Муовинони нави вазири мудофиа таъин гардиданд
Душанбе, 24.11.2015. (АМИТ “Ховар”). — Муовини якум ва муовинони вазири мудофиа, сардори раёсати иктишофи (разведкаи) ҳарбии Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ин вазифаҳо озод карда шуданд.
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Собирзода Эмомалӣ Абдураҳим, ки то ин вақт фармондеҳи Қӯшунҳои хушкигарди Қувваҳои Мусаллаҳ буд, муовини якуми вазири мудофиа-сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ таъин гардид.
Ҳамчунин, бо қарорҳои Ҳукумати мамлакат Ғуломзода Абдулҳошим, Латифзода Асрор Қурбон ва Холзода Солеҳ Ҳусайн муовинони вазири мудофиа таъин карда шуданд.
Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Бобоҷони Абдуқодир фармондеҳи Қӯшунҳои хушкигарди Қувваҳои Мусаллаҳ таъин шуд.
Дар мувофиқа бо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Шарипов Ҷалолиддин Маҳсиддинович сардори раёсати иктишофи (разведкаи) ҳарбии Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуд.
Бо қарорҳои дигари Ҳукумати кишвар Мирзоев Бадриддин Қиёмиддинович муовини сардори Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ оид ба корҳои тарбиявӣ ва Носиров Одилбек Раҳмонович муовини сардори сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ оид ба аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ таъин шуданд.
Инчунин сардорони шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ, шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Восеи вилояти Хатлон, ноҳияи Рӯшони вилояти Бадахшон ва ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе иваз карда шуданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






