, бо кӣ ва бо чӣ навъи мошин ба роҳ баромаданашон, ҳамчунин оид ба хатсайри сафарашон ба наздикон ва ҳамроҳони хеш маълумот медоданд. Дар баробари ин, аз ҳамватаноне, ки чунин усули хизматрасониро ҳамчун як навъи тиҷорати хизматрасонӣ роҳандозӣ намудаанд, хоҳиш мешавад, ки барои бартараф намудани камбудиҳои ҷиддии корашон, ки боиси ҳодисаҳои нохуши фалокатбор мешаванд, талош варзанд.








МАНФИАТ ВА ХАВФҲОИ ИСТИФОДАИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Мулоҳизаҳои профессор Сайфиддин Давлатзода дар ин мавзуъ
Дар вилояти Суғд ба фаъолони соҳаҳо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба хонандагони ятими шаҳри Роғун либоси мактабӣ ва лавозимоти хониш тақдим гардид
КИТОБ — МУФИДТАРИН ИХТИРОИ БАШАР. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи китоб аст
Сафири Тоҷикистон бо Вазири энергетика ва маъданҳои Салтанати Умон мулоқот намуд
«35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШДИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
БАРОИ АЛОҚА, БАРОИ ОДАМОН, БАРОИ ҶУМҲУРӢ. МегаФон Тоҷикистон дар чоряк асри фаъолият чӣ корҳоро анҷом дод?
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи саноати сабук густариш медиҳанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ. Аз Тоҷикистон ба зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон парвозҳо ба роҳ монда шудааст






