Рушди бахши энергетикаи кишвар дар Парлумон матраҳ гардид

Ноябрь 27, 2015 11:58

Душанбе, 27.11.2015.(АМИТ «Ховар»).- «Дар кишварамон норасоии неруи барқ дар мавсими тирамоҳу зимистон тақрибан ба  2,5 — 3 млрд кВт соат баробар буда, дар ин давра дар ҷумҳурӣ маҳдудияти истифодаи он ҷорӣ мешавад». Ин матлаб имрӯз зимни баргузории муҳокимаи парлумонӣ «Оид  ба  иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои татбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи истифодаи самараноки захираҳои обии энергетикӣ ва сарфаҷӯии неруи барқ барои солҳои 2012-2016»   баён гардид. Дар муҳокимаи парлумонӣ вакилони Маҷлиси намояндагон ва масъулину намояндагони Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ, ШСХК «Барқи Тоҷик»,  Хадамоти давлатӣ оид ба назорат дар соҳаи энергетика, маркази идораи лоиҳаҳои бахши электроэнергетика, Палатаи ҳисоб, Хадамоти марказии танзими  «Барқи тоҷик» ширкат намуда, доир ба ҳадафҳо ва табиқи барномаи мазкур табодули назар карданд. Зикр шуд, ки барномаи мазкур самтҳои асосии истифодаи самараноки захираҳои обии энергетикӣ, амалӣ намудани нақшаю чорабиниҳо дар бахши самаранокӣ ва сарфаҷӯии энерия, оқилона истифода бурдани неруи барқ ва кам кардани талафоти энергияро фаро гирифта, сиёсати пешгирифтаи давлатро барои  ноил гаштан ба истиқлолияти энергетикӣ муайян месозад. Таъкид гардид, ки яке аз ҳадафҳои асосии ин барнома бартараф намудани эҳтиёҷоти кишвар ба энергияи барқи воридотӣ ба ҳисоб меравад.        
Дар ҷаласа таъкид гардид, ки дар мавсими тобистон, ҷумҳурӣ дорои захираҳои фаровони гидроэнергетикӣ буда, неруи барқ барзиёд истеҳсол мегардад. Бинобар мавҷуд набудани истеъмолкунандагони дохилӣ, новобаста аз имконоти барзиёди истеҳсолӣ, танҳо миқдори муайяни он содирот мешавад. Бо натиҷаҳои 9  моҳи соли 2015 , содирот зиёда аз 1 млрд 215 млн соатро ташкил дода, ҳоло татбиқи як зумра лоиҳаҳо дар ин соҳа барои рушди имкониятҳои содиротии кишвар бахусус дар мавсими тобистон равона шудаанд.  Таъкид гардид, ки дар кишварамон неруи барқ дар системаи энергетикӣ, асосан аз ҳисоби  неругоҳҳои барқи обӣ -92, 4 фоиз ва аз ҳисоби неругоҳҳои барқӣ- ҳароратӣ -7, 6 фоиз истеҳсол мешавад, ки нишондиҳандаҳои истеҳсолии неруи барқ аз захираҳои обӣ ва сӯзишвории воридотӣ ва дохилӣ вобаста буда, дар давоми солҳои охир ба ҳисоби миёна 16, 5 то 17 млрд кВт соатро ташкил медиҳад.  
Зикр шуд, ки яке аз ҳадафҳои барнома аз ҳисоби сармоягузории дохилӣ ва беруна дар баробари таъмиру барқарорсозӣ ва ба истифода додани иқтидорҳои нав ба роҳ мондани сохтмони зеристгоҳҳои баландшиддат ва хаттҳои интиқоли барқи 500 кВ ва 220 кВ мебошад, ки дар ин замина имконияти таъмини боэътимоди неруи барқ дар дохили кишвар ва содироти он ба хориҷи кишвар фароҳам меояд.

 

Ноябрь 27, 2015 11:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Миср бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб Рӯзи Парчами давлатиро ҷашн гирифтанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе чангу ғубор ба амал меояд
ШУКУҲИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамоиши идона доир шуд
Парчами давлатӣ симои Тоҷикистонро чун давлати соҳибистиқлолу соҳибтамаддун дар ҷаҳон муаррифӣ менамояд
Дар Агентии авиатсияи гражданӣ ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон ҷамъомад доир гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Рӯдакӣ нақшаи ҷамъоварии пахта 101 фоиз иҷро гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
«ПАРЧАМИ ТОҶИКИСТОН-РАМЗИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ». Дар Институти астрофизика дар ин мавзуъ ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Бастаҳои интернетии «Одӣ»: осон, мувофиқ, муфид