Шаҳрдори Хуҷанд: Парчами давлатии Тоҷикистон рамзи соҳибдавлатии тоҷикон аст

Ноябрь 23, 2015 12:06

Душанбе, 23.11.2015(АМИТ „Ховар“).- Дар таърихи давлату миллатҳои ҷаҳон рӯйдоду санаҳои муҳиме ҳастанд, ки аҳамият ва мақому манзалати онҳо бо гузашти солҳо ҳамчун сарвати миллӣ баландтар мегардад ва мардумро ба эҳтирому арҷгузорӣ ва ҳифзу густариши ин дастоварду бозёфти гаронбаҳо ҳидояту роҳнамоӣ месозанд. Барои мардуми Тоҷикистони навини соҳибистиқлол  яке аз чунин санаҳои арҷгузорӣ ба таърихи гузаштаи худ, ҳисси миллӣ аз худшиносӣ ва нишон аз ҳисси ифтихори милливу ватандорӣ- ин Рӯзи парчами давлатӣ ба ҳисоб меравад.

Дар ин рӯзҳои пурфайз ва нишотбахш, ки тамоми сокинони Тоҷикистон, аз ҷумла Хуҷанди бостонӣ 24 ноябр Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистонро таҷлил мегиранд, хабарнигори АМИТ “Ховар” дар Суғд оид ба паҳлӯҳо ва заминаи аҳамияти пайдоиши ин рамз барои ҳар як сокини кишварамон бо раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ҳамсуҳбат гардид.

“Ховар”: Муҳтарам раис, мо дар остонаи таҷлили Рӯзи Парчами давлатии ҶТ, ки ҳамасола 24 ноябр таҷлил мегардад, карор дорем. Чун як шаҳрванди кишвар ба назари Шумо, доштани Парчами давлатӣ  барои  ҳар як  мамлакат чӣ муҳимият дорад?

 Р.Аҳмадзода:  — Парчами миллӣ нахустин нишони муқаддаси ҳар кишвару ҳар  халқ ба ҳисоб рафта, он пеш аз ҳама таҷассумгари симои сиёсии ин ё он кишвар мебошад. Баъдан он ифодакунандаи рамзи ҳувият, давлатдорӣ, ягонагии халқҳои як сарзамин, ифтихор, нанг, шарафи ҳар мамлакат ва сокинони он ба шумор меравад. Аз ин рӯст, ки парчами миллии давлатамон аз ҳар яки мо одоби хоссаи муносибатро талаб дорад. Парчами миллӣ рамз аст, рамзи бегазанди ҳастии ҳар як халқ. Имрӯзҳо боиси шарафмандии мост, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пештоқи биноҳои бонуфузтарин созмонҳои байналмилалию ҷаҳонӣ, ки кишвари мо ба онҳо узвият дорад, парафшонӣ мекунад. Ин барҳақ мояи ифтихору рӯҳбаландӣ ва эҳтироми ҳамаи ҳамватанони мо мебошад.    

 Тавре ки огаҳӣ доред, иҷлосияи тақдирсози XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон дар Қасри Арбоб  сохти конститутсиониро дар ҷумҳурӣ аз нав барқарор намуд. Ин иҷлосия ба саҳнаи сиёсӣ сиёсатмадори даврони нав,  сарвари оқилу ҷасур ва дурандеш Эмомалӣ Раҳмонро овард ва ӯ Тоҷикистонро аз вартаи нобудшавӣ раҳонид.

24-уми ноябри соли 1992 Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул намуд ва бо ҳамин кишвари мо соҳиби яке аз рамзҳои асосии давлати соҳибистиқлол гардид.

“Ховар”: Ба андешаи Шумо оё тавассути муқаддасоти давлатӣ, чун нишон, суруди миллӣ ва парчам дар  шахсияти наврасону ҷавонон, ҳамчун насли ояндаи пешбарандаи кишвар  ҳисси ватандӯстиро метавон бедор намуд?

