Муждаи наку: китоби «Парчам» ба табъ расид
Душанбе, 20.11.2015.(АМИТ «Ховар»). — Дар остонаи Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола 24 ноябр таҷлил мегардад, нашриёти «ЭР-граф»-и Душанбе китоби «Парчам»-ро аз чоп баровард. Доир ба муҳтавои китоби мазкур ва ҷойгоҳи Парчами давлатӣ дар ташаккули ҳувияти миллӣ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва ваҳдату суботи кишвар хабарнигори «Ховар» бо муаллифи китоби «Парчам» Иброҳим Пирназарзода суҳбат анҷом дод:
«Ховар»: Муҳтарам Иброҳим Пирназарзода, дар остонаи Рўзи Парчами давлатӣ китоби Шумо таҳти унвони «Парчам» дар нашриёти «ЭР-граф» ба тозагӣ нашр гардид. Бигӯед, чӣ боис шуд, ки Шумо ба таълифи чунин китоб рўй овардед? Навиштани китоби «Парчам» андешаи шахсии шумост?
«Пирназарзода: Шукронаи истиқлолияти давлатӣ, ки ба туфайли ин неъмати бебаҳо мо ба марҳалаи сифатан нави омӯзишу таҳқиқи арзишҳои таърихиву фарҳангии миллати худ ворид гардидем ва ҳамзамон имконияти васеъ фароҳам омад, ки мероси гаронбаҳои миллиамонро воқеъбинона пешниҳоди мардуми шарифамон намоем.
Дӯст доштан ва эҳтироми самимӣ зоҳир намудан нисбат ба рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла парчам рисолат ва қарзи фарзандии ҳар як фарди соҳибватан, минҷумла мо, хизматчиёни давлатӣ ба ҳисоб меравад. Азбаски парчам моликияти миллист, бинобар ин ҳар як фарди ҷомеаи Тоҷикистон ҳуқуқи парчами ман ё парчами давлати ман гуфтан дорад. Тӯли солҳои охир парафшонии парчами баландпояи мо меҳру муҳаббати самимии мардумро афзун намуда, яке аз омилҳои асосии рушди бахшҳои мухталифи кишвар гардид.
Таваҷҷуҳ ва завқи тамошои сокинону меҳмонон аз ҳар гӯшаи пойтахт ва хусусан сайру гашти шабонаи шаҳрвандон дар атрофи он моро водор намуд, ки доир ба ин рамзи гаронбаҳои фарҳанги миллиамон муаррифиномаеро таҳия ва пешниҳод намоем.
Ба андешаи ман муҳаббат ба Парчами давлатӣ нишонаи муҳаббат ба давлату миллат ва ифтихор аз парчам ҷузъи муҳимми ифтихор аз ватану ватандорӣ мебошад.
Шахси ватандӯстро барои хизмат кардан ба Ватан касе водору маҷбур намекунад. Ӯро танҳо қалбаш барои хизмат ба Ватан маҷбур карда метавонад.
«Ховар»: Каме дар бораи мазмун ва мундариҷаи китоби «Парчам» ба хонандагон иттилоъ медодед?
Пирназарзода: Аслан муҳтавои асосии китоб муаррифии хизматҳои шоёни Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун вориси ғамхори миллат ва парчамбардори он будани ин шахсияти таърихӣ мебошад.
Дар қисмати аввали китоб матни суханрониҳои Президенти мамлакат ҷой дода шудааст, ки дорои маълумоти саҳеҳи таърихиву тадқиқотӣ буда, хонанда бо муҳтавои андешаҳои Роҳбари давлат нисбат ба ин муқаддасоти миллӣ ошно мегардад.
Хонандаи тоҷик аз ин китоб доир ба моҳияти парчаму парчамдорӣ дар масири таърихи пешин ва даврони соҳибистиқлолии кишвар маълумоти муқаддимавӣ хоҳад гирифт.
Ҳамчунин доир ба мафҳуми парчам ва муродифҳои он, тартиби тайёр кардан, истифода намудан ва эҳтиром гузоштан ба парчам, нақши парчам дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқу сохторҳои низомӣ, инчунин оид ба мавқеи ҷаҳонии парчам маълумоти муҳим оварда шудаанд.
