Парчам рамзи истиқлолият, ватандорӣ ва соҳибдавлатист
Душанбе, 25.11.2015. (АМИТ «Ховар».).-24 ноябр бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ доир гардид.
Дар ҷамъомад зикр гардид, ки Парчами миллӣ имрӯз чун рамзи давлатдории тоҷикон дар тамоми идораҳои давлатӣ, маъмурӣ, корхонаву муассиса, мактабу таълимгоҳҳо, майдонҳои варзишӣ, ҳуҷраҳои корӣ ва хонаҳои шаҳрвандон мавҷуд аст. Ба ҷой овардани эҳтиром нисбат ба Парчами миллӣ қарзи ҳар як шаҳрванд аст, зеро Парчам рамзи хоссаи истиқлолият, ватандорӣ, соҳибдавлатӣ ва рамзи ҳастии миллат аст.
Имрӯз моро мебояд, ки аз Парчами миллии худ ифтихори тамом дошта бошем, эҳтироми онро ҳамчун нишонаи давлатдории миллӣ, озодӣ ва истиқлолияти Ватан, чун сарвати гаронбаҳои умумимиллӣ ба ҷо орем, қадру манзалат ва нақшу эътибори онро ба фарзандҳои худ ва ҷавонону наврасон талқин намоем.
Ба рамзҳои давлатӣ эҳтиромонона муносибат намудан вазифаи муқаддаси ҳар як фарди ҷомеа буда, қадрдонии онҳо барои ҳар як шаҳрванди Точикистон бояд сарчашмаи ифтихор ва арҷгузорӣ ба давлату давлатдорӣ бошад.








Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