Р.Аҳмадзода:    — Албатта, метавонем, зеро ҷавонон неруи созанда ва ояндаи кишвари соҳибистиқлоламон ҳастанд ва бояд аз таъриху фарҳанг ва арзишҳои миллии худ  огоҳу бархурдор бошанд. Будани парчами давлатӣ аз соҳибистиқлолии кишварамон дарак медиҳад. Доштани парчам- ин далели давлатдорӣ, шукўҳу ифтихор ва нангу номус, нишони ифтихор аз Ватан ва ватандӯстиву  содиқ будан ба сарзамини худ аст. Бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 24-ноябр эълон шудани Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеаест фараҳбахш, ки баргузории он метавонад дар замири ҳар фарди ватандӯст ва сокини Тоҷикистони азиз эҳсоси дӯст доштан ва парастиш кардани ин марзу бумро дучанд намояд.  

Давлатсозӣ ва давлатдории тоҷикон низ таърих ва суннати бисёр қадимӣ дорад. Аҷдоди мо ҳанўз аз замони Каёниён соҳиби дирафше будаанд, ки мавҷудияти давлати онҳоро ифода мекард.
Аввалин парчами қадимии тоҷикон «Дирафши Ковиён» ном дошт, ки он ҳамчун рамзи ваҳдат ва ягонагии давлатдории ориёӣ қабул  мешавад.
Дирафш аз замонҳои қадим нишона ва рамзи муқаддаси ҳар миллату давлат будааст ва ба хотири ҳифзи он фарзандони бузурги миллат ҷонсупориҳо кардаанд.
Хушбахтона, бо шарофати истиқлолияти давлатӣ тоҷикон соҳиби парчами миллӣ, ки таҷассумгари гузаштаи шоён ва ояндаи дурахшони тоҷикон аст, гардиданд. Тавре ки Президенти мамлакат  Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт:  «Рангу аломатҳои Парчам ифодагари воқеияти роҳи таърихии  халқи бостонии мост.  Дар Парчами кишвари мо даъват ба иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ, ҳимояи марзу бум, саъю талош барои эъмори ҷомеаи адолатпарвар ва инсонияту башардӯстии миллати мо таҷассум гардидааст».

“Ховар”:  Шумо ҳамчун роҳбар дар шароити ҷаҳонишавӣ  нақши Парчами давлатиро дар самти ташаккули ҳувияти миллӣ  ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ  чӣ гуна арзёбӣ  мекунед?

Р.Аҳмадзода: Парчами давлатии Тоҷикистон аз рукнҳои муқаддаси миллӣ ба шумор рафта, барои таҳкими худшиносии миллӣ, ваҳдату ҳамраъйӣ ва якпорчагии Тоҷикистон нақши муассир мегузорад, зеро дар ҷаҳони муосир доштани парчами миллӣ ин нишони истиқлолият, яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ ва ваҳдати миллӣ ба ҳисоб рафта, тавассути он ҳар як давлати муосир муаррифӣ мегардад.  Ин ҷо иқтибосе аз гуфтаҳои Сарвари давлат  Эмомалӣ Раҳмон мехоҳам орам: «Парчами миллӣ ифодагари иқболу истиқлол, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми куҳанбунёду фарҳангии мо мебошад».

Аз ин лиҳоз мехоҳам гӯям, ки бигзор Парчами пурҷило ва нурафшони Тоҷикистони соҳибистиқлол дар дилу дидаи ҳар як сокини мамлакат меҳри Ватанро афзунтар намояд ва асрҳои аср дар фазои озоди кишварамон парафшонӣ намояд.