Бо нишон додани хизматҳои шоёни Роҳбари давлати тољикон — Эмомалӣ Раҳмон ба насли ояндасози миллат тавсия шудааст, ки барои ноил гардидан ба унвони қаҳрамон чӣ гуна заҳмат кашидан зарур аст.
Дар китоб зикр шудааст, ки баъди саъю талоши ҳазорсола ва дар натиҷаи ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ Роҳбари давлати тоҷикон Парчами миллиро баъди 17 соли соҳибистиқлолӣ бо азму талошҳои бесобиқа ва заҳмати мардуми кишвар баланд афрохта, ба оламиён аз побарҷо будани давлати соҳибистиқлоли тоҷикон паём дод.
Дар бандубасти қисматҳои китоби «Парчам» бо олимону коршиносони шинохтаи кишвар, аз ҷумла Юсуфшоҳи Ёқубшоҳ, Саидмурод Бобомулоев, Нурмуҳаммад Амиршоҳӣ, Саймуддин Додихудоев, Муҳидинзода Раҳматшоҳ, Баҳридин Ализода, Комил Шарифзода, Абдувалӣ Шарифзода ва Абдулло Хоҷаев ҳамкории судманд доштем.
«Ховар»: Китобро ҳамаи хоҳишмандон дастрас карда метавонанд?
Пирназарзода: Аслан нашри китоб орзуи чандинсолаи банда буд ва ба ақидаи таҳиягарон ва гурӯҳи корӣ мо то андозае ба мақсади худ ноил шудем. Теъдоди нашр хеле кам аст, вале мо нақша дорем, ки дар ҳамкорӣ бо нашриёти «Эр-граф» дар кутоҳтарин муддат шумораи зиёдтари онро нашр намуда, ба хонандагони гиромӣ пешкаш намоем.
«Ховар»: Барои таълифи китоб чанд сол заҳмат кашидед?
Пирназарзода: Нашри нисбатан маҳдуди китоби «Парчам» дар доираи ҳидоятҳои Роҳбари давлати тоҷикон — муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2009 ҳангоми ифтитоҳи пояи Парчами давлатӣ бо теъдоди сад адад бо дастгирии Абдуфаттоҳ Мираҳмадов — директори нашриёти «Истеъдод» ба табъ расида буд.
Нашри мукаммали он, яъне китоби имрӯзаи «Парчам» бо дастгирии роҳбари нашриёти «Эр-граф» Суҳроб Раҷабов ба табъ расид, ки барои чунин дастгирии ватандӯстона ба он кас ва аҳли кормандони матбаа изҳори сипос менамоям.
«Ховар»: Парчам яке аз рукнҳои муқаддасоти миллист ва он қудрат дорад барои таҳкими худшиносии миллӣ, ваҳдату ҳамраъйӣ ва якпорчагии Тоҷикистон нақши муассир гузорад. Бо назардошти ин гуфтаҳо оё имкон дорад, ки дар муассисаҳои таҳсилотии кишвар машғулияти омӯзишӣ доир ба Парчами давлатӣ ба роҳ монда шаванд? Назари Шумо ба ин масъала?
Пирназарзода: Албатта, зарур ва ҳатмӣ аст. Ба андешаи ман тарғиби муқаддасоти давлатӣ, аз ҷумла парчам бояд ҳанӯз дар муассисаҳои томактабӣ ба роҳ монда шавад, то ки фарзандони мо аз овони тифлӣ ба муқаддасоти миллиамон меҳру муҳаббат пайдо кунанд.
Тарғибу ташвиқи муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла Парчами давлатии Тоҷикистон, албатта дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ роҳандозӣ шудааст. Хусусан, ҳангоми омӯзиши фанҳои адабиёту таърих, асосҳои давлату ҳуқуқ ва дарсҳои тарбиявӣ омӯзгорони мо ба ин масъалаҳо таваҷҷуҳи хос зоҳир менамоянд. Аз ин рӯ, ки китоби Парчам, ки ба тозагӣ ба табъ расид, метавонад ба онҳо чун як дастурамали муфассал ва маводи фарогири ҳамаи ҷанбаҳои ин рамзи муҳими давлату давлатдории тоҷикони сарфароз хизмат намояд.
