Р. Аҳмадзода аз коргоҳи ҶДММ «САТН» дидан намуд

Ноябрь 12, 2015 05:38

Душанбе, 12.11.2015. (АМИТ «Ховар).- Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади шиносоӣ  бо фаъолияти коргоҳи ҶДММ «САТН» ба коргоҳи номбурда омад.
Маҳсулоти ин коргоҳ пурра аз пахта буда, фаъолияташ аз коркарди пахта, омода намудани ришта  то маҳсулоти тайёр ба роҳ монда шуда аст. Раиси шаҳри Хуҷанд  ҳангоми мулоқот бо роҳбарияти коргоҳ  зикр намуд, ки тибқи дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон   корхонаҳои саноатӣ бояд ашёи хомро дар дохили кишвар коркард намуда, барои таъмини талаботи истеҳсолкунандагони ватанӣ фаъолият баранд. 
Дар «САТН» 540 корманду мутахассис дар се баст фаъолият намуда, музди маоши миёнаи онхо 1300 сомониро ташкил медиҳад. Ҳаҷми истеҳсолии маҳсулоти тайёр дар корхонаи номбурда дар як рӯз 4,5 хазор дона либосро ташкил медиҳад. Ҳоло 95 фоиз махсулоти тайёр ба кишвархои Аврупо содир мегардад. 
Корхона ба талаботи харидорон ва бозори имрӯза мувофиқ гашта, аз соли 2004 инҷониб фаъолияти бомаром дорад.
Рачаббой Аҳмадзода ба масъулин супориш дод, ки  барои фурӯши махсулоти тайёр дар назди бинои корхона ва маркази шаҳр мағозаи махсус бунёд шуда, маҳсулоти ҶДММ «САТН» ба фурӯш гузошта шавад. 
Дар сурати амалӣ гаштани ин пешниҳод маҳсулоти коргоҳ, аз қабили шим, курта, костюми занона, мардона ва кӯдакона ба харидорон бо нархҳои аз 30 то 60 сомонӣ пешкаш  мешавад.

Ноябрь 12, 2015 05:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид