Ҷ. Керрӣ: «Кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки дар ҳамкории 5 кишвари Осиёи Марказӣ ва ИМА ба натиҷаҳои назаррас мушарраф гардем»
Душанбе. 3.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҷон Керрӣ, ки имрӯз ба Тоҷикистон ташриф овард, баъди мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури хабарнигорон андешаҳояшро чунин баён намуд:
«Ман аз вохӯрӣ бо Ҷаноби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят хушҳолам ва дар доираи вохӯрӣ мо якчанд масъалаҳои вобаста ба ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намудем.
Ман барои меҳмондории сатҳи баланд дар шаҳри Душанбе-пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон минатдории худро изҳор менамоям. Аз ҷониби дигар миннатдор аз он ҳастам, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист вазири корҳои хориҷии худ Сироҷиддин Асловро барои иштирок дар ҷаласаи байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ки дар шаҳри Самарқанд баргузор гардид, фиристад.
Мо имрӯз дар сатҳи баланд эътироф менамоем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ як мавқеи хоссаро ишғол мекунад, чунки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон сарҳади аз ҳама дарозтарин дорад.
Дар ин ҷода ман аз номи Ҳукумати ИМА ба шумо бо бовари том мегӯям, ки мо ҳамкории худро ҷиҳати пурқувват намудани масъалаҳои вобаста ба сарҳад давом хоҳем дод. Мо инчунин дар доираи вохӯрӣ оид ба қарори Президенти ИМА ҷаноби Барак Обама нисбат ба нигоҳ доштани қӯшунҳои ИМА дар Афғонистон суҳбат намудем.
Мо дар доираи вохӯрӣ ба якчанд масъалаи дигар эътибори хосса додем, пеш аз ҳама, масъалае, ки мо баррасӣ намудем, ин мушкилоти иқтисодиест, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз бо он рӯ ба рӯ аст. Албатта, ин сабабҳои худро дорад, пеш аз ҳама коҳиш ёфтани иқтисодиёти Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошад ва инчунин мо барои беҳтар намудани дастрасии кишвар ба дигар минтақа ва ҳамгироӣ байни кишварҳои Осиёи Марказӣ суҳбати хосса барпо намудем.
Аз ҷониби дигар мо имрӯз масъалаи сиёсат дар соҳаи энергетика ва қувваи барқро баррасӣ намудем. Мо масъалаи диверсификатсия ё ин ки тавсеаи сарчашмаҳои таъминоти барқ ва энергияро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокима намудем, то дар панҷ соли оянда мо тавонем лоиҳаҳоеро амалӣ намоем, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон имконият диҳанд, ки ҳам аҳолии кишвар ва ҳам Афғонистонро бо энергия таъмин карда тавонад.
Дигар масъалае, ки мо ба он эътибори хосса додем, масъалаи мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм буд. Мо бояд ҳангоми мубориза бар зидди чунин падидаҳо барои таъмин намудани ҳуқуқи инсон ба озодии динӣ кӯшишҳои худро ба харҷ диҳем, то мардум дар ҳаёти сиёсиву ҷамъиятии кишвар ба таври озодона иштирок карда тавонанд. Ман гуфта метавонам, ки ба мувофиқа омадем, ки гурӯҳҳои кории мо дар тамоми масъалаҳое, ки баррасӣ намудем, ҳамкориро давом хоҳанд дод ва мо кӯшишҳои худро ба харҷ медиҳем, то дар натиҷаи ҳамкории байни панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ва ИМА ба натиҷаҳои назаррас мушарраф гардем».








Донишҷӯёни Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор бо шароити хизмати сарбозон шинос шуданд
Муштарии ZET-MOBILE миллионер шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
НИШОНИ ҶАВОНМАРДӢ. Дар ҳошияи асари сиёсатшинос, сиёсатмадор, олим ва адиби нуктасанҷ Саймумин Ятимов
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба татбиқи технологияҳои рақамӣ дар низоми логистикӣ машварат доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии ҳарбӣ- варзишии «Ватанпарвар» доир гардид
«Одамон. Идеяҳо. Ҳаракат». Дар Душанбе нахустин форуми таҷрибаҳои идоракунӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ТАЪСИРИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ БА РУҲИЯИ КӮДАКОН. Ва ё «оҳанро дар гармияш бояд кӯфт»
Соли 2025 шаҳрвандон ва соҳибкорон беш аз 6 миллион амалиёти ғайринақдиро анҷом доданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад






