Вохӯрии Р. Раҳимзода бо муҳоҷирони меҳнатӣ дар Федератсияи Русия
Душанбе, 25.11.2015. (АМИТ «Ховар»).- 24-уми ноябри соли равон, вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар доираи сафари корӣ ба Федератсияи Русия дар шаҳри Маскав бо раисони диаспораҳои тоҷик, муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҳамватанони бурунмарзии шаҳри Маскав, Твер, Краснодар, Перм, Адигея ва дигар минтақаю вилоятҳои ин кишвар вохӯрӣ анҷом дод.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, вазъи ҷинояткорӣ, пешгирии шомилшавии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳизбу ҳаракатҳо ва гурӯҳҳои ғайриқонунии экстремистию террористӣ ва дигар мавзӯъҳои мубрами рӯз мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар вохурӣ вазири корҳои дохилӣ таъкид намуд, ки ҳамеша омодааст, дар ҳамкорӣ бо ҳамватанони бурунмарзӣ барои рафъи мушкилиҳо мусоидат намояд.
Раисони диаспораҳо ва ҷамъиятҳои тоҷикони Федератсияи Русия дар навбати худ изҳор доштанд, ки мо — тоҷикони муқими Русия барои он, ин ҷо заҳмат мекашем, ки падару модар ва зану фарзандонамон дар Ватан зиндагии хуб дошта бошанд. Онҳо таъкид карданд, ки воқеан талошу кӯшиш ва заҳматҳои Сарвари давлат дар роҳи расидан ба мақсадҳои олӣ хеле назаррасанд. Гарчанде аз Ватан дурем, вале ободию шукуфоии диёри азизамонро дидаву шунида, аз ин шахсияти маъруф ва шинохта, Роҳбари давлату миллати соҳибтамаддун ифтихор менамоем, ки дар чанд соли охир Тоҷикистон хеле ободу зебо шуда, ба пешравиҳои чашмрас ноил гардидааст. Мо омода ҳастем барои инкишоф ва боло бурдани нуфузи Тоҷикистони азиз саҳми худро гузорем, изҳор намуданд ҳамватанони бурунмарзӣ.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