Дар ин самт, Вазорати маориф ва илми кишвар ҳамчун масъули таълиму тарбияи насли наврас ҳангоми нашри китобҳои дарсӣ ва таҳияи барномаҳои таълимӣ метавонад барои омӯзиши амиқи ҳар як рамзи давлатӣ соати алоҳида ҷудо намояд.
«Ховар»: Муаррихон таърихи пайдоиши суннати парчамдории миллии тоҷиконро ба даврони Коваи оҳангар рабт медиҳанд. Дар иртибот ба ин, мехостем доир ба таърихи зуҳури парчами миллии тоҷикон каме маълумот диҳед?
Пирназарзода: Мувофиқи пажуҳишҳои таърихиву бостоншиносӣ таърихи парчамдориву парчамбардории халқи мо ҳанӯз аз аҳди бостон, яъне аз давраи давлатдории сулолаҳои Пешдодиён ва Каёниён оғоз шудааст.
Тибқи фарзияи таърихшиносон яке аз парчамҳои куҳани сайёра парчами Даннеброг буда, аз 15 июни соли 1219 то ин ҷониб истифода мешавад. Вале, таърихи парчамбардории Коваи оҳангар нисбат ба парчами зикршуда хеле куҳан буда, рисолати парчамдории тоҷикон сартосари «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсиро фаро гирифтааст ва ба хонанда сабақи бузургӣ ва манзалати дирафшу ливои аҷдодиро меомӯзонад.
Масалан, дар таърихи гузаштаамон Дирафши ковиён парчами машҳуру номдор маҳсуб шуда, аз қадим будани ойини давлатдориву давлатсозии мардуми ориёӣ шаҳодат медиҳад.
Дирафши ковиён аввалин парчами маъруфи аҷдоди тоҷикон эътироф шуда, ҳамчун рамзи ваҳдату истиқлолхоҳӣ, тантанаи адолат, суннати давлатдорӣ ва ягонагии мардумони мо қабул гардидааст.
Ровиёни таърих бар онанд, ки Дирафши ковиён муддати тӯлонӣ мояи ифтихору ғурур ва ифодагари пирӯзиҳои ворисони Фаридун қарор гирифта, то замони суқути давлати Сосониён дирафши давлатӣ ба ҳисоб мерафтааст.
«Ховар»: Дар шароити ҷаҳонишавӣ нақши Парчами давлатиро дар самти ташаккули ҳувияти миллӣ ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
Пирназарзода: Зимнан, бояд гуфт, ки парчам рамзи соҳибистиқлолии миллату давлат буда, ин лавҳа порае аз нангу номус ва ғановати умумимиллии ҳар як шаҳрванди кишвар ба ҳисоб меравад. Ҳар шаҳрванди давлати соҳибистиқлол вазифадор аст, ки парчами давлатиро парчами худ ҳисобида, онро ҳифзу гиромӣ дорад. Мартабаи болотарро ҷойгузин шудани парчами давлатӣ ба ҳар шаҳрванди он вобаста мебошад.
Сухан танҳо сари он аст, ки муқаддас донистани парчам бояд ба таври воқеӣ дар қалби афроди ҷомеа ҷой дода шавад. Бахусус, таваҷҷуҳи наврасон ба ин мафҳуми муқаддас бояд бештар ҷалб шавад. Ҳамон тавре ки наврасону кӯдакон аз хурдӣ муқаддас будани модар, ватан ва китобро эҳсос мекунанд, нисбат ба парчам низ бояд чунин муносибат намоянд.
Наврасон бояд аз саъю талоши мардуми заҳматқарини тоҷик, ки садсолаҳо ба чунин қуллаи баланд бардоштани парчами давлатиро орзу мекарданд, огоҳ бошанд ва моҳияти парафшонии парчамро дар маркази давлати худ дарк намоянд. Яъне, афрохта шудани парчам бо чунин бузургиву баландӣ амали оддӣ набуда, тадбири мазкур дар худ дорои як ҷаҳон фазилату маърифат аст.
Ман фикр мекунам, ки агар расми парчами Тоҷикистонро дар тахтаи синфи мактаб ҷойгир кунанд, хонанда бояд дар мавзӯи моҳият ва мазмуни парчами Тоҷикистон иншои озоди мукаммал навишта тавонад.
Суҳбаторо Марзия Саидзода, хабарнигори АМИТ «Ховар»