Сафари Маҳмадсаид Убайдуллоев ба Санкт-Петербург

Ноябрь 25, 2015 04:29

Душанбе, 25.11.2015.(АМИТ «Ховар»).-     Субҳи имрӯз ҳайати парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия  сафар кард. Интизор меравад, ки ҳайати палатаи болоии Парлумони Тоҷикистон  дар ҷаласаи Шӯро ва иҷлосияи чилусеюми пленарии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/, кори комиссияҳои доимии он, ҷаласаи шӯро ва иҷлосияи ҳаштуми пленарии Ассамблеяи парлумонии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ /СААД/, ки 26-27 ноябри соли равон дар Санкт -Петербург баргузор мегарданд, иштирок менамояд. 
    Дар сафар раиси Маҷлиси миллиро раисони кумитаҳои палатаи болоии  Парлумони мамлакат Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ, Фарҳод Раҳимӣ, Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ ва узви кумитаи Маҷлиси миллӣ Зикрихудо Самадов ҳамроҳӣ менамоянд.
          Дар доираи чорабиниҳои Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокчии ИДМ ва Ассамблеяи парлумонии СААД  мулоқоти раиси Маҷлиси миллӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев бо роҳбарони парлумонҳо, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ  дар назар дошта шудааст.

 

 

 

Ноябрь 25, 2015 04:29

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд