Тариқ Иқбол, сафири Покистон: «Замони дастгирии ташаббусҳо расид»

Ноябрь 30, 2015 07:00

Душанбе, 30.11.2015 (НИАТ «Ховар»). —  Мусоҳибаи хабарнигорони АМИТ «Ховар» бо Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Тоҷикистон Тариқ Иқбол Сумро вобаста ба натиҷаҳои сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Исломии Покистон.

АМИТ «Ховар»: Тавре ки маълум аст дар давоми як соли охир  ду маротиба мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф дар сатҳи олӣ баргузор гардид. Дар ҷараёни ин мулоқотҳо 13 санад оид ба ҳамкориҳо имзо шуданд. Дар маҷмӯъ, муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Покистон дар заминаи зиёда аз 50 санади ҳуқуқӣ ва созишномаҳо сурат мегиранд. Вобаста ба ин оё метавон гуфт, ки муносибатҳо миёни Тоҷикистону Покистон ба сатҳи сифатан нав баромадан дорад?

Тариқ Иқбол Сумро: Пеш аз ҳама иҷозат диҳед, ба шумо изҳори миннатдории амиқи худро расонам, чун шумо ба ман имконият фароҳам овардед, ки аз дӯстии Покистону Тоҷикистон сухан гӯям. Воқеан ҳам баргузор шудани ду мулоқот дар сатҳи олӣ дар соли 2015 ва ҳамчунин сафари Сарвазири мо ба Душанбе, ки моҳи июни соли 2014 сурат гирифта буд,  аз авҷ гирифтани ҳамкории ду кишвари ба ҳамдигар бародари мо шаҳодат медиҳад.

Роҳбарони дурандеши ҳар ду кишвар хуб дарк мекунанд, ки имкониятҳои фаровони мутақобилаи истифоданашуда мавҷуд ҳастанд, ки бояд ба нафъи ҳар ду кишвар ва сокинони он истифода бурда шаванд. Ҳамин аст, ки ҳар ду кишвар барои муайян кардани бахшҳои ҳамкорӣ саъю кӯшиш мекунанд, то ин ки муносибатҳои хубу бародаронаи мо рушд гирифта, тақвият ёбанд. Шумо хуб огоҳ ҳастед, ки зимни сафари ба қарибӣ анҷомдодаи Ҷаноби Олӣ, Президент Эмомалӣ Раҳмон ба Покистон боз 7 ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар бахшҳои истирдод, энергетика, саноат, дипломатия имзо шуданд. Имрӯз ҳамкории мо дар доираи даҳҳо созишнома ва ёддоштҳои тафоҳум ҷараён доранд, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳи муносибатҳои дуҷониба мусоидат мекунанд.

АМИТ «Ховар»: Бо таваҷҷуҳ ба он ки ҳамкорӣ дар бахшҳои энергетика ва таъмини амнияти кишварҳои мо аз масъалаҳои муҳимтарин дониста мешаванд, Шумо ояндаи муносибатҳои Тоҷикистон ва Покистонро дар ин самтҳо чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

Тариқ Иқбол Сумро: Тавре ки изҳор кардам, то ҳанӯз захираҳои зиёди мутақобила вуҷуд доранд, ки мебояд онҳоро барои манфиатҳои ҳар ду ҷониб истифода намуд. Дар ин зимн, ба андешаи ман бахши энегетика ояндаи хуб дорад, зеро Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон дорои захираҳои зиёди обӣ-энергетикӣ мебошад. Дар баробари ҳамин Осиёи Ҷанубӣ, аз ҷумла Покистон, бинобар зиёд шудани аҳолӣ ва тараққӣ ёфтани саноат имрӯз ба мушкилоти камбуди нерӯи барқ рӯ ба рӯ шудааст. Вусъат ёфтани ҳамкорӣ миёни ду кишвари бо ҳам бародар, дар бахши энергетика, бо истифода аз хатҳои интиқоли нерӯи барқ, ки сохтмонашон аллакай ба нақша гирифта шудааст, на танҳо ба нафъи ду кишвари мо хизмат мекунад, балки дар маҷмӯъ барои тамоми минтақа манфиатовар мебошад.

Айнан ҳамин тавр, бо назардошти хатарҳои мавҷуда ба амнияти минтақа ва ҷаҳон, ба роҳ мондани саъю кӯшишҳои якҷоя барои таъмин кардани амният дар марзҳои минтақа зарурат дорад. Роҳбарияти ҳар ду кишвари дӯст равшану возеҳ ин мушкилоти амнияту бехатариро дарк мекунанд ва ҷидду ҷаҳд доранд, ки суботу оромӣ ва шукуфоии мардумони мо ва минтақаро таъмин кунанд. Мақомоти амниятии Покистон ва таҷрибаи мо дар ин соҳа яке аз беҳтаринҳо дар ҷаҳон мебошанд. Мо аллакай барои кормандони хадамоти бехатарии Тоҷикистон курсҳои бозомӯзӣ дар бахши мудофиаро пешниҳод кардаем. Ҳамкорӣ дар бахши амният тақозои замони муосир аст ва ман бовар дорам, ки мову шумо шоҳиди устувор гардидани муносибатҳои дуҷонибаи ду кишвар дар ин самти муҳим мешавем.

АМИТ «Ховар»: Дар идомаи савол мехостам, андешаи Шуморо фаҳмам, ки оё вазъи мураккаби Афғонистон ба амалӣ шудани лоиҳаи САSА-1000 дар ояндаи наздик халал намерасонад?

Тариқ Иқбол Сумро: Ҳар ду кишвар, ҳам Тоҷикистон ва ҳам Покистон лоиҳаи CASA-1000-ро аз лоиҳаи бунёдӣ барои устувор намудани муносибатҳои дӯстӣ ва бародарона медонанд. Шумо хуб медонед, ки лоиҳаи CASA-1000 оид ба интиқоли нерӯи барқ аз Осиёи Марказӣ ба Осиёи Ҷанубӣ ҳам барои Қирғизистону Тоҷикистон ва ҳам барои Афғонистону Покистон лоиҳаи ҳаётан муҳим, лоиҳаи фоли нек ва ҳамчун лоиҳаи нишон аз сулҳу суботи минтақа дониста мешавад.

Бо амалӣ шудани лоиҳаи мазкур, Покистон 1000 МВт нерӯи барқро дар фасли гармо аз Тоҷикистон барои қонеъ кардани талаботи худ дар бахши энергетика харидорӣ мекунад. Бо назардошти он ки лоиҳаи CASA-1000 барои ҳама тарафҳо манфиатовар аст, ҳар чор кишвар барои ҳар чи зудтар амалӣ шудани он аҳамияти хосса зоҳир мекунанд. Лоиҳаи мазкур аз тарафи Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ, Бонки исломии рушд, Агентии рушди байналмилалии ИМА (USAID), Вазорати ҳамкории байналмилалии Британияи Кабир (DFID), Агентии рушди байналмилалии Австралия (AusAID) ва як қатор созмонҳои мададрасон дастгирӣ мешавад.

Аз ҳама муҳим он аст, ки амалишавии лоиҳаи CASA-1000 қадами ҷиддӣ барои ифтитоҳи бозори минтақавии нерӯи барқ – оғози лоиҳаи CASAREM хоҳад буд, ки ин дар навбати худ ҳамкории минтақавии Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубиро дар бахши энергетика ба сатҳи баланд мебарорад.

Ба шарофати ҳамкории самараноки ҳама ҷонибҳои манфиатдор, мо ба он муваффақ шудем, ки лоиҳаи CASA-1000-ро то соли 2018 ба анҷом расонем.

Ин ҳама аз он далолат мекунад, ки ҳар чор кишвар таваҷҷӯҳи асосии худро барои саривақт амалӣ шудани лоиҳаи барои ҳар як кишвар фоидаи баробардошта, равона кардаанд.

АМИТ «Ховар»: Ҳузури гурӯҳҳои террористӣ дар минтақа нигарониҳоро ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар Покистон ба бор овардааст. Бигӯед, ки дар мубориза бар зидди унсурҳои терроризми байналмилалӣ кишварҳои мо то кадом сатҳ метавонанд ҳамкории самаранокро роҳандозӣ кунанд?

Тариқ Иқбол Сумро: Шумо медонед, ки баъд аз сар задани ҳодисаи фоҷеавии 11-уми сентябри соли 2001 Покистон дар хатти пеши муборизаи ҷаҳонӣ бар зидди терроризм қарор гирифта буд. Аз он рӯз то ҳоло, мо, ҳамчун миллат, қурбонии бесобиқа додем, то экстремизм ва терроризм дар кишварамон ва минтақа аз беху бун решакан карда шавад. Дар давоми 14 соли охир, мо дар ин ҷанг ҷони даҳҳо ҳазор аскарон ва аз ҷумла сокинони осоиштаро аз даст додем. Террористони бераҳму ноодам ҳатто ба ҷони кӯдакони бегуноҳ дар мактабҳо даст дароз карданд. Иқтисодиёти мо дар ҳаҷми 107 млрд. доллари ИМА талафот дод. Аммо ҳар як ҳамлаи буздилонаи террористон болои сари шаҳрвандони бегуноҳи Покистон азми қатъии моро барои мубориза бар зидди терроризм устувортару бозарба мегардонад.
Мо моҳи июни соли 2014 ба муқобили террористон маҷмӯи амалиёти ҷангиро таҳти номи шартии «Зарб-е-Азб» дар минтақаи сарҳадии Шимолу Ғарби Покистон, ки бо Афғонистон ҳаммарз аст, амалӣ кардем. Ин амалиёти хеле бобарор буд, зеро дар рафти он 3-4 ҳазор террористон нобуд карда шуданд. Дар натиҷаи ин амалиёт ҳамлаҳои террористӣ дар Покистон яку якбора кам шуда, акнун гоҳ-гоҳ содир мешаванд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ қурбониҳои додаи мо ва ҳамчунин ғалабаҳои моро дар муборизаи давомдор ба муқобили терроризм шинохта, эътироф кард. Амалиёти «Зарб-е-Азб» ҳоло ба қисмати ниҳоии худ расида, террористон рӯ ба гурез овардаанд ва кӯшиши пинҳон шудан мекунанд. Аммо мо онҳоро дар куҷое, ки пинҳон шуда бошанд, пайдо карда, нобуд мекунем ва бо хости Худо Покистонро ба кишвари бидуни террор табдил медиҳем.

Дар ҷараёни сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Исломии Покистон Сарвазири мо ва Президенти шумо қатъияти худро барои васеъ кардани ҳамкории муштараки дуҷониба дар ҳама самтҳо изҳор карданд, то дар мубориза бар шарри экстремизм ва терроризм ғолиб омада, ин вабо аз ҳар ду кишвар ва тамоми минтақа абадан нобуд карда шавад.

Васеъ кардани ҳамкории муштараки дуҷониба дар ҳама самтҳо изҳор карданд, то дар мубориза бар шарри экстремизм ва терроризм ғолиб омада, ин вабо аз ҳар ду кишвар ва тамоми минтақа абадан нобуд карда шавад.

АМИТ «Ховар»: Имконияти кушода шудани роҳи мошингард ва роҳи оҳан миёни Тоҷикистону Покистонро ба воситаи дараи Вахон чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

Тариқ Иқбол Сумро: Роҳбарияти ҳар ду кишвар кӯшиш ва ҷидду ҷаҳд доранд, ки имкониятҳои кушодани роҳи мошингард ва роҳи оҳанро миёни Покистону Тоҷикистон
пайдо кунанд. Аз ҷумла роҳи мошингард миёни ду кишвар ба воситаи Афғонистон ва тариқи дараи Вахон низ баррасӣ шуда истодааст. Ман умед мебандам, ки мо метавонем роҳи мошингард ба воситаи дараи Вахонро ифтитоҳ намоем, зеро ин роҳ на танҳо барои ду кишвар, ҳамчунин барои Афғонистон низ манифатовар мебошад.

АМИТ «Ховар»: Мутаассифона, созишномаи қаблӣ дар бораи кушодани хатти ҳавоӣ миёни кишварҳои мо амалӣ нагардид. Мувофиқи иттилои як қатор ВАО-и мо ва Покистон масъалаи кушода шудани хатсайрҳои мустақими ҳавоӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва якчанд шаҳрҳои Покистон, аз ҷумла Исломобод, Лоҳур, Қарочӣ, Файсалобод ва Квейта ҷонибҳо ба  мувофиқат расидааст. Бигӯед, оё ин нақшаҳо амалишавандаанд?

Тариқ Иқбол Сумро: Мехоҳам қайд кунам, ки созишнома дар бораи кушодани хатсайрҳои ҳавоӣ миёни ду кишвар соли 2010 ба имзо расида буд ва ширкати ТоҷикЭйр моҳи июни соли 2012 хатсайри Душанбе-Исломободро роҳандозӣ карда буд, вале бинобар аз нуқтаи назари тиҷоратӣ фоидаовар набудан, парвозҳо дар ин хатсайр қатъ шуданд. Мутобиқи супоришҳои роҳбарияти ҳар ду кишвар ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва идораҳои масъул аз сари нав корҳоро барои дар наздиктарин фурсат барқарор кардани хатсайри мустақими ҳавоӣ оғоз карданд. Ҳоло мо ба ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон якчанд вариантҳои аз ҷиҳати тиҷоратӣ фоиданоки хатсайрҳои ҳавоиро пешниҳод кардем. Ман бовар дорам, ки дар наздиктарин фурсат ин нақшаҳо амалӣ мешаванд.

АМИТ «Ховар»: Бигӯед, ки кадом омилҳо намегузоранд, ки Созишномаи сеҷониба миёни Тоҷикистон, Покистон ва Афғонистон оид ба савдои транзитӣ ба тасвиб расад?

