Таҳкими суботи минтақа дар меҳвари мулоқоти Убайдуллоев ва Иброҳимӣ
Душанбе, 27.11.2015.(АМИТ «Ховар»).- Маҳмадсаид Убайдуллоев- раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Санкт-Петербург дар доираи чорабиниҳои Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ бо Абдул Рауф Иброҳимӣ -раиси Волеси Ҷиргаи Ассамблеяи миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Алоуддин Боруҷердӣ, раиси комиссияи Маҷлиси Шӯрои Исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷӣ мулоқот анҷом дод.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо доир ба робитаҳои парлумотӣ ва саҳми парлумонҳои кишварҳо дар густариши ҳамкории бевоситаи тиҷоративу иқтисодӣ, илмию фарҳангӣ ва гуманитарӣ ибрози назар. карданд
Тарафҳо масъалаҳои таъмини амният, пойдории сулҳу субот дар минтақа, зарурати муборизаи дастаҷамъона бар зидди таҳдиду зуҳуроти номатлуби замони муосир, ба монанди терроризми байналмилалӣ, ҷинояткории муташаккилона ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддирро таъкид намуданд.








Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






