Радиои Покистон: «Покистон хостори татбиқи барвақтии лоиҳаи CASA-1000 аст»
Душанбе, 13.11.2015. (АМИТ «Ховар»). — Покистон ва Тоҷикистон ба мувофиқа расиданд, ки минбаъд ҳамкориро дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла энергетика, дифоъ, амният, маориф ва фарҳанг тақвият бахшанд. Ин нуқтаро Сарвазири Покистон Муҳаммад Навоз Шариф ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз мулоқот дар Исломобод зимни нишасти матбуотии муштарак таъкид доштанд, иттилоъ медиҳад Радиои Покистон.
Ба гуфтаи Сарвазир, Покистон барои пеш аз муҳлат ба анҷом расонидани лоиҳаи CASA-1000 таваҷҷуҳи калон зоҳир мекунад. Ӯ илова намуд: «Татбиқи лоиҳаи мазкур марҳилаи нав дар муносиботи ҳар ду ҷониб гардида, ба онҳо такони ҷиддӣ мебахшад ва ҳамчунин ба талаботи энергетикии Покистон кумак мерасонад».
Бино ба иттилои Радиои Покистон, Сарвазир диди худро оид ба ҳамсоягии нек баён намуд, ки дар рушди иқтисодию иҷтимоии мардуми Покистону Тоҷикистон аҳамияти муҳим дорад. Ӯ таъкид кард, ки ҳар ду кишвар дар решакан кардани терроризм дар минтақа мавқеи ҳамоҳанг доранд.
Навоз Шариф изҳор дошт: «Мо бо Ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи самтҳои муносибатҳои дуҷонибаро самимона ва судманд баррасӣ карда, доир ба масъалаҳои минтақавӣ ва ҷаҳонии мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули афкор намудем. Мо дар масъалаҳое, ки имрӯз мавриди муҳокима қарор гирифтанд, назари ҳамоҳанг дорем.
«Ҳар ду кишвар оид ба пешбурди сармоягузорӣ ва табодули ҳайатҳо ба мувофиқа расиданд»,-гуфт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва таъкид кард, ки: «ҷонибҳо ҳавасмандии худро дар таҳкими ҳамкории амнияту дифоъ, энергетика, фарҳанг, илм ва технология таъйид намуданд», — мегӯяд манбаъ. Ҳамчунин дар сомонаи Радиои Покистон омадааст: «Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки ҳар ду ҷониб равобити мардуми ду кишварро низ тақвият мебахшанд. Ӯ илова намуд, ки созишномаҳо ва Ёддошти тафоҳуми ба имзо расида марҳилаи нав дар муносиботи миёни ду кишвар хоҳанд буд».








Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






