С.Аслов: Ба мушкилоти терроризми байналмилалӣ бояд на танҳо баҳои дуруст дод, балки ёфтани роҳҳои ҳалли муштарак ва босамари онҳо низ муҳим аст
Душанбе, 28.11.2015 (АМИТ «Ховар»).- «Имрӯз Осиёи Марказӣ бо таҳдидҳои гуногун рӯ ба рӯ мешавад, ки ба онҳо бояд на танҳо баҳои дуруст дод, балки ёфтани роҳҳои ҳалли муштарак ва босамари онҳо низ муҳим аст. Ин, пеш аз ҳама, мушкилоте мебошанд, ки бо таъмини амният ва субот, терроризми байналмилалӣ ва ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷиноятҳои муташаккилона, ифротишавии ҷамъият алоқаманд буда, инчунин масъалаҳоеанд, ки бо таъмини амнияти сарҳади давлатӣ пайванданд.»,- изҳор дошт вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи вохӯрии 6-уми муовинони вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки аз тарафи Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда дар Осиёи Марказӣ ва Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар Душанбе ташкил гардид.
Мувофиқи суханони ӯ баргузории мулоқот дар сатҳи муовинони вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ заминаест, ки метавонад ҳам дар масоили сиёсӣ ва ҳам дар сатҳи коршиносон барои такон додани саъю кӯшишҳои якҷоя мусоидат кунад. Вобаста ба ин, мехостам нақши Маркази минтақавии СММ-ро барои дипломатияи пешгирикунанда махсусан таъкид созам, ки аз замони таъсис шудан дар соли 2007, барои муттаҳид кардани талошҳои давлатҳои минтақа дар бартараф намудани ҳолатҳои бӯҳронӣ ва бо роҳи дипломатияю муколама барҳам задани мухолифатҳо даъват мекунад.
С.Аслов гуфт, ки ҳоло барои ҳар як иштирокдори ин мулоқоти байналмилалӣ масъалаи муҳимтарин таъмини амният ва бехатарии давлатҳою мардумон мебошад.
«Ҳодисаҳои мудҳиши чанде қабл дар Париж ва Бамако рӯйдода, ҳамчунин дигар амалҳои террористӣ, ки мутаассифона, мунтазам ба таври фоҷиавӣ дар ин ё он кишвари ҷаҳон содир мешаванд, аз ҷумла ғасби шаҳри Қундузи Афғонистон, амалҳои террористӣ дар Анқара ва Бейрут, таркишҳо дар масҷидҳои Яман ва Покистон, тарконидани тайёраи Федератсияи Русия дар нимҷазираи Синай ва дигар ҳодисаҳои террористӣ моро маҷбур мекунанд, ки талошҳоямонро ба муқобили хатари ҷаҳонӣ — терроризми байналмилалӣ муттаҳид кунем», — гуфт вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон С.Аслов.
Дар хотимаи суханронии худ вазир таъкид кард, ки имрӯз вақти он расидааст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ муносибатҳои зичу ҳамоҳангро пеш гирад ва роҳҳои беҳтари ҳамкориро барои ҳалли чунин мушкилиҳо пайдо ва истифода намояд, нагузорад, ки барбарияти асримиёнагӣ дар хонаҳои мо содир шаванд.








Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ






