«Мо муқобили атеизми ҷанговар», «Душанбеву Исломобод наздиктар мешаванд» «Одамон, дарро кушоед, ман бародари шумо ҳастам», «Боз қатл, боз аз дасти афсари рус дар Душанбе» -фишурдаи мақолаҳои матбуоти даврӣ

Ноябрь 12, 2015 05:21

Душанбе, 12.11.2015. (АМИТ «Ховар»). – «Ҷумҳурият» нашрияи расмии мамлакат дар шумораи 223 (10-уми ноябри соли равон), аз ҳаёти сиёсӣ-иқтисодии ҷумҳурӣ, аз ҷумла, мулоқоти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ноиби президенти Бонки ҷаҳонӣ Сирил Мюллер, баргузории Форуми иқтисодии СПЕКА-2015 дар Душанбе, иштироки намояндагони хадамоти геологии Тоҷикистон дар конфронси байналмилалии Финландия ва дигар навгониҳо хабару гузоришҳо чоп карда, ҳамчунин мақолаи муовини сардори раёсати МТС назди Президенти ҶТ Маҳбуба Камоловаро бо номи «Терроризм – мубориза бар зидди онро тақвият бояд дод» пешкаши хонандагон гардонидааст. Дар шумораи 225-уми «Ҷумҳурият» аз 12-уми ноябри соли равон мусоҳибаи пурмуҳтавои муовини якуми раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Саидмурод Фаттоҳзода бо номи «Мо муқобили исломи радикалӣ ва атеизми ҷанговар ҳастем» чоп шудааст. Мақолаи таҳлилии «Савдо омили рушди иқтисод аст» мушкилоти тиҷорату савдои хориҷӣ ва мақолаи таҳлилии «Кадрҳои мо куҷо мешаванд?» аз вазъи бо кор ҷалб нашудани хатмкунандагони муассисаҳои таълимии олӣ ва касбии соҳаи фарҳанг ва санъат ва дар маҷмӯъ, рушди соҳа нақл мекунад.

Нашрияи парламентии «Садои мардум» дар шумораи 152 аз 11-уми ноябри соли равон ҷараёни ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев инъикос кардааст. Ҳамчунин дар ин шумораи нашрия мақолаи муаллифон Раҷаб Раҷабов ва Додарҷон Хуморов бо номи «Нангу номуси миллӣ омили асосии пешрафт мебошад» чоп шудааст.

Ҳафтаномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» мақолаи журналист Сайфиддин Суннатиро бо номи «Душанбеву Исломобод наздиктар мешаванд» чоп кардааст, ки дар он муаллиф аз таърихи таъсиси кишвари Покистон,  музофотҳои он, муваффақиятҳои иқтисодии ин кишвар ва робитаҳои тиҷоратии Тоҷикистону Покистон ба хонандагон маълумот пешниҳод кардааст. Мақолаи «Ду ҳизб ва як сарнавишт» аз пайрави ташкилоти террористии «Ихвон-ул-муслимин» будани собиқ ҲНИТ, робитаву монандиҳои ин ду созмони фаъолияташон дар Миср ва Тоҷикистон расман ва қонунан манъшуда нақл мекунад. 

Рӯзномаи «ИмрӯзNews» дар шумораи навбатии худ аз 11-уми ноябри соли равон таҳти сарлавҳаи «Облава» ва қатли «военкомҳо» хабари муфассал чоп кардааст. Ҳамчунин дар ин шумора аз кушта шудани шаҳрванди Тоҷикистон дар пойгоҳи низомии Русия бо сарлавҳаи «Боз қатл, боз аз дасти афсари рус дар Душанбе» хабар пешкаши хонандагон гардидааст. Дар хабар таъкид шудааст, ки «Ҷониби Русия аллакай талош дорад, ки тафтишоти ин қазияро пинҳон дорад».

Ҳафтаномаи русзабони «AsiaPlus» дар шумораи рӯзи душанбегии худ аз сарнавишти талхи тарбиятгирандагони хонаи кӯдакон, мушкилоти онҳо барои дастрасӣ ба манзили зист мақолаи Манижа Қурбоноваро бо сарлавҳаи «Одамон, дарро кушоед, ман бародари шумо ҳастам» чоп кардааст.

 Ҳафтаномаи «СССР» низ дар хусуси кушта шудани шаҳрванди Тоҷикистон дар ҳудуди пойгоҳи низомии Русия бо номи «Боз афсарони дивизияи 201 тоҷик куштанд» мақола навиштааст, ки дар он чунин омада: «тафтишот маълум кард, ки ин Ивани маст духтари 22-соларо сароғоз бо ситам лату кӯб ва баъдан таҷовуз кардааст. Сипас барои гум кардани изи ҷиноят духтарро кушта, ҷасадашро ба партовгоҳ партофтааст».

«Нигоҳ» — нашрияи созмони ҷамъиятии «Индем» мақолаи Фаромарзи Фозилро бо номи «Калапатра» ба нашр расонидааст, ки дар он муаллиф аз баста шудани ҲНИТ бо ҳасрату вовайло навиштааст: «ҲНИТ 18 сол ба ин сӯ, аз он рӯзе, ки Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид, чӣ буд? Як хобу хаёл ё воқеият? Ин воқеият, ки дар Тоҷикистон як созмони террористӣ парвариш меёфт, ё дасти дуввуми сулҳ кӯтоҳ шуд?».

Ноябрь 12, 2015 05:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Конибодом ба хонандагон либосҳои мактабӣ ва ашёи хониш тақдим гардид
Дар Душанбе дар мавзуи «Навсозии Чин» конференсия баргузор гардид
Истиқлоли давлатӣ омили калидии сиёсати муваффақи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ аст
МегаФон Тоҷикистон бурди миллион сомонӣ ва туҳфаҳои дигари олиҷанобро доир менамояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Дар Бохтар ба кӯдакони ятим ва ниёзманд либосҳои мактабию лавозимоти хониш тақдим гардид
Дар палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон бо ҳайати Ҷумҳурии Мардумии Чин мулоқот доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 1,9 миллион либоси мактабӣ истеҳсол карда шудааст
ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ. Дар Гулистон давраи мутобиқшавии хонандагони синфи якум идома дорад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Ҳисор ба кӯдакону наврасони ятим либоси мактабӣ ва ашёи хониш тақдим гардид