Тақвияти ташаккули механизмҳои татбиқи Консепсияи идоракунии рушди маҳал дар конфронси ҷумҳуриявӣ

Ноябрь 25, 2015 09:38

Душанбе, 25.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз, 25 ноябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон конфронси ҷумҳуриявӣ дар  мавзӯи «Роҳҳои татбиқи Консепсияи идоракунии рушди маҳал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» доир гардид.
Мақсади баргузории конфронс шинос намудани роҳбарони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот бо мақсаду вазифаҳо, асосҳои сиёсию ташкилӣ ва ҳуқуқии такмили идораи рушди маҳал, механизм ва марҳилаҳои асосии татбиқи Консепсияи идораи рушди маҳал ва таҳияи таклифу пешниҳодот оид ба роҳҳои татбиқи он арзёбӣ гардид.
Дар конфронс қадамҳои минбаъда оид ба тақвияти ташаккули механизмҳои татбиқи Консепсия ва пайдарпай амалӣ намудани онҳо муҳокима гардида, оид ба татбиқи он дар ҷараёни маърўзаю баромадҳои иштирокдорони чорабинӣ табодули назар сурат гирифт.  
Дар ҷараёни ислоҳот, ки дар бахшҳои гуногуни иқтисодиёти миллӣ амалӣ шуда истодааст, вазифаҳои муҳим ба зиммаи мақомоти маҳаллии низоми идоракунии давлатӣ, аз ҷумла худидоракунии маҳаллӣ вогузор шудаанд. Бо назардошти ин, як қатор ташкилоти мададрасон дар ҷараёни татбиқи лоиҳаҳои худ шарҳ ва таҳлили функсионалии вазъи идоракунии маҳаллиро анҷом додаанд. Дар ин самт Барномаи рушди СММ нақши муҳим мебозад.
Саҳми бонки ҷаҳонӣ дар самти татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ барои такмили низоми идоракунии давлатӣ, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, энергетика, соҳаи кишоварзӣ,обтаъминкунӣ,хоҷагии манзилию коммуналӣ, рушди бахши хусусӣ ва фаъолгардонии нерӯи инсонӣ инчунин назаррас мебошад. Аз ҷониби Намояндагии Иттиҳоди Аврупо, Бонки Осиёгии Рушд, Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID),Ҷамъияти олмонӣ оид ба ҳамкории байналмилалӣ (GIZ), ташкилоти (OXFAM) ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, Вазорати Британияи Кабир оид ба ҳамкории байналмилалӣ (DFID),Созмони Швейтсария оид ба ҳамкории байналмилалӣ, Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA), Барномаи умумиҷаҳонии озуқаворӣ (WFP), Фонди Оғохон дар солҳои ҳамкорӣ бо Тоҷикистон ҷиҳати рушди институтсионалии идораи маҳаллӣ, тақвияти асосҳои молиявию иқтисодии ҷамоатҳо, беҳтар намудани сифати хизматрасониҳо дар мақомоти маҳаллӣ барномаҳои зиёд амалӣ шудаистодаанд, ки дар раванди рушди миллӣ таъсири амиқ доранд.
Дар анҷоми конфронс  лоиҳаҳои қарорҳо пешниҳод ва қабул гардиданд.
Конфронсро Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил намуд.    

Ноябрь 25, 2015 09:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад