Пешгӯии ҳавошиносон: рӯзҳои наздиктарин борон намешавад
Душанбе, 16.11.15. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз, 16 ноябр, дар саросари минтақаҳои Тоҷикистон ҳавои камабру бебориш дар назар буда, дар кӯҳсор борон ва дар баъзе ҷойҳои он барф борида, ҳаво рӯзона дар водиҳо 6 — 8 дараҷа гарм шуда, шамол аз самти шимолу шарқ мӯътадил мевазад. Шабонарӯзи 17 ноябр ҳаво камабр шуда, ҳарорати ҳаво шабона 3 — 5 дараҷа ва рӯзона 9 — 11 дараҷа гарм мешавад. Шабонарӯзи 18 ноябр ҳаво шабона 10 — 12 ва рӯзона 12 — 14 дараҷа гарм шуда, шамол аз самти шимолу шарқ мӯътадил мевазад.
19 ва 20 ноябр ҳавои тағйирёбанда ва борони кӯтоҳмуддат дар назар аст. Ҳаво шабона 10 — 12 дараҷа ва рӯзона 12 — 14 дараҷа гарм мешавад.
Дар ин рӯзҳо ҳарорати ҳаво дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ шабона 3 — 4 дараҷа, рӯзона 10 — 12 дараҷа гарм, дар вилояти Хатлон шабона 3 — 5 дараҷа ва рӯзона 9 — 12 дараҷа гарм, дар вилояти Суғд шабона 2 — 3 дараҷа ва рӯзона 8 — 11 дараҷа гарм, дар ғарби ВМКБ шабона 2 — 3 дараҷа ва рӯзона 7 — 9 дараҷа гарм, дар шарқи он шабона 0 — 5 дараҷа хунук ва рӯзона 2 — 4 дараҷа гарм, дар шаҳри Душанбе шабона 3 — 5 дараҷа ва рӯзона 9 — 14 дараҷа гарм мешавад.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