Худ ҳар субҳ вақти ба коргоҳ омадан чашмам ба майдони Парчами давлатӣ, воқеъ дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят меафтад, ки моҳи апрели соли 2014 бо иштироки бевоситаи Сарвари давлат барафрохта шуд,  Дидани он ба ман ҳисси фараҳу ифтихор, ватандориву ватандӯстӣ мебахшад. Гумон мекунам, фараҳу ифтихоре, ки ҳар субҳ ин Парчам ба ман мебахшад, тамоми рӯз роҳнамои ман аст ва бовар дорам, ки ҳар нафари дигари сокини ин диёр низ чунин аст, зеро Парчами миллӣ на танҳо ба мо эҳсоси ифтихор мебахшад, балки неру, бовар ва ғайратеро мебахшад, ки моро ба истиқболи ояндаи неки Ватанамон раҳнамо мегарданд.

“Ховар”:   Вобаста ба таҷлили Рӯзи парчами миллӣ  дар шаҳри Хучанд чӣ тадбирҳо ба назар гирифта шудаанд? 

  Р.Аҳмадзода:  Дар шаҳри Хуҷанд баҳри сазовор ва дар сатҳи баланд таҷлил гирифтани  Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз корҳои муайяни омодагӣ- ташкилӣ ба сомон расонида шуданд. Аз ҷумла,  дар пештоқи биноҳои маъмурӣ, ташкилоту идораҳо ва ҳамчунин дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр   ва нақлиёт  рамзи парчами давлатӣ ва шиору  овезаҳо насб шудаанд.   Инчунин тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд  дар қаламрави шаҳр бахшида ба ин рӯз  чорабиниҳои оммавӣ-сиёсӣ, фарҳангӣ, аз ҷумла  аёдати шахсони ниёзманду собиқадор ва дар ҳамаи муассисаҳои таълимиву фарҳангӣ, чун мактабҳои олӣ,  санъат ва касбӣ-техникӣ бо мақсади эҳтиром  ва қадршиносӣ ба ин муқаддасот  мулоқоту вохӯриҳо, мизҳои мудаввар, конфронсҳои илмию назариявӣ  таҳти унвони “Парчамат парафшон бод, Тоҷикистон”  ҷараён доранд. Дар толорҳои варзишӣ аз рӯи 10 намуд мусобиқоти варзишӣ ҷараён мегиранд.  Ҳамчунин 19 ноябр  дар ҳамаи муассисаву ташкилоти шаҳр Рӯзи ягонаи ахбор дар мавзӯи “Парчам – рамзи давлатдорӣ” гузаронида шуд.      

     Ҳамзамон 24 ноябр бо иштироки зиёда аз 8 ҳазор нафар ҷавонону фаъолон аз даромадгоҳи шаҳри Хуҷанд то маркази он роҳпаймоӣ бо гузаронидани парчами дарозиаш 500 метр таҳти унвони “Сулҳ ба ҳама” ҷараён гирифта, анҷомбахши чорабиниҳои идона дар маҷмааи боғи фарҳангӣ-фароғатии Камоли Хуҷандӣ барномаи калони консертӣ бо иштироки санъаткорони машҳури вилоят мешавад. 

 

 Суҳбаторо  Абдуаҳад Шарифзода

Ноябрь 23, 2015 12:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ ҳамоиш баргузор мешавад
Тавсия: барои алоқа дар Узбекистон маблағ камтар сарф мекунем
Дар соҳили Сирдарё барои истироҳату фароғат шароити хуб фароҳам оварда шудааст
Президенти Тоҷикистон ҳамоиши сатҳи олӣ — муаррифии Даҳсолаи байналмилалии барои илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ)-ро ифтитоҳ намуданд
Дар Хуҷанд Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба ҷудо байни наврасон ҷамъбаст гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 рубли русӣ аз 0.1247 то 0.1240 сомонӣ муқаррар шудааст
Кишоварзони ноҳияи Восеъ дар гармхона бо усулҳои муосир маҳсулот парвариш мекунанд
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон вобаста ба ҳифзи ҳуқуқи соҳибкорон конфронси ҷумҳуриявӣ доир менамояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Имсол дар Тоҷикистон беш аз 37 ҳазор метр корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ гузаронида мешавад