Мулоқоти Марҳабо Ҷабборӣ бо намояндагони Хазинаи глобалӣ ва Барномаи рушди СММ

Ноябрь 12, 2015 12:24

Душанбе, 12.11.2015. (АМИТ «Ховар»). -Имрӯз  муовини  Сарвазири мамлакат Марҳабо Ҷабборӣ  бо ҳайати намояндагони  Хазинаи глобалӣ  ва Барномаи рушди СММ -менеҷери калони Хазинаи глобалӣ дар давлатҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ Арташес Мирзоян, муовини  намояндаи  доимии Барномаи рушди СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғулом Исҳоқзай ва директори  Барномаи  рушди СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Норимаса Шимамура  мулоқот  кард.
Дар мулоқот масоили марбут  ба ҳамкорӣ  дар  пешгирӣ ва мубориза  бар  зидди   пайдоиши  бемориҳои  норасоии  масунияти бадан, вараҷа  ва  сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳҳои ҳамоҳангсозии  имконоти  ҳамдигарӣ  дар  мубориза  бар  зидди  паҳншавии  ин  бемориҳо  дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон  баррасӣ  шуд.
Тавре  ки таъкид  гардид, бо мусоидати бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Хазинаи глобалӣ ва дигар ташкилоту созмонҳои  шарик  пайдоиши  бемории вараҷа дар байни аҳолӣ  наздик ба нестшавӣ буда,  вазъи мубталоӣ ба  бемории сил низ муътадил гардонида шудааст.
Ҷонибҳо  ҳамчунин оид ба масъалаҳои вобаста ба қарзи бебозгашти   Хазинаи  глобалӣ  дар ҳаҷми 34 миллион доллари амрикоӣ, ки  бо  дархости  Кумитаи  миллии  ҳамоҳангсозии  пешгирӣ ва  мубориза  бар  зидди  бемориҳои  норасоии  масунияти бадан, вараҷа ва сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо гардидааст, табодули афкор намуданд.
Марҳабо Ҷабборӣ  ба роҳбарияти Хазинаи глобалӣ барои ҳамкории босамар бо Тоҷикистон дар давоми 12 сол  ва ба директори Барномаи рушди СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Норимаса Шимамура,  ки ваколатҳояш дар вазифаи роҳбари барнома дар кишвари мо ба  анҷом расидаанд,  барои  фаъолияти  пурмаҳсул  ва  ҳамкории  муфид  изҳори сипосу  минатдорӣ  кард.
Хотиррасон бояд кард, ки роҳбарии Кумитаи миллии ҳамоҳангсозии  пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемориҳои норасоии масунияти бадан, вараҷа ва сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро муовини Сарвазири мамлакат Марҳабо Ҷабборӣ бар уҳда дорад.

Ноябрь 12, 2015 12:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