Тариқ Иқбол Сумро: Ҷаласаи нахустини коршиносон дар сатҳи баланд оид ба Созишномаи сеҷонибаи савдои транзитӣ моҳи январи соли 2015 дар Исломобод баргузор гардид. Мулоқоти дуюми коршиносон оид ба ин масъала моҳи апрели соли 2015 дар Душанбе барпо шуд. Қарор шуд, ки ҷаласаи сеюми коршиносон моҳи майи соли 2015 дар Кобул баргузор шавад. Вале то ҳоло ин ҷаласа баргузор нашуд ва мо бесаброна даъвати дӯстони афғонистонии худро дар ояндаи наздиктарин мунтазир ҳастем, то машварату маслиҳатро ба охир расонида, ба марҳалаи ниҳоӣ —  имзои Созишномаи сеҷонибаи савдои транзитӣ ворид шавем.

АМИТ «Ховар»: Суоли охирин. Дар хусуси имкониятҳои зиёд кардани ҳаҷми табодули амвол миёни кишварҳоямон ва истифода шудани бандарҳои Покистон аз тарафи Тоҷикистон чанд сухан бигӯед.

Тариқ Иқбол Сумро: Дар давоми се соли охир ҳаҷми солонаи табодули амвол дар миёни ду кишвар хеле зиёд гардид. Чунончӣ, ҳаҷми табодули амвол соли 2011 ҳамагӣ 15 млн. доллари ИМА буд, соли 2014 ин нишондод ба 89 млн. доллари ИМА афзоиш ёфт. Расидан ба ин нишондиҳандаи баланд ба шарофати кӯшишҳои дуҷониба барои вусъат бахшидан ба соҳаи тиҷорат миёни ду кишвар муяссар шуд. Аммо мо набояд ба ин нишондиҳанда иктифо кунем, зеро то ҳанӯз захираву имкониятҳои зиёди истифоданашуда мавҷуданд, ки бояд сафарбар карда шаванд. Роҳбарияти ду кишвар изҳори хоҳиш карданд, ки ҳаҷми табодули амвол дар давоми се соли оянда то ба 500 млн. доллари ИМА расонида шавад.

Маҳз ба ҳамин мақсад Покистон моҳи октябри соли равон дар Душанбе намоиши маҳсулоти Покистонро таҳти унвони «Истеҳсоли Покистон» баргузор кард. Ҳамчунин, дар рафти сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Покистон Созишнома  дар хусуси таъсис додани Шӯрои иқтисодӣ ба имзо расид, ки нахустин ҷаласаи он дар доираи ҳамин сафари давлатӣ баргузор гардид. Чанде қабл Покистон ба Конвенсияи интиқоли байналмилалӣ — TIR ҳамроҳ шуд, ки ин низ барои афзудани ҳаҷми савдои дуҷониба миёни кишварҳо мусоидат мекунад.

Ман бовар дорам, ки ҳамаи ин ташаббусҳо барои ҳамвор кардани робитаҳои мустақими тӯлонии корӣ миёни ду кишвар замина мегузоранд ва ба ҳамин минвол барои афзудани ҳаҷми табодули амвол миёни ду кишвар дар ояндаи наздик кумак мерасонанд. Вақти он расидааст, ки мо бояд ташаббусҳоро дастгирӣ кунем ва онҳоро барои манфиатҳо ва беҳбудиҳои ду кишвару мардуми бародар равона созем.

АМИТ «Ховар»: Ташаккур

Тариқ Иқбол Сумро: Барои АМИТ «Ховар» муваффақият ва ба кормандони он саломатӣ хоҳонам.

Ноябрь 30, 2015 07:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон гармии ҳаво ба 40 дараҷа мерасад
Дар Душанбе марҳилаи дуюми Лоиҳаи «Тавонмандсозии марказҳои матбуотӣ ва ҳамкории онҳо бо ВАО» оғоз ёфт
Дар вилояти Хатлон гардиши савдои хориҷӣ ба 210,2 миллион доллар баробар гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Кӯдакону наврасони ноҳияи Шаҳринав ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Дар Хатлон ташаббуси вилоятии «Саҳми ман дар ободии Ватан» доир карда мешавад
Беш аз 5 ҳазор ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар маҳал бартараф карда шуд
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ 873 миллион сомониро ташкил дод
Кишоварзони Кӯлоб аввалин маротиба зери плёнка чигит кишт намуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Таърих, фарҳанг, табиат ва меҳмоннавозии мардум вилояти Суғд сайёҳонро бештар ба худ ҷалб намудааст